ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » АЗ ДИРАФШИ КОВИЁН ТО ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН

АЗ ДИРАФШИ КОВИЁН ТО ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН

22 ноябр 2024, Ҷумъа
28
0


Парчам аз замонҳои қадим ифодагари озодӣ ва мустақилияти сарзаминеро ифода менамуд. Таърихи он беш аз се ҳазор солро дар бар гирифта, нахуст, ҳамчун рамзи мубориза бо душманон ифода ёфтааст. 

Сарчашмаҳои таърихӣ шаҳодат медиҳанд, ки миллати тоҷик аз давраҳои қадим фарҳанги баланди давлатсозию давлатдорӣ доштанд. Намунаи  барҷастаи  онро метавон дар асари  безаволи  Абулқосим Фирдавсӣ – “Шоҳнома” пайдо намуд. Фирдавсии бузург чи гуна аввалин бор пайдо гардидани парчамро, ки то имрӯз бо номи “Дирафши Ковиён” машҳур аст, ба қалам додааст. Дар достони “Коваи оҳангар” Фирдавсӣ ҳикоя мекунад, ки чӣ тавр Кова барои ҳимояи марзу бум ва фарзандону халқи хеш ба муқобили душман бархоста, ба сифати дирафш ва ё парчам пешдомани чармини худро истифода намуд. Сипас, аз давраи шоҳигарии Фаридун “Дирафши Ковиён” ҳамчун нахустин парчами миллати тоҷик шинохта шудааст. Он ҳоло дар Ливои Президенти Тоҷикистон тасвир ёфта, ифодагари роҳи минбаъдаи халқу миллати тоҷик баҳри зиндагии арзанда арёбӣ мешавад.
Миллати тоҷик шаклҳои гуногуни давлатдориро паси сар кардааст, ки ба тағйирёбии шакли парчам бетаъсир намонд. Парчами Аморати Бухоро то 1-уми сентябри соли 1920 аз матои сабз иборат ва дар рӯи он Моҳу ситора тасвир ёфта буд. Баъди як сол намуди парчам тағйир ёфта, аз 23-юми сентябри соли 1921 то 14-уми августи соли 1923 амал кард. Дар рӯи он ду рахи ранга ба таври уфуқӣ кашида шуда, рахи боло сабз ва рахи поён сурх буд. Дар мобайн акси Моҳу ситора тасвир ёфт. Дар рӯйи ранги сабзи он бо хатҳои зарҳалӣ навиштаҷоти: “Султон сояи Аллоҳ дар рӯи замин аст” бо забони арабӣ дарҷ шуда буд. Баъди чанде дубора ба он тағйирот ворид карда шуд. Парчами навбатии Аморати Бухоро, ки аз 11-уми октябри соли 1923 то 19-уми сентябри соли 1924 амал кард, пурра ранги сурх дошт. Аломатҳои парчами қаблӣ бо каме тағйирот дар он боқӣ монданд. 
16-уми октябри соли 1929 ҶШС Тоҷикистон таъсис ёфта, парчами нав қабул намуд. Ин парчам 23-юми феврали 1929 пазируфта шуда, ранги сурх дошт. Дар як гӯшаи он аз боло акси нишони панҷситора низ тасвир ёфта буд. Аз соли 1929 то соли 1953 парчам чанд маротиба тағйир ёфт. Рангаш сурх боқӣ монда, танҳо ба аломат ва навиштаҷоти он дигаргунӣ ворид гардид. Соли 1931 бо қабули Конститутсияи нав, парчам низ тағйир ёфт. Дар парчам, ки 4-уми июли соли 1935 қабул шуд, номи ҷумҳурӣ бо забони русӣ (хатти лотинӣ) дарҷ ёфт. Дар болои он нишони заррини “досу болға”-ро нигоштанд. Ба парчам дар солҳои 1946-1953 низ иловаҳо ворид гардиданд. Ранги он сурх монд ва номи ҷумҳурӣ бо ҳарфҳои кириллии тоҷикӣ (РСС Тоҷикистон) ва русӣ (Таджикская ССР) навишта, дар болои номи ҷумҳурӣ нишонаи “досу болға” нигошта шуд.
Миллати тоҷик марҳала ба марҳала роҳ ба сӯи худшиносӣ гирифта, аз анъанаҳои миллӣ дифоъ менамуданд. Чунин кӯшишҳоро дар тағйирёбии парчами минбаъда, ки аз 20-уми марти 1953 то 9-уми сентябри 1991 пазируфта шуд, метавон мушоҳида кард. Тоҷикон тавонистанд рангҳои мувофиқ ба мардуми ориёинажодро ба парчам ворид намоянд. Парчами ҶШС Тоҷикистон, ки соли 1953 қабул гардид, матои сурхе буд, ки ду рахи сафед ва сабз дошт. 
Пас аз барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ Тоҷикистон мустақил гардид. Аз ин рӯ, қабул намудани Парчаму Нишони давлатӣ ва Суруди Миллӣ  амри воқеӣ буд. То қабул гардидани парчами кунунӣ, Тоҷикистон парчами замони шуравиро бо андак дигаргунӣ, яъне, бе акси “досу болға” ба кор бурд. 
Ҳукумати ҷумҳурӣ барои қабули Нишон ва Парчами давлатӣ озмун эълон кард. Дар он зиёда аз 200 лоиҳа пешниҳод гашта, ҳар як лоиҳаро комиссияи махсус бо роҳбарии академик Муҳаммад Осимӣ омӯхта, хулосабарорӣ кард. Комиссия кори худро бо интихоби лоиҳаи Парчам ва  Нишони  давлатӣ,  ки  аз ҷониби З. Ҳабибуллоев, А. Заневский, Л. Додхудоева, Н. Игнатушина ва М. Сайдалиев пешниҳод шуда буд, ба анҷом расонд. Аввалин рамзи давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол – Парчам 24-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олӣ тасдиқ шуд.
Раиси навинтихоби Шурои Олии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахустин шуда, Парчами давлатиро бӯсиданд ва дар баробари ӯ даҳҳо нафар муҳаббат ва эҳтироми худро нисбат ба рамзи давлатӣ баён доштанд. 
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон матои росткунҷаи иборат аз се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷойгирифта мебошад. Рахи боло ранги сурх дошта, паҳноии он ба рахи сабзи поён баробар мебошад. Рахи сафеди мобайнӣ яку ним баробари паҳноии яке аз рахҳои ранга аст. Дар миёнаи рахи сафед рамзи тоҷ ва дар болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир шудааст. 
Ба хотири эҳтироми бештар ба парчам ва ҳифзу гиромидошти он аз соли 2009 ҳар сол 24-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. 
Тавре  Пешвои  миллат,  Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ соли гузашта иброз доштанд: “Мардуми шарифи Тоҷикистон зери Парчами миллӣ ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ расид ва мо сиёсати созандаву бунёдкоронаамонро барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ва эъмори ҷомеаи нав – ҷомеаи озоду демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ минбаъд низ таҳти ин рамзи муқаддаси миллӣ амалӣ мегардонем”.

У. САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 22.11.2024 №: 234
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив