НИШОНИ ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ ВА НОМУСИ ВАТАНДОРӢ
Дар тамоми давру замон парчам нишони истиқлолият ва давлатдории миллӣ маҳсуб меёбад. Аз ин рӯ, парчам чун нишон ва суруди миллӣ рамзи муқаддас ва асосии давлат, яъне соҳибистиқлолии миллат аст. Парчами Тоҷикистон ҳамчун рамзи давлати соҳибистиқлол, соҳибихтиёр дар кишвари мо ва дигар мамлакатҳо, ки парчамашон партавафшонӣ мекунад, аз мавҷудияти кишвари соҳибистиқлолу озод дарак медиҳад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боифтихор таъкид намуда буданд: «Мо бо Парчами давлати соҳибистиқлоли худ ифтихор менамоем ва он барои ҳар як шахси ватандӯсту ватанпараст муқаддас аст». Дар ҷойи дигар аз суннат ва оини парчамдории халқамон сухан ба миён оварда, рӯ ба таърих ниҳода, гуфта буданд: «Халқи тоҷик аз замонҳои қадим то даврони навин ба суннати парчамдорӣ арҷи хосса мегузорад ва ин амалро беҳтарин нишонаи ҳувияти миллӣ ва нангу номуси ватандорӣ мешуморад. Оини парчамдории мо ба сифати пайвандгари наслҳо умри ҷовидонӣ дорад ва бо хусусиятҳои хоси худ яке аз омилҳои муҳимтарини иттиҳоду сарҷамъии халқи тоҷик ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмии сокинони мамлакат мебошад». Воқеан, Парчам, Нишон, Суруди Миллӣ ва дигар рамзҳои давлатӣ барои ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ муқаддас ва азиз мебошанд. Пос доштани муқаддасот қарзи шаҳрвандӣ ва руҳу равонии ҳар яки мост. Парчам сари баланд ва бовиқори ҳар яки мост. Парчами давлатӣ дар замони муосир ифтихор аз дирӯзу имрӯзу фардои миллати куҳанбунёди мост. Ифтихор аз Парчам ифтихор аз давлати соҳибистиқлоли худ аст. Арҷгузорӣ ба Парчам арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги миллист, зиёда аз ин арҷгузорӣ ба давлат аст.
Халқи тоҷик дар масири таърих парчамҳои гуногуне дошт. Бино ба ривояту ёдгориҳои таърихӣ ва адабӣ, бахусус «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ, Коваи оҳангар пешдомани худро парчам намуда, бар зидди Заҳҳоки хунхор ба мубориза бархестааст, ки онро «Дирафши Кова» мегӯянд. «Дирафши ковиёнӣ» рамзи нахустини давлатдории ориёиён мебошад ва аз он замон сар карда, парчам чун рамзи озодӣ ва давлату давлатдорӣ дар байни халқу миллатҳои дунё қабул ва шоистаи эҳтиром қарор гирифт.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони шуравӣ низ дорои парчами худ буд. Солҳои 1924-1929, яъне дар замони мухторият, парчами Тоҷикистон саропо сурх буда, ситора, пахта ва навиштаҷоти нав ба хатти форсӣ: «Пролетариатҳои ҳамаи ҷаҳон, ба ҳам оед!» ҷой доштанд.
Соли 1953 парчами Тоҷикистон тағйир ёфт. Ин дафъа сохтораш нисбатан содатар буд: аз боло ва поён ранги сурх ва дар миён ду хатти нисбатан борики сафеду сабз дошт бо шиори «Пролетарҳои ҳамаи мамлакатҳо, як шавед!».
Баъди ба истиқлолияти давлатӣ расидани Тоҷикистон зарурати қабули рамзҳои давлатӣ, яъне муқаддасоти миллии тоҷикон, аз ҷумла парчами нави давлатӣ ба миён омад. Азбаски рамзҳои давлатии Тоҷикистони аҳди шуравӣ ба вазъи ҳуқуқию сиёсии ҷумҳурӣ аз ҷиҳати моҳияту мазмун ва шакли худ мувофиқат намекарданд, Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28-уми июни соли 1991 «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарор қабул кард. Барои таҳия ва тасвири парчам озмуни ҷумҳуриявӣ эълон гардид. Дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 24-уми ноябри соли 1992, дар Қасри Арбоби Хуҷанд Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки ифодагари истиқлолияти кишвари мо, иттиҳоди вайроннашавандаи мардуми он, дӯстиву бародарии намояндагони ҳамаи миллатҳои сокини ҷумҳурӣ мебошад. Сарвари давлат баъди савгандёдкунӣ дар Қасри Арбоб дар назди Парчами давлатии Тоҷикистон зону зада, онро ба чашм молида, бӯса намуда, ашк резонда, эҳтироми худро нисбат ба яке аз рамзҳои Тоҷикистон изҳор доштанд, ки хеле таъсирбахш буд.
Парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол аз матои росткунҷаи се рахи рангдор – сурх, сафед ва сабз иборат аст. Рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи поёнии сабз баробар мебошад. Рахи сафеди мобайнӣ яку ним баробари паҳнои ҳар яке аз рахҳои ранга аст. Рӯи рахи сафед дар мобайни Парчам бо зарҳал рамзи тоҷ ва ҳафт ситора дар шакли нимдоира кашида шудааст. Ранги сурх, ин шуои Офтоб, рамзи рӯшанӣ ва сурхрӯист. Ин ранг маънои анъанавӣ дорад. Парчами Коваи оҳангар аз чарми сурх буд. Ранги сафед, рамзи тозагӣ ва покӣ, роҳи сафеди зиндагист, рамзи осоиштагиву сулҳ, имрӯзу ояндаи дурахшони мост. Бахту иқболи сафед, нияти неки халқамон аст. Ранги сабз, рамзи табиати сабзу ҳамешабаҳори мо мебошад.
Имрӯз Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қатори парчамҳои тамоми мамлакатҳои узви Созмони Милали Муттаҳид парафшонӣ мекунад, ки ин сарбаландӣ, саодатмандӣ ва ифтихори бузурги мост!
Аъзамҷон АЗИМОВ,
профессори факултети журналистика,
Дилафрӯз АЗИМЗОДА,
унвонҷӯи кафедраи ҳуқуқи нақлиёт ва
ҳуқуқи истифодаи сарватҳои табиии
факултети ҳуқуқшиносии ДМТ