ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ЁВАРИ БЕМИННАТИ ДЕҲҚОН. СУҲБАТИ ИХТИСОСӢ БО ДИРЕКТОРИ «ТОҶИКАГРОЛИЗИНГ» ЮСУФ АКРАМЗОДА

ЁВАРИ БЕМИННАТИ ДЕҲҚОН. СУҲБАТИ ИХТИСОСӢ БО ДИРЕКТОРИ «ТОҶИКАГРОЛИЗИНГ» ЮСУФ АКРАМЗОДА

26 ноябр 2024, Сешанбе
42
0

  

Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии “Тоҷикагролизинг” техника ва таҷҳизоти кишоварзиро аз ҳисоби маблағҳои буҷет ва хоҷагидорӣ аз Беларус, Ӯзбекистон, Эрон, Чин, Россия ва Туркия ба ҷумҳурӣ ворид менамояд. Дар маҷмуъ, Корхона давоми фаъолияти худ ба ҷумҳурӣ беш аз 2679 техника ва 7845 мошинолоти кишоварзии муосир ворид намуда, дастраси кишоварзон гардондааст. Оид ба фаъолияти КВДҶ «Тоҷикагролизинг» ва дастоварду мушкилоти он Юсуф Акрамзода,   директори Корхонаи мазкур, дар суҳбат ба  хабарнигори рӯзнома андешаҳояшро чунин баён дошт:

 

– Корхона соли 2007 ташкил ёфта, мақсади асосии он қонеъ гардондани талаботи хоҷагиҳои деҳқонию фермерӣ, корхонаю ташкилоти соҳаи кишоварзии ҳама гуна шакли моликият ва шахсони воқеӣ бо техникаи кишоварзӣ, қисмҳои эҳтиётӣ, инчунин, ташкили марказҳои хизматрасонии техникӣ, кору хизматрасонии техникӣ ва дар асоси тиҷорат ба даст овардани фоида мебошад. Бо мақсади дастгирии деҳқонон ва рушди соҳа, то имрӯз дар 61 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ марказҳои хизматрасонии техникӣ ташкил шудааст, ки дорои 154 техника ва 3085 таҷҳизоти ёрирасони кишоварзӣ буда, аз шудгор то ҷамъоварии ҳосил ба деҳқонон ёрии техникӣ мерасонад. 

Техникаҳои муосири бисёрсоҳаеро, ки дастраси деҳқонон мегардонем, ба муҳлати як сол кафолат медиҳем ва дар ин муддат агар нуқсонҳои техникӣ дар муҳаррик ва дигар қисмҳои техника ба вуҷуд биёяд, мутахассисони мо онро сари вақт бартараф менамоянд. 

Техникаҳо ба муддати то 5 сол ва таҷҳизоти кишоварзӣ аз 1,5 то 3 сол ба лизинггиранда ба иҷораи молиявӣ дода мешавад, то ӯ дар ин муддат корҳои кишоварзиро анҷом дода, фоида ба даст биёварад ва тибқи ҷадвали пардохтҳо ҳар моҳ маблағҳои лизингиро ба суратҳисоби Корхона таҳвил намояд. Барои минтақаи водии Рашт ва шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки заминҳои истифодабарияшон кам аст, техникаҳо ба муҳлати аз 3 то 10 сол ба иҷораи молиявӣ (лизинг) дода мешаванд.  
Тибқи иттилоъ, Корхона танҳо дар даҳ моҳи соли равон аз ҳисоби маблағҳои хоҷагидорӣ ва буҷет 146 техника ва 356 таҷҳизоти гуногунтамға ба ҷумҳурӣ ворид карда, инчунин, дар ҳамин давра ба 224 хоҷагии деҳқонии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ шартномаи иҷораи молиявӣ (лизингӣ) баста, дар асоси дархост, ба онҳо 127 трактори гуногунтамға ва 358 мошинолоти кишоварзӣ ҷудо намуд. “Тоҷикагролизинг” ҳамкориро бо корхонаҳои ватанӣ, аз ҷумла ҶСШП “Агротехсервис”, ҶСШП «Новселмаш», ҶСК “Сомон-Кӯлоб-таҷҳизот”, ҶШСП “ТоҷИрон”, ки  техника ва таҷҳизоти кишоварзӣ истеҳсол мекунанд, тақвият дода, зимни харид таваҷҷуҳи асосӣ ба он нигаронда мешавад, ки маҳсулоти истеҳсолнамудаи ин корхонаҳо рақобатпазир ва бисёрсоҳа бошад. Ба ин васила, шароит фароҳам оварда мешавад, ки хариди таҷҳизоти кишоварзиро аз хориҷи кишвар коҳиш диҳад.

Тавре маълум, яке аз мушкилоте, ки то ҳол дар пешрафти соҳаи кишоварзӣ, харидорию таъмини хоҷагиҳои деҳқонӣ бо техникаю мошинолоти кишоварзӣ  халал мерасонад, аз ҳисоби маблағҳои бозгашт ва қисман буҷет сохтани устохонаҳои таъмирӣ ва офисҳои кории марказҳои хизматрасонии техникии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мебошад. Агар мо дар оянда маблағҳои бозгашт ва буҷетиро барои сохтмони офисҳо, устохонаҳои таъмиру харидории дастгоҳҳои таъмирӣ сарф намоем, минбаъд техника ва таҷҳизотро ба қадри кофӣ харида наметавонем, инчунин, талаботи хоҷагиҳои деҳқониро бо техникаю таҷҳизот таъмин кардан ғайриимкон аст. Зеро барои ин маблағҳои калон масраф мегардад. Мехостем оид ба ин масъала диққати ҷиддӣ дода, минбаъд сохтмони офисҳои корӣ ва устохонаҳои  таъмири марказҳои хизматрасонии техникии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба воситаи сармоягузориҳои лоиҳавӣ тавассути Бонки ҷаҳонӣ ва дигар лоиҳаҳои дастгирии соҳаи кишоварзии дар ҷумҳурӣ фаъолиятдошта ба инобат гирифта шавад.


Роҳбарияти Корхона бо дастгирӣ ва ёриҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Вазорати кишоварзӣ дар ҳафт шаҳру ноҳияи пилотӣ – Истаравшан, Данғара, Дӯстӣ, Ҷайҳун, Тоҷикобод, Рашт ва Деваштич устохонаҳои таъмири техника ва таҷҳизотҳоро сохт. Устохонаҳои зикршуда аз тарафи лоиҳаи «Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа” (IFAD) бо 15 намуд дастгоҳҳои таъмирӣ мукаммал ва муҷаҳҳаз гардонда шуда, соли равон ба фаъолият оғоз намуданд. Мебоист дар ноҳияҳои зикргардида курсҳои кӯтоҳмуддати омодасозии механизаторону комбайнчиҳо созмон дода мешуд. Ин кор танҳо дар ноҳияи Данғара амалӣ гардид. Дар ноҳияҳои боқимонда бояд бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, донишгоҳҳову литсейҳои касбӣ-техникӣ, раёсатҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳо ташкил карда шавад.  
Масъалаи муҳими дигари ҳалталаб норасоии мутахассисони ихтисосманд, аз ҷумла механизаторон, комбайнчиҳои касбӣ ва устоҳо барои таъмири техника ва таҷҳизотҳо мебошад. КВДҶ “Тоҷикагролизинг” тасмим гирифта буд, ки дар базаи марказҳои хизматрасонии техникии ноҳияҳои пилотӣ курсҳои кӯтоҳмуддати омодасозии механизаторону комбайнчиҳоро созмон диҳад. Бо ин мақсад, ба вазорату ташкилотҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳое, ки дар марказҳои хизматрасонии техникиашон пойгоҳҳои таъмирӣ сохтаанд, мактуб ирсол кард. Барои ҳалли масъала дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Вазорати кишоварзӣ муҳим ва зарур мебошад. 

Кароматулло АТО, 
“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 25.11.2024 №: 235
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив