ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » “ШОҲНОМА”. Истиқболи гарми порсизабонони ҷаҳон аз чопи асари безавол дар Тоҷикистон

“ШОҲНОМА”. Истиқболи гарми порсизабонони ҷаҳон аз чопи асари безавол дар Тоҷикистон

27 ноябр 2024, Чоршанбе
7
0


Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 5-уми декабри соли 2023 дар Симпозиуми байналмилалии “Бобоҷон Ғафуров – бузургтарин муҳаққиқ ва муаррифгари таърихи халқи тоҷик” чопи нави матни “Шоҳнома” ва тақсими онро ба ҳар хонавода эълон доштанд. Ин паёми беназири фарҳангӣ дар кӯтоҳтарин фурсат ба ҷаҳони порсизабонон роҳ ёфт ва ҳамовозии гарми ҳамтаборони моро пайдо кард. 
Инак, назар ва шодбошиҳои чанде аз шахсиятҳои номвари ҳавзаи порсизабонон манзури хонанда мегардад. Дар онҳо бори дигар собит мешавад, ки ибтикори шоистаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то чи ҳад зарур ва деринтизор будааст.

Муҳаммадҷаъфар Ёҳақӣ, муҳаққиқи эронӣ, мегӯяд: “Фирдавсӣ бо “Шоҳнома” ба порсизабонони дунё ҳувият додааст ва порсизабонон эҳтиром ва эътиқоди хосе ба Фирдавсӣ доранд, зеро Фирдавсӣ пуштвонаи забони порсӣ ва меҳвари таҳкими он аст. Албатта, кишвари Афғонистон ба далели шароити сиёсие, ки дорад, дар заминаи таваҷҷуҳ ба “Шоҳнома” мушкил дошта, аммо, хушбахтона, дар Тоҷикистон бо таваҷҷуҳ ба фароғате, ки доранд, бисёр ба “Шоҳнома” эътиқод меварзанд. Замоне ки Тоҷикистон истиқлол ба даст овард, дар маркази шаҳри Душанбе тандиси 18-метрии Фирдавсиро сохтанд ва мардуми Тоҷикистон Фирдавсиро ба унвони меҳвари фарҳангии худ шинохтанд”.
Ин пажӯҳишгари номвар таъкид кардааст, ки арҷгузории фарҳанги гузаштагон, бавижа асолати ориёӣ, дар Тоҷикистон ривоҷи бештар дорад: “Шоҳнома” аз хуни мо – эрониён, каме берун рафтааст, ҳарчанд дар хуни порсизабонони ғайриэронӣ ҷараён дорад. Онҳо (манзур тоҷикон) Абулқосим Фирдавсиро ҳамеша падари худ медонанд. Чанд сол пеш замоне ки роҳи оҳани Сарахс ифтитоҳ мешуд ва сарварони кишварҳои минтақа ба Машҳад омада буданд, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – раисҷумҳури ин кишвар ба Тӯс, ба мақбараи Фирдавсӣ омад ва ба зиёрати Фирдавсӣ рафт”.
Шоҳномапажӯҳ Алиризо Қиёматӣ тасмими чоп ва эҳдои “Шоҳнома” ба хонаводаҳои тоҷикро як рӯйдоди меҳанӣ тавсиф карда, таъкид мекунанд:  “Дар кишвари Тоҷикистон ошноӣ бо “Шоҳнома” сирфан ба мадорис (мактабҳо) хатм намешавад, балки зиндагии мардум бо “Шоҳнома” омехтааст. Албатта, дар манотиқи бисёре аз Эрон, бавижа дар рӯзгори мардуми Луристон ва бахтиёриҳо низ “Шоҳнома” ҷараён дорад ва танҳо ба соатҳои дарсӣ ва риштаи адабиёт маҳдуд намешавад. Ман дар фазои “Шоҳнома” ва мардум нафас мекашам ва ин мавзуъро комилан эҳсос мекунам. Рӯйдоди хуҷастаи меҳри меҳанӣ ва таваҷҷуҳ ба “Шоҳнома” дар ин солҳо, ҳаммонанди рӯйдодест, ки аз ҳамон ибтидои ба вуҷуд омадани миллат ва давлати Тоҷикистон ба вуҷуд омад”.
Ин пажӯҳишгар таъкид мекунад, ки “Шоҳнома” бар ҷони мардуми тоҷик реша дорад. Ба гуфтаи ӯ, бузургтарин боғ ва бӯстонҳои Тоҷикистон ба номи мафохире чун Фирдавсӣ ва дигар намодҳои миллӣ ва ҳувиятӣ гузошта шудааст. Номи маконҳои ҷуғрофиёие, ки дар “Шоҳнома” ҳаст, дар бовари мардум ҳузури чашмгир дорад. Аз ҳар чаҳор тоҷике як нафар номи шоҳномаӣ дорад”.
Мирҷалолуддини  Казозӣ,  шоҳномапажӯҳи  дигар,  ин  иқдоми Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро чунин тавсиф мекунад: “Ин огаҳӣ аз диди ман бисёр арзанда ва фараҳест, ки дар Тоҷикистон мехоҳанд “Шоҳнома”-ро бо дабираи сирилик дар дастраси мардум биниҳанд. Бад-ин гуна “Шоҳнома” дар миёни тоҷикон роҳ хоҳад ёфт ва ҳамагон метавонанд бо он ошноӣ биҷӯянд ва баҳраҳое бисёр дар заминаҳои гуногун аз он бибаранд ва бо фарҳангу пешинаи дерина ва гаронсанги хеш ошноӣ биҷӯянд”.
Хабарнигори расонаи “Индерпенденти порсӣ” Мухтор Вафоӣ далели рӯй овардани Тоҷикистон ба “Шоҳнома”-ро як роҳи дурусти мубориза бо ифротгароӣ шинохта, мегӯяд: “Давлати Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо тамаркуз рӯйи бузургдошт ва тарвиҷи мероси фарҳангӣ бо таҳдиди ифротгароии мазҳабӣ муқобила мекунад”.
Тамоми порсизабонони ҷаҳон иқдоми чоп ва эҳдои “Шоҳнома”-ро кори таҳсинбарангез тавсиф намуда, таъкид карданд, ки тоҷикон барои ҳифз ва эҳёи арзишҳои тамаддуни хеш гомҳои устувор бармедоранд.

Бузургмеҳри БАҲОДУР, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 27.11.2024 №: 236
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив