ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ.  АЗ СУДУ ЗИЁН ТО ЗАРБАҲОИ РАВОНӢ БА НАВРАСОН

ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ.  АЗ СУДУ ЗИЁН ТО ЗАРБАҲОИ РАВОНӢ БА НАВРАСОН

10 апрел 2023, Душанбе
96
0

 
Дар замони муосир интернет ба ҷузъе аз рӯзгори одамон табдил ёфта, ҳаётро бидуни он, бахусус истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ (Facebook, Instagram, TikTok, Однаклассники...), наметавон тасаввур кард. Ҳарчанд шабакаҳои иҷтимоӣ чоряк аср қабл рӯи кор омада бошанд ҳам, вале дар муддати кӯтоҳ корбарони тори ҷаҳонии анкабудро шабеҳи оҳанрабо ба худ ҷазб кард. Бо гузашти вақт таъсири манфии шабакаҳои иҷтимоӣ ба одамон, махсусан ба наврасону ҷавонон, зуҳур намуд ва ин раванд иҷтимоъро ба ташвиш овардааст. Чунки натоиҷи таҳқиқоту назарсанҷиҳои олимон нишон медиҳанд, ки шабакаҳои иҷтимоӣ ба майдони фаррохи амалисозии ҳадафҳои муайяни гурӯҳҳои манфиатҷӯ табдил ёфтаанд, зеро қариб 60 дарсади аҳолии сайёра (зиёда аз 4,5 миллиард нафар) истифодабарандаи фаъоли шабакаҳои иҷтимоианд. Бо истифода аз ин ба тафаккури наврасону ҷавонон ақидаҳои номатлубро ҷой медиҳанд, ки мунтаҳо таъсири манфиаш ба ҷомеа ва давлат мерасад.

ВУРУД БА МАВЗУЪ
Ангезаи навшитани ин матлаб аз хондани хабар дар сомонаи www.rbc.ru зери унвони “Дар Юта истифодаи шабакаҳои иҷтимоиро бидуни ризои волидон ба кӯдакон манъ мекунад” пайдо шуд. Тибқи иттилои расона, Губернатори иёлати Ютаи ИМА Спенсер Кокс ду қонунеро ба имзо расонд, ки истифодаи шабакаҳои иҷтимоиро дар иёлот аз ҷониби наврасони то 18-сола танзим мекунад. Бар асоси муқаррароти қонунҳо, аз шабакаҳои иҷтимоӣ талаб мешавад, то тафтиш кунанд, ки киҳо дар Юта саҳифа мекушоянд. Агар наврасони то ин синни 18-сола бошанд, бояд розигии волидонро пешниҳод намоянд. Инчунин, шабакаҳои иҷтимоиро уҳдадор мекунад, то аз истифодаи тарҳҳо ё вижагиҳо, ки барои наврасон вобастагиро ба вуҷуд меоранд, даст кашанд. 
– Мо дигар намегузорем, шабакаҳои иҷтимоӣ ба сиҳатии равонии ҷавонони мо осеб расонанд. Моликони шабакаҳои иҷтимоӣ медонанд, ки маҳсулашон заҳролуд аст. Абзорҳояшонро тавре сохтаанд, ки вобастагиро ба вуҷуд меоранд. Мо уҳдадорем, бачаҳоямонро муҳофизат кунем, – навиштааст Спенсер Кокс дар саҳифаи “Твиттер”-аш.
Пас аз мавриди амал қарор гирифтани санадҳо волидони кӯдакони ноболиғ саҳифаҳои фарзандонашонро пурра назорат намуда, метавонанд “соати комендантӣ” (аз соати 22:30 то 6:30) ҷорӣ намоянд. Инчунин, манъ кардани мукотиба бо нафарони ношинос, пинҳон кардани ноболиғиаш ҳангоми ҷустуҷӯи маълумот, гузашта аз ин, ба шабакаҳои иҷтимоӣ манъ аст, ки дар бораи кӯдак маълумот ҷамъ оварда ва таблиғоти мақсаднокро дар саҳифаи вай ҷой диҳанд. 
Перомуни ин хабар “Интерфакс” бо истинод ба “Ассошиэйтед пресс” навишт, ки қонунҳои рӯзи 23 марти соли ҷорӣ қабулгашта, моҳи марти соли 2024 ба қувваи қонунӣ медароянд.
Ба навиштаи “Ассошиэйтед пресс”, Спенсер Кокс гуфтааст: “Мо хушбин ҳастем, ки метавонем на танҳо дар иёлати Юта, балки дар саросари кишвар қонунеро ба тасвиб расонем, ки муносибати фарзандони моро бо барномаҳои харобиовари шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври назаррас тағйир хоҳад дод”. 
Шояд ин оғози мубориза бар зидди рафъи буҳрони солимии равонӣ дар байни наврасон ва ҳифзи ҷавонон бошад. Дар сурати дастгирӣ ёфтан аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳон давлатҳо метавононад дар низоми ҳуқуқии худ чунин қонунгузориро қабул намоянд.

ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ: АФЗАЛИЯТҲО ВА ХАТАРҲО
Аслан, шабакаи иҷтимоӣ як платформаи интернетист, ки ҳар нафар дар бораи худ маълумот ҷойгир намуда, яъне саҳифа кушода, бо корбарони дигар ахбори ҷолиб, аксҳо, паёмҳо ва файлҳои гуногунро мубодила мекунад. Инчунин, дӯстони нав пайдо карда, бо шиносони деринаи худ, ки бо онҳо алоқа надошт, робитаи маҷозӣ барқарор менамояд. Дар сурати мувофиқи мақсад истифода гардидани шабакаҳои иҷтимоӣ аз тарафи наврасону ҷавонон дар ҷараёни омӯзиш кумак мерасонад, зеро бо ёрии онҳо лексияҳо, китобҳои хонданибобро дастрас намуда, метавон маҳорати забондониро такмил дод. Вале ҳамеша хатари пайдо шудани иттилои зараровар вуҷуд дорад, ки ба истеъмоли маводи мухаддир, худкушӣ, ҳамроҳ шудан ба гурӯҳҳои террористии хусусияти динидошта ва ғайра даъват мекунанд. 
Бар пояи таҳлилҳо, дар шабакаҳои иҷтимоӣ таблиғи зӯроварӣ, ақидаҳои мамнуъ ва паҳн кардани порнография дар авҷ аст. Қатъи назар аз назорат ва бастаи чунин саҳифаҳо онҳо дубора рӯи кор омада, ба ҳар роҳу восита диққати наврасону ҷавононро ба худ моил менамоянд. Ҳамсуҳбати маҷозӣ дасти шуморо намегирад, аммо қодир аст, ба тафаккури наврасону ҷавонон, ки дар ҳоли рушд аст, таъсир расонда ақоиди мағшушро ворид намояд ва дарки онҳоро ба зиндагӣ куллан дигар намояд. 

КИБЕРБУЛЛИН ЧИСТ?
Дарвоқеъ, барои кӯдакон хатар доштани истифодаи аз меъёр зиёди шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумлаи мавзуъҳои доғи рӯз буда, пайваста мавриди таваҷҷуҳ қарор мегирад, аммо барои рафъи мушкилӣ иқдомҳои ҷиддӣ андешида намешаванд. Ҳатто, ҳолатҳое сабт шудааст, ки таъсири манфии шабакаҳои иҷтимоӣ наврасонро то худкушӣ оварда расондааст.
Имрӯз яке аз масъалаҳои ташфишоварро олимон “кибербуллин” меноманд, ки чунин шарҳ дода мешавад: “таҳқир ва зӯроварӣ бо истифода аз технологияи рақамӣ”. 
– Кибербуллин як намунаи мақсадноки рафторест, ки ҳадафаш тарсондан, хашмгин кардан, паст задани шаъну шарафи инсонҳост. Масалан, интишори маълумоти бардурӯғ ё аксҳои хиҷолатовар дар шабакаҳои иҷтимоӣ, таҳдид тариқи мессенҷерон, аз номи як нафари муайян саҳифа кушода ба дигарон равон кардани паёмҳои номатлуб... Мутаассифона, кибербуллин дар ҷомеаи мо низ ба мушоҳида мерасад, – иброз дошт Нафисахон Юнусова, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. 
Тибқи гузоришҳои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, ЮНИСЕФ ва ЮНЕСКО, кӯдакон пайваста аз ҷониби ҳамсолони худ мавриди таҳқири интернетӣ қарор мегиранд. Ин ҳолатҳо боиси нороҳатии равонӣ, тарси доимӣ, ҳисси шарм, хастагӣ, бехобӣ, дарди сар ва дарди меъда мегарданд. Тавре дар боло гуфтем, оқибатҳои таҳқир метавонад фоҷиабор бошад, ба гунаи мисол метавон ҳодисаи ба худкушӣ даст задани варзишгари 22-солаи ҷопонӣ Хана Кимураро овард. Чуноне аз паёмҳои пеш аз худкушӣ навиштааш маълум гардид, духтарак қурбонии таҳқири интернетӣ шудааст. 
ВОБАСТАГИИ ЗИЁД ИНСОНРО БА ШАХСИЯТИ ҒАЙРИОДӢ ТАБДИЛ МЕДИҲАД

Ба назари равоншиносон, вобастагӣ аз интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ метавонад заминаи ҳормонии инсонро тағйир диҳад. Яъне, бо мурури замон, малакаҳои воқеии муошират бо одамон гум мешаванд. Ҷустуҷӯи ҳалли ҳама масъалаҳо тариқи интернет инсонро ба як шахсияти ғайриодӣ табдил медиҳад.
Мушоҳидаҳо дар кӯчаҳо, хона, ошхонаҳо нишон доданд, ки 3-4 нафар дар як ҷо ҷамъ омадаанд ва ҳама дар телефонҳо фурӯ рафта, қариб байнашон муошират нест.
Бино ба гуфтаи равоншиноси варзидаи тоҷик Нафисахон Юнусова, таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ ба психикаи кӯдак яке аз масъалаҳое мебошад, ки волидон, омӯзгорон ва олимонро ба ташвиш овардааст. Албатта, пешравии илму техника агар, аз як тараф, барои рушду инкишофи кӯдакону наврасон мусоидат кунад, аз ҷониби дигар, таъсири манфии худро ба шуурнокии ин қишр мерасонад. Аз нуқтаи назари волидон, чунин ҳолатро мушоҳида мекунем: кӯдакон дар хона, яъне беҳудагардӣ намекунанд, гӯё ки зери назоратанд ва падару модар қаноатманданд, ки фарзандашон дар маркази диққаташон қарор дорад. Вале дар асл бошад, кӯдакон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба чи кор машғуланд, бо кадом маълумот рӯ ба рӯ мешаванд, ба яке аз масъалаҳои муҳим ва мубрам табдил ёфтааст.  
– Рӯзе як ронандаи кирокаш (таксӣ) ба ман муроҷиат кард, ки фарзандаш дар рӯзнома фақат баҳои хубу аъло дорад. Онҳо гумон мекардаанд, ки кӯдак дар мактаб хуб мехонад. Вале баъдан маълум мешавад, ки супоришҳои омӯзгоронро аз интернет мебардорад. Мутаассифона, наврасону ҷавонон барои ҷавоб пайдо кардан ба ин ё он савол аз хотир, зеҳн ва тафаккур истифода набурда, дарҳол рӯй меоранд ба интернет. Ин раванд зеҳнро кунд ва инкишофи хотираро паст мекунад, – иброз дошт Нафисахон Юнусова.  

ТОБЕИЯТ АЗ ШАБАКАИ ИҶТИМОӢ МИСЛИ ХУМОРИ МАВОДИ МУХАДДИР АСТ!

Ҷомеаи Тоҷикистон ҳамчун узви иҷтимоии байналмилалӣ аз ин мушкилиҳо орӣ набуда, хатарҳои болозикр ба мо низ, таҳдид мекунанд. Аммо он чи, ки имрӯз боиси нигаронӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ шудааст, риоя нагардидани меъёрҳои ахлоқист, махсусан миёни наврасони мактабхон, ки назирашро мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ дида истодаем. Мисол, ду духтари ноболиғе, ки дар шаҳри Исфара як ҳамсоли худро лату кӯб карда, ба об андохта, навори онро шабакавӣ карданд. Ё мавриди зери дашном қарор гирифтани муаллима аз ҷониби писари директори мактаб дар ноҳияи Фархор, интишори навори ҷангҳои гурӯҳии мактаббачагон... 
Ҳарчанд мақомоти дахлдор вобаста ба ин ҳолатҳо вокунишҳои саривақтӣ нишон дода, муҷримонро ҷазои қонунӣ диҳанд ҳам, мутаассифона вазъ ҳамоно нигаронкунанда боқӣ мемонад. 
Бешак, чунин рафтор аз беназоратии волидону омӯзгорон ва бетафовутии ҷомеа мебошад. Гузашта аз ин, аксари наврасону ҷавонони мо пойбанди шабакаҳои иҷтимоӣ шуда, вақти худро сарфи маводи беарзиши шабакаҳо, аз ҷумла роликҳои видеоии TikTok ва Instagram мегардонанд, ки бисёр нигаронкунанда аст. Таассуфовар он аст, ки онҳо ба амалҳо ва суханони дар наворҳо дида ва шунидаашон пайравӣ мекунанд. Лиҳозо, волидонро зарур аст, ки амалҳои фарзандони худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ назорат намоянд. Зеро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” дар моддаи 8 (уҳдадориҳои падару модар дар тарбияи фарзанд) волидонро уҳдадор кардааст, ки аз тарафи фарзанд мақсаднок ва мувофиқ ба таълиму тарбияи ӯ истифода шудани интернетро назорат намоянд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки ба фарзандон фарҳанги истифодаи интернетро омӯзонда, ба дигарон низ, таблиғ намоем, то вақти қимат зоеъ талаф наёбад. Зеро тобеият аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва интернет ба монанди истифодаи маводи мухаддир аст, ки бе он зиндагӣ кардан мушкил мешавад. 

Маҳмуд МИРЗОЁН, 
“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 10.04.2023 №: 73
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив