ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » РОҒУН МАЗРАИ НОМУС ВА НЕРУИ ҶАВОНӢ

РОҒУН МАЗРАИ НОМУС ВА НЕРУИ ҶАВОНӢ

27 ноябр 2024, Чоршанбе
24
0


Таҳти чунин унвон бо дастгирии раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳамоиши ҷавонон тавассути боздид аз НБО «Роғун» доир гардид.

Иштирокчиёнро масъулони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун, ҷавонону варзишгарон дар назди Муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонии шаҳри Роғун истиқбол гирифтанд.
Ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиш ва роҳпаймоии идонаи ҷавонони шаҳрҳои Роғун ва Душанбе доир гардид. Дар чорабинӣ раиси шаҳри Роғун Сунатулло Саидзода, муовини раиси шарҳи Душанбе Дилбар Одилзода ва муовини аввали раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Шабнам Раҳимзода сухан намуда, иштирокчиёнро дар роҳпаймоӣ то даромадгоҳи НБО “Роғун” ҳамроҳӣ карданд. Иштирокчиён аз рафти сохтмони НБО “Роғун” дидан ва бо сохмончиёни иншоот дар макони фаъолияташон мулоқот намуданд.
Раҷабалӣ Бобохонзода, сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе зимни суханронӣ гуфт: «Дар ин лаҳзаҳои таърихӣ, бо дарки масъулият дар назди миллат, ҷомеаи кишвар, садоқат ба сиёсат ва ғояҳои созандаи Ҳукумати мамлакат, ки тамоми тадбирҳои хешро бо такя ва ибрати имрӯзу фардои ҷавонон тарҳрезӣ намуда истодаанд, шумо сохтмончиён саҳму корномаҳои таърихиву мондагореро анҷом медиҳед, ки насли имрӯзу ояндаи кишвар аз он ифтихор хоҳанд кард. Заҳмату хизматҳои шумо – сохтмончиён, ҷавонони арҷманд ба ҳайси насли ояндасози Тоҷикистони соҳибистиқлол бо эътимод ва ҳуввияти баланди ватандӯстӣ дар ҷараёни талошҳои умумимиллӣ баҳри таъмини истиқлолияти энергетикии Ватани маҳбубамон, ки зери роҳнамоӣ ва ибтикори шахсии Президенти маҳбуби кишвар, бунёдгузори ин иншооти нотакрори аср муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мисоли сохтмони НБО “Роғун” амалӣ мегардад, бо ҳарфҳои тиллоӣ нақш хоҳад гузошт».
Дар чорабинӣ 100 сохтмончӣ барои хизмати содиқона ва саҳми муносиб гузоштан дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар иншооти бузурги аср – НБО “Роғун” бо сипосномаҳо сарфароз шуданд. Ҳамзамон, 10 000 китоби электронӣ ва 500 китоби чопӣ ба фонди китобхонаи НБО «Роғун» тақдим гардид.
Чорабинии фарҳангӣ бо иштироки санъаткорони ҷавон, ки аз тарафи раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе омода шуда буд, пешкаши сохтмончиён шуд.                                                                 

Л. ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»


“ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ”. ЧОР НАФАР СОҲИБИ ШОҲҶОИЗА ШУД
Дар Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ҷамъбаст гардид, ки бори аввал дар таърихи он чор нафар: хонандаи синфи 11-уми МТМУ №51-уми шаҳри Кӯлоб Малика Ҳасанова (номинатсияи адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ), хонандаи синфи 9-уми Мактаби президентӣ дар шаҳри Хоруғ Шаина Мабатқадамова, (номинатсияи адабиёти классики тоҷик), хонандаи синфи 11-уми  МТМУ №69-уми ноҳияи Восеъ Сабрина Шарифзода (номинатсияи адабиёти муосири  тоҷик) ва, хонандаи синфи 3-юми Гимназияи №4-уми шаҳри Душанбе Асилабону Алимова (номинатсияи адабиёти ҷаҳон) соҳиби шоҳҷоиза ва 70 ҳазор сомонӣ шуданд. 
Зимни ифтитоҳи маросими ҷоизасупорӣ муовини Сарвазири мамлакат Дилрабо Мансурӣ зикр намуд, ки Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” бо мақсади  баланд бардоштани завқи китобхониву тақвияти неруи зеҳнӣ миёни аҳолии кишвар, аз ҷумла тарбиятгирандагон ва хонандагони  муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои олии касбӣ ва дигар табақаҳои аҳолии мамлакат гузаронда мешавад. 
Натиҷаи Озмун нишон дод, ки шаҳри Душанбе бо гирифтани 43 ҷой (шоҳҷоиза, 10 ҷойи якум, 15 дуюм ва 17 ҷойи сеюм) мақоми аввал, вилояти Хатлон бо 35 ҷой (ду шоҳҷоиза  се ҷойи якум, 11 дуюм ва 19 ҷойи сеюм) зинаи дуюм, вилояти Суғд бо 29 ҷой (5 ҷойи якум, 10 дуюм ва 14 ҷойи сеюм), Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо 13 ҷой (як шоҳҷоиза, 4 ҷойи дуюм, ва 8 ҷойи сеюм) ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бо гирифтани 10 ҷой (3 ҷойи якум, 2 дуюм, ва 5 ҷойи сеюм) мутаносибан зинаҳои се, чор ва панҷумро касб намуданд.
Ба гуфти ҳакамон баргузории Озмун собит месозад, ки сол ба сол дар мамлакат шумораи ҳаводорони китоб, бухусус миёни кӯдакону наврасон, зиёд мешавад. 
Боиси тазаккур аст, ки Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардида, ҳамасола бо назардошти тағйиру иловаҳо ба низомномаи он мукофотпулӣ низ зиёд мегардад. Ҳамин аст, ки имсол маблағи умумии ҷоиза 4 миллиону 570 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 695 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Гуфта мешавад, ки соли 2025 маблағи мукофотпулӣ барои ғолибон 100 дарсад зиёд мешавад. 

Лола РИЗОӢ, “Ҷумҳурият”



ПАРЧАМ РАМЗИ МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
Дар Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки  сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники хадамоти гумрук Хуршед Каримзода, сардорони воҳидҳои сохторӣ ва ҳайати шахсӣ, ҳамчунин, Қудратулло Мираков, номзади илмҳои техникӣ, дотсенти Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва Олимҷон Шомудинов, устоди калони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Хуршед Каримзода доир ба нақши Парчами давлатӣ дар худшиносию худогоҳии наврасону ҷавонон, дар маҷмуъ, аҳли ҷомеа иброз дошт, ки эҳтиром ва арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла Парчами давлатӣ арҷ гузоштан ба тамоми арзишҳои дирӯзу имрӯз ва фардои миллат аст.
Парчами давлатии мо имрӯз дар радифи парчамҳои дигар давлатҳо парафшонӣ мекунад, ки ҷойи ифтихору сарбаландии ҳар шаҳрванди ватандӯст мебошад. Парчам ягона рамзи сиёсӣ аст, ки аз қаҳрамонӣ ва мавҷудияти фарҳангу оини давлату миллат шаҳодат медиҳад. Тоҷикон аз давраҳои куҳан соҳиби Парчаму Нишони давлатӣ буданд.
Бояд гуфт, ки 24-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Парчами давлатии Тоҷикистон қабул гардид, ки имсол ба қабули он 32 сол пур шуд. Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон аз соли 2009 инҷониб бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расман таҷлил мешавад.
Соли 2011 бо ташаббусу роҳнамоиҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар остонаи Ҷашни 20-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баландтарин парчам дар ҷаҳон, ки баландии сутунаш 165 метр мебошад, барафрохта шуд ва он ба Китоби рекордҳои Гиннесс ворид гардид.
Сипас, баромадкунандагон моҳияти таърихиву фарҳангӣ ва эҳтирому арҷгузорӣ ба ин рамзи нангу номуси ватандориро ёдовар шуда иброз намуданд, ки Парчам барои шаҳрвандони ҳар  давлати соҳибистиқлол мояи ифтихору сарфарозӣ буда, ифодагари ҳимояи марзу бум, забону фарҳанг, Ватану миллат ва нангу номуси фарзандони асили он низ мебошад. Аз ин рӯ, соҳиби парчами миллӣ ва ё давлатӣ будан- ин худ рамзи мустақилияту соҳибихтиёрии давлат буда, парафшонии он дар ҳар гӯшаву канори олам аз мавҷудияти ҳамон давлату миллат башорат медиҳад. Барафроштани парчами миллӣ таҷассуми  симои сиёсии ҳар давлати соҳибистиқлол дар миқёси ҷаҳон мебошад.

Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”


ОСТОНА.  МУЛОҚОТИ СИРОҶИДДИН ИКРОМӢ БО НАМОЯНДАГОНИ БОНКИ ҶАҲОНӢ
Дар доираи конфронси минтақавӣ дар мавзуи “Маблағгузории хатари офатҳои табиӣ ва суғурта дар Осиёи Марказӣ”, ки бо ташаббуси Бонки ҷаҳонӣ дар шаҳри Остона (Қазоқистон) баргузор гардид, муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ ҳамчун намояндаи мақоми назорати суғуртавии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ вохӯрд. 
Дар мулоқот Сироҷиддин Икромӣ аз ҳамкории муфид дар рушди бахши молиявӣ ва суғурта бо Бонки ҷаҳонӣ ҳарф зада, зикр кард, ки ҳамоиши мазкур барои беҳтар кардани ҳаёти иҷтимоию иқтисодии аҳолии минтақа ва рушди соҳаи суғурта аҳамияти муҳим дорад. Баргузории чунин чорабиниҳо барои рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ ва табодули таҷрибаҳо дар самти суғуртаи офатҳои табиӣ, ки метавонад ба бартараф кардани талафот ба кишварҳои минтақа кумак кунад, хеле муфид мебошад. 
Зимни мулоқот, инчунин, дурнамои ҳамкориҳо дар самти таъмини рушди бонизоми бозори суғуртаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан тавассути ба роҳ мондани таҷрибаи пешқадами механизмҳои муосири суғуртаи офатҳои табиӣ, суғуртаи кишоварзӣ, суғуртаи кишт ва ҳосили маҳсулоти кишоварзӣ муҳокима гардида, ҷонибҳо барои тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаи суғуртаи Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори омодагӣ намуданд. 

Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, 
«Ҷумҳурият»


ВМКБ. БАРРАСИИ МАСЪАЛАИ ОМОДАГӢ БА МАВСИМИ ЗИМИСТОН
Дар ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявии зимистонгузаронӣ, ки таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат Усмоналӣ Усмонзода тариқи маҷозӣ баргузор гардид, омодагӣ ба зимистонгузаронӣ дар ВМКБ мавриди баррасӣ қарор гирифт. 

Ашурбой Солеҳзода, муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдо аз натиҷаи санҷиши гурӯҳи кории Ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба рафти омодагӣ ба тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025, ки моҳи сентябр дар шаҳру ноҳияҳои вилоят гузаронда шуд, маълумоти муфассал дод.
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот иброз дошт, ки иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025” таҳти назорати доимӣ қарор дорад. 
Гуфта шуд, ки то ба ҳол дар шаҳру деҳоти вилоят 10743,7 тонна орд, 1279,6 тонна равған, 3148 тонна биринҷ, 1325 тонна шакар, 7941,1 тонна картошка, 3028,7 тонна пиёз ва 15867 қуттии шартии консерва захира шудааст. Инчунин, аз ҷониби Корхонаи фаръии “Захира дар Бадахшон” то якуми ноябри соли равон 400 тонна орд, 14,6 тонна гандум, 24,5 тонна равған, 11,1 тонна биринҷ, 41,5 тонна шакар, 5 тонна макарон, 8,5 тонна марҷумак, 6,2 тонна нахудмайда ва дигар маҳсулоти хӯрокворӣ захира гардидааст. 
Дар нуқтаҳои фурӯши ангишт ва гази моеи шаҳру ноҳияҳои вилоят ба ҳолати якуми ноябр 235 ҳазор тонна ангишт ва 14987 тонна сӯзишвории дизелӣ ва ба миқдори зарурӣ гази моеъ мавҷуд аст. Дар муассисаҳои соҳаи иҷтимоӣ 7056,7 тонна ангишт, 10445,4 метри мукааб ҳезум  ва  4151 литр сӯзишвории дизелӣ, 52,7 тонна орд, 8,2 тонна равған, 11,5 тонна биринҷ, 9,6 тонна шакар, 56,2 тонна картошка, 12,9 тонна пиёз, 3292,3 қуттии шартии консерва захира гардидааст.
Дар корхона ва муассисаҳои соҳаи иҷтимоии ҳудуди вилоят 40 дегхона (бо назардошти дегхонаҳои хурд), 2562 гармкунаки барқӣ, 3975 печи алов мавҷуданд, ки ҳоло пурра дар ҳолати корӣ қарор доранд. 
Тайи даҳ моҳи соли равон дар шабакаҳои интиқолдиҳанда барои дар ҳолати хуби техникӣ нигоҳ доштани хатҳои интиқоли барқ, зеристгоҳҳои 35/10кВ ва баланд бардоштани эътимодияти онҳо корҳои зарурӣ ба иҷро расиданд. Вале бо сабаби камборишии солҳои охир захираи об дар обанбори Яшилкӯл понздаҳ дарсад кам гардид, ки метавонад реҷаи кори неругоҳи “Помир-1”-ро халалдор намояд. 
Ба ҳолати якуми ноябри соли равон маводи зидди лағжиш ва сӯзишвории дизелӣ, аз рӯйи маълумоти муассисаҳои нигоҳдории роҳҳо, сад дасрад захира аст.
Камбудиҳое, ки аз тарафи гурӯҳи кории Ҳукумати ҷумҳурӣ моҳи сентябри соли равон ошкор гардиданд, то якуми ноябр пурра бартараф ва рафти омодагӣ ба фасли тирамоҳу зимистон дар назорати доимии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят мебошад.
Усмоналӣ Усмонзода дар фарҷом аз татбиқи номукаммали лоиҳаҳои давлативу сармоягузорӣ дар самти бунёди неругоҳҳои хурди барқӣ ва панелҳои офтобӣ дар ҳудуди вилоят, хусусан ноҳияҳои Шуғнону Мурғоб ибрози назар намуда, ба Вазорати энергетика ва захираҳои об, Ширкати “Помирэнерҷӣ” ҷиҳати ҷоннок намудани кор дар ин самт дастурҳои мушаххас дод. 

Раҳмони  ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 27.11.2024 №: 236
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив