ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » РУШДИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ ТАҲТИ ПАРАФШОНИИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ

РУШДИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ ТАҲТИ ПАРАФШОНИИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ

22 ноябр 2024, Ҷумъа
11
0


Дар робита ба гиромидошти Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикри ин нукта бамаврид аст, ки ҳоло фарҳанг ҳамчун таҷассумгари симои маънавии миллат, муттаҳидсозандаи неруҳои ақлониву зеҳнӣ, баёнгари таърихи пурғановати он, анъанот ва дигар муқаддасоти миллӣ дар ҷомеа мақоми арзанда касб намудааст. Пешвои муаззами миллат, ки дар садри эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, рамзу муқаддасоти давлатӣ қарор доранд, ҳамвора ба рушди маънавиёти ҷомеа, илму фарҳанг таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Феълан мо, ба дурустӣ дарк менамоем, ки сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаҳои арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва расму оинҳои мардумиро низ ба вуҷуд оварда, дар маҷмуъ, муҳит ва фазои маънавиро дар ҷомеа шакл бахшидаанд. Шинохти арзишҳои маънавибунёди илмию фарҳангӣ ва тамаддунии мо боз ҳам ба ибтикороти шоиставу дурбинонаи Сарвари давлат дар мисоли ёдкарде аз бузургони илму адаб, сиёсат, маориф ва фарҳанги гузаштаву муосир, тарғибу ташвиқ, таҳқиқ ва таълими осору афкори онҳо, ҳифзи мероси адабию фарҳангӣ ва таърихиву илмӣ дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат гиреҳ мехӯранд, ки қобили эҳтиром аст. 
Дар сатҳи байналмилалӣ ҷашн гирифтани солгарди фарзандони фарзонаи миллат, аз ҷумла 1150-солагии сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, 1100-солагии давлатдории Сомониён, 2700-солагии китоби муқаддаси Авасто, Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ, 1000-солагии Носири Хусрав, 700-солагии Камоли Хуҷандӣ, 800-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, 1310-солагии Имоми Аъзам Абуҳанифа, 600-солагии Нуриддин Абдурраҳмони Ҷомӣ, 700-солагии мутафаккири барҷастаи Шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, 2700-солагии шаҳри Кӯлоб, 2500-солагии Истаравшан, 3000-солагии маданияти Ҳисор, 5500-солагии Саразми бостонӣ ва даҳҳо ҳамоишу чорабиниҳои густурдаи фарҳангии дигар ибтикороти роҳбурдие ба шумор мераванд, ки дар зинда кардани хотираи таърих, эҳёи дигарбораи мероси фарҳангии оламшумули тоҷик такони ҷиддӣ бахшиданд. Талошҳои камназири Сарвари давлат дар амалӣ намудани чунин иқдомот, агар аз як сӯ, барои муаррифии шоистаи мероси илмию фарҳангӣ, таъриху тамаддуни тоҷикон бошад, аз сӯи дигар, дар густариши эҳсоси ватандӯстиву ифтихори миллӣ ва болоравии сатҳи маънавиёти ҷомеа таъсири амиқ гузошт.
Гузашта аз ин, маҳз бо саъю талошҳои доимии Президенти маҳбуби кишвар ва дастгирии дигар кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз ин оини воқеан мардумӣ ҷаҳонӣ гардид ва мо имрӯз ифтихор мекунем, ки ин ҷашни бостонӣ мақоми байналмилалиро касб намудааст. Дар ин раванд, мероси мусиқии «Шашмақом» ва «Фалак», ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон, Тиргон ва Сада дубора эҳё гардиданд. Жанри мусиқии шашмақом, ёдгории Саразм, Наврӯз ва чакан ба феҳристи мероси ҷаҳонӣ ва феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид гаштанд. Пешниҳоди Тоҷикистон оид ба ворид намудани 2500-солагии шаҳраки қадимаи «Тахти Сангин» бошад, ба феҳристи ҷашнвораҳои ЮНЕСКО барои солҳои 2022-2023 пазируфта шуд. Ин рӯйдодҳои муҳими фарҳангӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки ҷаҳониён ва ташкилотҳои байналмилалӣ ба фарҳанги ғании мо эҳтироми хос дошта, бостонӣ ва тамаддунофар будани тоҷиконро эътироф менамоянд.
Албатта, дар боби дастовардҳои азими сиёсӣ фарҳангӣ, ки мардуми тоҷик зери Парчами ягона муттаҳид гашта, ба он мушарраф шуданд, метавон ба далелҳои зиёде рӯ овард. Вале вазифа ва рисолати муҳими мо дар пешорӯи вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза он аст, ки ин дастовардҳоро ҳифзу таҳким бахшем. Дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат дар корҳои созандагӣ фаъолона иштирок намуда, барои рушду пешрафти минбаъдаи Ватани маҳбубамон саҳм гузорем. Ва бигузор Парчами давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон ҳамеша дар фазои беғубору беолоиш ва осмони софи кишварамон парафшон бошад, ҳамчун рамзи озодӣ ва саодати абадӣ халқи моро ба фатҳи уфуқҳои нави рушду тараққиёт раҳнамун созад.

Муҳриддин НИЗОМӢ,
ректори МДТ «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода», доктори илмҳои филологӣ, профессор

Санаи нашр: 22.11.2024 №: 234
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив