ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТАҲСИЛОТИ ТОМАКТАБӢ. ТАВАҶҶУҲИ ҲУКУМАТ БА ОЯНДАИ КӮДАКОН ТАҚВИЯТ МЕЁБАД

ТАҲСИЛОТИ ТОМАКТАБӢ. ТАВАҶҶУҲИ ҲУКУМАТ БА ОЯНДАИ КӮДАКОН ТАҚВИЯТ МЕЁБАД

21 ноябр 2024, Панҷшанбе
20
0


Таҳсилоти томактабӣ яке аз бахшҳои асосии таълиму тарбия дар соҳаи маориф ба ҳисоб рафта, барои рушди кӯдак муҳити солими инкишофро фароҳам меорад. Ҳукумати мамлакат бо назардошти он ки, зинаи таҳсилоти томактабӣ барои ташаккули қобилияти зеҳнии кӯдакон нақши муҳим мебозад, ба бунёди кӯдакистонҳо эътибори аввалиндараҷа медиҳад. 

Боиси хушҳолии мо – омӯзгорон аст, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҳсилоти томактабӣ таваҷҷуҳи хоса доранд ва ба хотири фарогирии бештари кӯдакон зарурати тезондани сохтмони кӯдакистонҳоро дар шаҳру ноҳияҳо зимни суханрониашон бахшида ба Рӯзи дониш таъкид сохтанд. 
Тибқи иттилои дастрас, айни замон шумораи муассисаҳои томактабӣ ба 720-то расида, дар онҳо зиёда аз 105 ҳазор кӯдак таълиму тарбия мегирад. 
Аммо чуноне Сарвари давлат таъкид доштанд, ҳанӯз ҳам фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ қонеъкунанда нест ва бояд таъсиси чунин муассисаҳоро тавсеа бахшид. 
Дар баробари ин, афзоиши аҳолӣ низ масъулонро водор месозад, ки сохтмони муассисаҳои томактабӣ ва таъсиси шаклҳои алтернативии онҳоро вусъат бахшем. Боиси қаноатмандист, ки имрӯзҳо соҳибкорони мамлакат дар бунёди муассисаҳои томактабӣ саҳм мегиранд ва дар деҳаву маҳаллаҳои гуногуни мамлакат боғчаҳои ҳозиразамон қомат меафрозанд. 
Ҳоло бо мақсади фарогирии бештари кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ, дастрасӣ ба таҳсилоти босифат, вусъати шарикии давлат ва бахши хусусӣ Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ барои солҳои 2022-2027 амал менамояд, ки барои ҷалби боз ҳам бештари соҳибкорон дар бунёди мактабҳо мусоидат хоҳад кард. 
Қобили зикр аст, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ, дар натиҷаи сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маблағгузорӣ ба соҳаи маориф беш аз пеш меафзояд. Аз ҷумла, агар соли 2000-ум ба соҳа ҳамагӣ 42 миллион сомонӣ ҷудо шуда бошад, ин нишондиҳанда соли 2005 ба 253 миллион, соли 2010 ба зиёда аз 1 миллиард, соли 2015 ба 2,5 миллиард, соли 2020 ба 5,5 миллиард ва соли ҷорӣ ба 8 миллиарду 231 миллион сомонӣ расид, ки ин 18,9 дарсади хароҷоти умумии буҷети давлатиро ташкил медиҳад.
Дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар мо – аҳли маорифро водор месозад, ки тамоми донишу таҷрибаамонро баҳри дар роҳи донишандӯзӣ ба камол расондани насли ояндасоз равона намоем, то онҳо дар оянда барои рушду нумӯи Ватани маҳбубамон саҳми арзандаи худро гузоранд. 

Малоҳат АБДУЛЛО,
мудири Муассисаи давлатии таҳсилоти томактабии равияи “Кӯдакони болаёқат”-и назди 
сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе

Санаи нашр: 21.11.2024 №: 233
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив