ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ИҚДОМЕ, КИ САРАНҶОМИ ОН ЯК РӮЗИ МУБОРАК ГАШТ

ИҚДОМЕ, КИ САРАНҶОМИ ОН ЯК РӮЗИ МУБОРАК ГАШТ

26 ноябр 2024, Сешанбе
19
0

 
Воқеан, мардум гувоҳ аст, ки дар таърихи давлатдорию давлатсозии ҷаҳон рӯйдодҳое ба вуқуъ мепайванданд, ки сарнавишт ва роҳи тараққиёти минбаъдаи онҳоро муайян месозанд. Дар нахустин солҳои соҳибистиқлолӣ интихоби шакли идоракунии давлати мо низ аз ҷумлаи чунин рӯйдодҳои таърихист, чунки дар ҷомеа зарурати интихоби шакли нави давлатдорӣ, мақомоти нави ҳокимияти давлатӣ, таъмини арзишҳои олии инсон ва ҳуқуқу озодиҳои он, танзими муносибатҳои нави ҷамъиятӣ пеш омад.

Натиҷаи фаъолияти Комиссияи конститутсионӣ дар солҳои нахусти соҳибистиқлолӣ боиси он гашт, ки ҷумҳурии президентӣ ҳамчун шакли идоракунии давлат қабул шавад. Хусусиятҳои хос, дигаргуниҳои азими ҳаёти иҷтимоӣ, фарҳангию мафкуравӣ далели беисботи онанд, ки вакилони муҳтарами мо бо роҳбарии Сарвари дурандеши худ дар интихоби шакли идоракунии давлати тозабунёди тоҷикон хато накардаанд. Ташаккули ниҳоди президентӣ тақозои замон  ва яке аз нишонаҳои асосии барпо шудани давлатсозии мо ба ҳисоб меравад. Ин аст, ки гузаштан ба низоми президентӣ на танҳо боиси наҷоти давлату миллат, балки омили рушди устувори тамоми соҳаҳо, аз ҷумла иқтисодиёт, сиёсат, фарҳанг ва маориф, гардид.
Ҳамин тавр, ташаккули ниҳоди президентӣ замина ба он гардид, ки  14-уми майи соли 2016 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид”-ро қабул кард, ки тибқи он 16-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.  Боиси нишоту комронист, ки ҳар сол мардуми тоҷик бо ифтихору сарбаландӣ  ба хотири арҷгузорӣ ва эҳтиром ба мансаби олии давлатӣ Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки бо номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайвандӣ дорад, таҷлил менамояд.      
Дар ҳақиқат, фаъолият ва корнамоиҳои ин абармарди мушкилнописанд мактаби бузургу нотакрор аст, ки дар ин андеша ҳеҷ гумону шубҳа нест. Вақт ин ҳамаро ба мо нишон дод. Эмомалӣ Раҳмон  рисолати таърихии худро дар назди Ватану миллат ба ҷой оварданд. 
Дар ҳама маврид воқеаи таърихӣ – Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сарнавишти миллатро ҳал намуд, дар пеши назар ҷилвагар мегардад, зеро ҳамин Иҷлосияи тақдирсоз буд, ки фарзанди далеру боҷуръат, оқилу дурандеш, ғамхору меҳрубони миллат Сарвари давлат интихоб гардиданд. Ин ҳам бошад, дар он рӯзҳое, ки  давлати мо дар ҳоли нестшавӣ қарор дошт, ҳар лаҳзаву соат хавфи мағлубшавӣ аз душман моро таҳдид мекард. 
Танҳо шуҷоати нотакрори ин марди неруманду ҷавон буд, ки бо умеду орзуи нек, бо меҳру муҳаббат ва садоқати бепоён Парчами нави мамлакати азизро ба чашм  молида, онро бӯсиданд, бо қалби пок савганд хӯрданд. Савганд бо номи Худо, ба шири Модар. Савганде, ки дар назди худ, дар рӯ ба рӯи мардуми сарсону ҳайронмонда масъулияти ниҳоят вазнину сангин буд. Савганде, ки бо неруву ҷасорат гом гузоштан ба майдони ҳарбу зарб, ҷоннисорӣ ва ҷонбозиҳоро талаб мекард. Зеро тақдири миллати роҳгумзадаро ҳал намудан, бори гаронро бар дӯш гирифтан дар он айём кори осон набуд. Суханони Сарвари давлат он лаҳза пур аз орзуву ормон, шаъну шарафи ватандорӣ буда, ҳадафи асосии он, ба поён расондани ҷанги бародаркуш ва расидан ба сулҳу суботи сартосарӣ буд. 
“Нияти нек – ними давлат”, – мегӯянд аҷдоди мо. Оре! “Ман ба Шумо сулҳ меорам” гуфтани Роҳбари ҷавон он лаҳзаҳои пурэҳсосу пурҳаяҷон ба дили мардуми азияткашида неру бахшид, дили онҳоро гарм ва ба ояндаи дурахшон умедвор кард. Дарвоқеъ, пешрафти кор, ноил гардидан ба дастоварди дилхоҳ аз фикру андешаи солим, қалбу нияти пок вобастагии калон дорад. Пешвои муаззами мо, ки аз рӯзи нахустини роҳбарии худ орзуи мамлакатро аз вартаи нобудшавӣ эмин нигоҳ доштан ва сулҳу суботро барқарор намуданро доштанд, ин ҳама марҳала ба марҳала амалӣ гашт.  
Имрӯз бо камоли ифтихор мегӯем, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ ҷойгоҳи сазовори худро пайдо кардааст. Ин аст, ки қариб 200 давлати дунё ҷумҳурии моро ҳамчун давлати мустақил мешиносанд, эътироф ва пазироӣ мекунанд. Ин ҳама тантанаи орзуву ормони ҳазорсолаи миллати тоҷик аст, ки таҳти шиори “Тоҷикистон, ба пеш!” ҷомаи амал пӯшид.
Аз ин рӯ, мо – мардуми шарафманди кишварро месазад, ки бо ин ҳама ободиву озодӣ, дастоварду муваффақиятҳо шукр намоем. Дар ҳоле ки  имрӯзҳо авзои ҷомеаи ҷаҳони муосир ниҳоят мураккабу печида буда, иғвоангезону дасисабозони ҷангҷӯ бо ҳадафҳои ғаразноки гурӯҳҳои манфиатҷӯ ҳар лаҳза амалҳои номатлубро ба анҷом мерасонанд. Бо назардошти ин, бояд ба қадри   фидокорӣ, ҷоннисориву мушкилнописандиҳои Роҳбари давлат ҳамарӯза бирасем. Нагузорем, ки нохалафе ин ободиҳову оромиро халалдор созад. Чунонки Пешвои муаззами миллат пайваста таъкид менамоянд: “Дӯст бошед! Иттифоқ бошед! Шукронаи ана ҳамин сарзамин кунед, шукронаи ҳамин давлат кунед! Шукрона кунед, ки чунин Ватани азизу маҳбуб доред!”.
Бо бовари комил метавон гуфт, ки таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишони ихлосу самимият, муҳаббат ва қадршиносии миллати мо нисбат ба Сарвари маҳбубу раҳнамо маҳсуб ёфта, рамзи муттаҳидии мардум дар атрофи Пешвои муаззами миллат аст. Месазад, ки аз он ҳамеша ифтихор намуд ва онро ба насли ояндаи миллат ҳамаҷониба ташвиқу тарғиб кард.  
                                                     
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,                                                                          
“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 25.11.2024 №: 235
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив