ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » РАМЗИ ДАВЛАТДОРӢ ВА ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ

РАМЗИ ДАВЛАТДОРӢ ВА ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ

22 ноябр 2024, Ҷумъа
9
0


Рӯзи Парчами давлатӣ мисли Рӯзи Конститутсия ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Иҷлосияи таърихии ХVI Шурои Олӣ, даъвати 12 сарчашма мегирад. Ин рӯйдодҳо бо ҳамдигар зич алоқаманданд.

Бояд гуфт, ки дар ибтидои роҳи истиқлолият мардуми мо бо хатари марговар – ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дучор шуд. Кишвар ба марзи нобудӣ наздик буд ва бисёриҳо боварӣ надоштанд, ки наҷот ва ҳифзи Тоҷикистони соҳибистиқлол имконпазир аст. Як аломати эҳтимоли нобудшавии давлат набудани рамзҳои давлатдорӣ, ба мисли Парчам, Нишон, Суруди Миллӣ ва Конститутсия мебошад.
Мутаассифона, бинобар сар задани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, мо ягон рамзи давлатӣ - Нишон, Парчам, Суруди Миллӣ ва Конститутсияро то оғози Иҷлосияи шонздаҳум қабул накарда будем. Ҳарчанд соли 1991 ва аввали соли 1992 кӯшиши қабули Конститутсияи нави Тоҷикистон сурат гирифт, аммо ҳамаи ин ҳаракатҳо анҷоми худро наёфтанд.
Танҳо бо интихоби Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи таърихии ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати 12 ба вазифаи Сарвари давлат, роҳи воқеии барқарорсозии давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол оғоз гардид. Раиси тозаинтихоби Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз дар ҳамин Иҷлосия зимни нахустин суханронии худ дурнамои сохти давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлолро ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ баён карданд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таҳкими андешаи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун давлати миллӣ, аллакай, баъд аз 5 рӯзи интихоб шуданашон ба маснади Раиси Шурои Олӣ 24-уми ноябр, дар Иҷлосияи таърихӣ иқдом карданд, ки масъалаи таҳияи ду рамзи давлатии кишвар баррасӣ шавад. 
Бояд гуфт, ки ҳар як давлати соҳибихтиёр дар арсаи байналмилалӣ бо рамзҳои давлатиаш шинохта ва эътироф карда мешавад. Ин рамзҳо пояҳои бунёдии ваҳдати халқ, ибтидои неруи маънавии онҳо, таҷассумгари соҳибихтиёрӣ ва истиқлоли давлату миллат мебошанд. Онҳо рамзҳое мебошанд, ки аз ҷониби тамоми шаҳрвандони кишвар, новобаста аз мансубияти сиёсӣ, динӣ, миллӣ ва синну солашон эътироф ва парастиш карда мешаванд. 
Барои ҳар як кишвар доштани Парчам, Нишон, Суруди Миллӣ ва Конститутсия шарти муҳими давлатдорӣ ба шумор меравад. Ва маҳз ҳамин рамзҳо барои Сарвари ҷавони давлат дар он замони душвор ҳамчун пояи ваҳдати мардум муҳим буданд. Маҳз бо ҳамин рамзҳо метавонистанд роҳи душвори ҳифзи давлатдорӣ, истиқрори сулҳу ваҳдатро дар кишвар оғоз кунанд. 
Ёд дорам, ки субҳи 24-уми ноябри соли 1992, дар ҷаласаи навбатии Иҷлосия мо – депутатҳо дар бораи вазъияти сиёсии пойтахт ва ноҳияҳои атрофи он аз вазири корҳои дохилӣ маълумот шунидем. Муҳокимае, ки дар пасманзари гузоришҳои нигаронкунанда оид ба задухӯрдҳои байни гурӯҳҳои мусаллаҳ, вазъи ноустувори иҷтимоӣ ва марги шаҳрвандони бегуноҳ баргузор шуд, хеле душвор буд.
Баъдан, мувофиқи рӯзномаи Иҷлосия мо як қатор масъалаҳоро муҳокима намуда, қарорҳои дахлдорро қабул кардем. Дар охири ҷаласаи он рӯз, Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод карданд, ки масъалаи рамзҳои давлатӣ баррасӣ шавад ва ин пешниҳод аз ҷониби вакилон дастгирӣ ёфт. Дар ҳамон лаҳза мо фаҳмидем, ки аввалин бор пас аз истиқлолият имконияти воқеии таҳияи рамзҳои асосии давлатиро пайдо кардем.
Ангораҳои Нишон ва Парчам, ки аз ҷониби комиссияи махсус пештар таҳия шуда буданд, ба намоиш гузошта шуданд. Роҳбари комиссия академик Муҳаммад Сайфиддинович Осимӣ аз минбар баромад кард ва пас аз маърузаи ӯ мо ба омӯзиши нақшаҳои пешниҳодшуда шуруъ кардем. Дар ҷараёни муҳокимаи нақшаҳои пешниҳодшуда саволҳо ва баҳсҳои зиёде ба вуҷуд омаданд. Танҳо пас аз суханронии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як варианти ниҳоии Парчам ва Нишон аз байни ҳамаи ангораҳо интихоб ва тасдиқ карда шуд.
Лаҳзаи хотирмон ва ҳаяҷоноваре буд, вақте Эмомалӣ Раҳмон қарори дахлдори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи қабули ду рамзи асосии истиқлоли кишвар, ки мардуми моро муттаҳид месозад, қироат карданд. Иштирокчиёни ҷаласа онро бо кафкӯбии бардавом истиқбол намуданд, ки ин як лаҳзаи таърихӣ буд. 
Ҳамин тавр, бо иштироки шахсӣ ва роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи таърихии ХVI (пас аз як солу 2 моҳи эълони истиқлоли давлатӣ) ниҳоят, мо рамзҳои асосии давлатдории навини худ – Парчам ва Нишонро қабул кардем.
Баъд аз як рӯз, 26-уми ноябр Иҷлосия бо таркиби ғайриодӣ ба кори худ шуруъ кард. Дар толор намояндагони роҳбарияти Фронти халқӣ ва мухолифони мусаллаҳ ҳузур доштанд, ки бо қарори вакилон аз ҷониби Сарвари давлат ба Иҷлосия даъват шуда буданд, то музокирот оид ба гузоштани аслиҳа ва ба даст овардани созиши сулҳ дар кишвар оғоз шавад. 
Пас аз музокираҳои тезутунд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба минбар баромада, эълон намуданд, ки ба толори Иҷлосия Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шавад. Ва Парчами навро, ки бо дастури Эмомалӣ Раҳмон дар комбинати абрешими Ленинобод дар фурсати кӯтоҳ омода шуда буд, ба толор оварданд.
Бори дигар ҳамаи иштироккунандагони ҷаласа, аз ҷумла роҳбарони гурӯҳҳои мусаллаҳ, аз ҷо бархоста, бо кафкӯбӣ Парчами давлатии мамлакатро истиқбол карданд. Ва боз амали нави Пешвои ҷавон ҳамаро дар ҳайрат гузошт. Вақте ки Парчамро ба толор оварданд, Эмомалӣ Раҳмон зуд ба назди он омада, Парчами давлатиро бӯсида, ба Ватану халқи худ савганди садоқат ёд карданд. Ин лаҳзаҳо пур аз эҳсосоти беназир буданд ва боз садои кафкӯбии пурмавҷ толорро фаро гирифт.
Сипас, ҳамаи роҳбарони гурӯҳҳои мусаллаҳ низ аз ин ташаббуси таърихии Пешвои ҷавони миллат руҳу илҳом гирифта, Парчамро бӯсиданд ва ҳамдигарро табрику таҳният гуфтанд, ба ин васила қадамҳои аввалинро ба сӯи сулҳу ваҳдат нишон доданд. Дар он лаҳзаи ҳассос, дар толор қариб нафаре набуд, ки аз ҳаяҷон ва шодмонӣ ашк нарехта бошад.
Бегоҳии ҳамон рӯз ҳамаи иштирокдорони ин ҷаласаи Иҷлосия таҳти сарварии Раиси Шурои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сари як дастархони умумӣ – Оши оштӣ нишастанд. Ин гуна лаҳзаҳо дар ҷараёни Иҷлосия итминон доданд, ки бо роҳбарии Сарвари давлат мо метавонем ба ҳадафҳои худ – қатъи ҷанг, ҳифзи давлатамон ва расидан ба ваҳдати миллӣ ноил шавем.
Ҳамин тавр, аз Иҷлосияи шонздаҳум анъанаҳои нави давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, ки муаллифи онҳо Эмомалӣ Раҳмон буданд, ташаккул ёфт ва имрӯз худи шахсияти Президенти мо яке аз рамзҳои муҳимтарини давлатдории миллӣ барои тамоми тоҷикони ҷаҳон мебошанд. Тасдиқи Парчам ва Нишони давлатӣ дар Иҷлосияи таърихӣ ба ташаккули давлатдории навини мо, шинохтан ва эътирофи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат кард.
3-юми ноябри соли 2009 бо ташаббуси Президенти кишвар иди нав – Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид, ки ҳамасола 24-уми ноябр дар рӯзи қабули он таҷлил мегардад. 
Имрӯз мо, аллакай, 32-солагии қабули Парчами давлатиамонро ҷашн гирифта истодаем. Ман ифтихор мекунам, ки тавонистам, мисли дигар иштирокчиёни Иҷлосияи сарнавиштсози ХVI Шурои Олӣ, таҳти роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷонибдории қабул намудани ин рамзи таърихи бостонии халқи тоҷик ва яке аз рамзҳои муқаддаси Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки ҷузъи муҳими фарҳанги давлатдорӣ ва инъикоскунандаи мавҷудияти миллату давлат аст, овоз диҳам.
Бо эътимоди комил гуфта метавонам, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар сохти давлатдории миллӣ, тарзи ҳаёти одамон тағйир ёфт ва, муҳимтар аз ҳама, мо ҳамчун давлат ва миллати ягона ташаккул ёфтем. Бо заҳматҳои бесобиқаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттиҳоду ҳамбастагии миллиро нигоҳ дошта, муаррифгари давлату миллати хеш дар арсаи байналмилалӣ гаштем.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дарвоқеъ, асосгузор ва созандаи давлати муосири Тоҷикистон мебошанд ва ин аст рисолату нақши беназири таърихии Сарвари давлатамон.
Тули солҳои соҳибистиқлолӣ мо шоҳиди ободкориву созандагиҳои бешумори ин марди наку гаштем. Ва бояд ҳамагон дар атрофи ҳомию пуштибони худ – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид шуда, дар зери Парчами давлатӣ бо сари баланд бигӯем: «Мо Ватан дорем, мо давлат дорем, мо Пешвои хирадманди миллатдӯсту халқпарвару ояндабин дорем!»

Рафиқа МӮСОЕВА, ходими давлатӣ ва ҷамъиятӣ

Санаи нашр: 22.11.2024 №: 234
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив