ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТОҶИКОН.  АЗ ТАЪРИХИ ПАРЧАМДОРИИ МИЛЛАТ 

ТОҶИКОН.  АЗ ТАЪРИХИ ПАРЧАМДОРИИ МИЛЛАТ 

22 ноябр 2024, Ҷумъа
11
0


Парчам, бешубҳа як рукни муқаддасот ва рамзи давлатдории ҳар як халқу миллат дар рӯи Замин мебошад. Соҳиби парчам будан ин ифодагарӣ соҳибистиқлолӣ ва давлату давлатдории миллатҳост. Халқи тоҷик ҳамчун ақвоми ориёиасл аз қадимулайём дар оини давлатдории хеш аз ин рукни давлатдорӣ истифода менамуд. Аз рӯи маълумоти сарчашмаҳои устуравию таърихӣ, соҳибпарчам будани аҷдоди мо ба замони ҳукмронии сулолаи Пешдодиён ва қиёми Коваи оҳангар алайҳи зулму куштори Заҳҳок – шоҳи бедодгар, рафта мерасад. 
Ҳамон тавре, ки маълум аст,  Коваи оҳангар барои хотима гузоштан ба хушунату ситами шоҳ Заҳҳок, ки ҳадду андоза надошт, пешбанди чармини хешро чун дирафш алвонҷ дода, оммаро барои саркӯб кардани ин тирагӣ ва бунёди саодату адолат даъват намуд. Мардуми бадодомада зери дурахши он дирафш ба мубориза хеста, он манбаи ҷаҳлу ҷаҳолатро сарнагун намуданд. Шоҳ Фаридуни пешдодӣ парчамдориро чун яке аз суннатҳои давлатдорӣ асос гузошта, парчами Коваро бо номи «Дирафши ковиёнӣ» оро дода, муқаддас эълон медорад. Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ ин ҳодисаро дар «Шоҳнома» ба тариқи зайл менигорад:
Чу Кова бурун омад аз пеши шоҳ,
Бар ӯ анҷуман гашт бозоргоҳ.
Ҳаме бархурӯшиду фарёд хонд, 
Ҷаҳонро саросар сӯи дод хонд.
Аз он чарм, к-оҳангарон пушти пой,
Бипӯшанд ҳангоми захми дарой.
Фурӯ ҳишт з-ӯ сурху бунафш,
Ҳаме хондаш «Ковиёнӣ дирафш».

Қайд намудан ба маврид аст, ки ҳангоми ҳукмронии ҳар сулолаи ориёӣ дар ин сарзамин ба «Дирафши ковиёнӣ» як дигаргунии хоссае ворид мешуд. Аммо ин дигаргуниҳо як рамзу хосияти махсусе дар ниҳоди худ доштанд, ки ифодагари яке аз арзишҳои фарҳангию таърихии онҳо ба ҳисоб мерафт. Дар аҳди Каёниён баъзан «Дирафши ковиёнӣ»-ро нишони Ҷамшед ё Фаридун ҳам меномиданд. Дар баробари зуҳури Зардушт ва интишори дини зардуштия дар ин давра (тахминан дар асрҳои XVII – XVI п.м.), махсусан дар замони подшоҳии Гуштосп (Виштосп) ва минбаъд баъзе нишонаҳои дини зардуштия дар парчамҳо тасвир меёфтанд. Бозёфтҳои бостоншиносон аз димнаи Экботан, Тахти Ҷамшед ва Истахр ин гуфтаҳоро собит месозад. Бостоншиносони фаронсавӣ ва эронӣ аз харобаҳои Тахти Ҷамшед акси парчами замони Ҳахоманишиҳоро пайдо намуданд, ки аз ранги сурх иборат буда, дар маркази он акси уқоби болкушода тасвир ёфтааст.
Мувофиқи маълумотҳои китоби Авесто ҳар як ранг ифодагари касбу кори гурӯҳҳои алоҳидаи иҷтимоии ҷомеа буд. Масалан, ранги сурх рамзи ҳокимону ҳарбиён, ранги сафед рамзи аҳли илму дониш ва ранги сабз рамзи барзгарон ба ҳисоб мерафт. Парчамҳое, ки сурх буданд, аслан, ҳангоми юришу набардҳо бо дигар ақвом боло бардошта мешуд. Тасвири уқоб ин рамзи соҳибдавлатӣ ва нерумандӣ ҳисобида мешуд.  Бо ин шаклу намуд давлатҳои Ашкониён, Юнону Бохтар, Кӯшониён, Ҳайтолиён ва Сосониён низ соҳиби парчамҳои худ буданд. Аммо ин парчамҳо бо баъзе ҷузъиёти махсус аз ҳамдигар фарқ мекарданд. 
Ҳангоми ҳуҷуми арабҳо ба ҳудудҳои Эронзамин, махсусан дар муҳорибаи Қадисия (соли 636 дар деҳаи Қадисия, наздикии Карбало), онҳо  «Дирафши ковиёнӣ»-ро ба даст оварданд. Бинобар навиштаи Балъамӣ, арабҳо «Дирафши ковиёнӣ»-ро назди халифа Умар ибни Хаттоб бурданд, вай аз дидани «Дирафши ковиёнӣ», ки хеле зебою дилрабо буд, дар шигифт монда, фармуд, ки зару зевари онро бигирифта, боқиро бисӯзонанд. Ба навиштаи муаррихи тоҷик Юсуфшоҳи Яъқубшоҳ, арзиши ин дирафш ба арзиши хироҷи як мамлакат меарзид. 
Қайд намудан ба маврид аст, ки то густариши дини Ислом парчамдорию парчамбардорӣ на танҳо хоси давлатдорӣ буд, балки шоҳону паҳлавонон ва лашкаркашон низ парчамҳои махсуси худро доштанд. Аз рӯи маълумоти «Шоҳнома», парчам ва саропардаи шоҳ Ковус ранги гуногуни палангиро дошт. Ҳокими Тӯс парчами сиёҳ дошт, ки дар он нақши фил мунъакис ёфта буд. Ранги саропардаи Рустами достон сабз ва парчамаш бунафш буд. Тарафдорони Муқаннаъ давоми солҳои 776-783 бо либос ва парчамҳои сафед муқобили арабҳо мубориза мебурданд. Сафед рамзи нуру зиёро дошт. Сарвари шӯришгарон бо ин нишон доданӣ мешуд, ки роҳи мо роҳи ҳақ ва дуруст буда, ҳадафамон пирӯзию хушбахтист.

Давлатшоҳ МАҲМУДОВ,
омӯзгори факултети таърих ва ҳуқуқи 
ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ

Санаи нашр: 22.11.2024 №: 234
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив