ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » «ҲАЁТ, АДАБИЁТ, РЕАЛИЗМ»

«ҲАЁТ, АДАБИЁТ, РЕАЛИЗМ»

27 ноябр 2024, Чоршанбе
29
0


Ба ифтихори 100-солагии муҳаққиқ, адабиётшинос, мунаққиди маъруфи тоҷик, устоди шодравон Соҳиб Табаров нахустин бор китоби ӯ бо номи "Ҳаёт, адабиёт, реализм" (Душанбе: Дониш, 2024. – Ҷилди 6.-256с.) ба табъ расид. 

Адабиётшинос ва мунаққид Соҳиб Табаров мақолаҳои илмияшро дар шакли китоби алоҳида бо ин ном нашр мекард. Китоби аввал дар соли 1966 чоп шудааст. Ҷилдҳои дигар дар солҳои 1978, 1983, 1984 ва 1989 аз тариқи нашриётҳои “Ирфон” ва “Адиб” чоп шуда, ба дасти ҳаводорони осораш расидаанд.
Ин ҷилди китоб, яъне ҷилди 6-ум дар соли 1989 омода будааст ва муаллиф дар мактубаш аз директори нашриёти “Адиб” хостааст, ки онро ба нақшаи соли 1990 ва ё 1991 дохил бикунанд. Ҳамин тавр, китоб дар ин солҳо ва баъдҳо низ рӯи чопро намебинад.
Роҳбари “Ганҷинаи нақди адибии Соҳиб Табаров” Олимҷон Табаров онро барои нашр пешниҳод мекунад. Дар китоб 19 мақолаи илмии гуногунмавзуъ ҷой дода шудааст ва масоили адабиётшиносиро ба истиснои як мақола бо номи “Булбули саҳнаи тоҷик”, ки ба фаъолияти овозхонии Шоиста Муллоҷонова, Артисти халқии Тоҷикистон, бахшида шудааст, дар бар мегиранд. Онҳоро муаллиф ба се фасл тақсим намудааст: назарияи адабиёт; нақди шеър; нақди наср. Санаи таълифи мақолаҳо низ гуногун мебошанд: солҳои 60-ум ва 80-уми асри рафта.
Ба китоб Аламхон Кӯчарзода, профессори ДМТ, узви вобастаи АМИТ, бо номи “Мактаби адабиётшиносии Соҳиб Табаров” сарсухани муфассал дар бораи зиндагӣ ва фаъолияти илмиву омӯзгории соҳибҷашн навиштааст.
Барҳақ, Соҳиб Табаров бо меҳнату заҳмати шабонарӯзӣ, саъю талоши беандоза, ҷаҳду сахтгирӣ тавонист, ки мактаби худро ба яке аз мактабҳои пурқувват ва бонуфузи Иттиҳоди Шуравӣ ва Тоҷикистон табдил диҳад.
Тавре Аламхон Кӯчарзода менависад: “Намояндагони мактаби адабиётшиносии устод Табаров паҳлуҳои гуногуни илмҳои филологияи тоҷикро кашф карда ва рушду нумӯ бахшида, дар китоби таъриху фарҳанги Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳифаҳои рангину муътамад ворид намудаанд. Ин мактаб алҳол дар айни рушд қарор дорад”.
Маврид ба зикри махсус мебошад, ки масъалаҳое, ки муҳаққиқ дар солҳои пеш ба миён гузошта ва ҳалли онҳоро тақозо доштааст, имрӯз низ куҳна нашудааст. Ҳамзамон, бояд ба онҳо аз ҷониби адибон, муҳаққиқон, адабиётшиносон, махсусан дар ин рӯзгор, диққат дода шавад. Яке аз ин масъалаҳо офариниши образу типҳои барҷастаи муосирон, характеру типҳои ҷовидонаи бадеии миллӣ мебошад. Муҳаққиқ онро аз муаммоҳои муҳими адабиёти тоҷик ҳисобидааст. “Боз як масъала диққатро ба худ ҷалб менамояд, – менависад Соҳиб Табаров, – ки он ҳам бошад, робитаю ҳамкории илмӣ-назариявии мунаққидону адабиётшиносони Тоҷикистон бо дигар ҳамкасбонашон мебошад”.
Дар бораи баъзе аз навиштаҳои мунаққидон, ки ҷавобгӯи талаботи назарияву амалияи танқиди адабӣ нестанд, муҳаққиқ барҳақ менигорад: “Танҳо баъзе мунаққидон (имрӯз аксари мунаққидон-А.Р.) мепиндоранд, ки ҳар он чизе, ки аз зери қаламҳояшон мебарояд, бе саҳву хато ва тамоман қабулшаванда аст. Ҳол он ки дар як қатор асарҳои ин қабил мунаққидон дар натиҷаи беэътиноӣ ба баъзе конунияту хусусияти таърихӣ – адабии адабиёти тоҷик ба саҳву хатоҳои хурду калон роҳ дода мешавад, ки баъдтар сабаби паҳншавии онҳо дар асарҳои дигарон мегарданд”.
Иқтибоси дар боло овардашуда аз мақолаи “Ҷавобгирӣ дар назди таърих” мебошад, ки онро Соҳиб Табаров соли 1972 таълиф кардааст ва тавре бармеояд, имрӯз низ моҳияташро гум накардааст. Яъне, ин муҳаққиқ низ фаъолияти илмияшро бо дарки ҷавобгарӣ дар назди таърих оғоз бахшида ва идома додааст, аз ин рӯ, таърих меҳнату заҳмати ӯро дар соҳаи адабиётшиносӣ ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад. Таҷлили 100-солагии ин муҳаққиқ ва адабиётшинос гувоҳ бар он мебошад.
“Ҳаёт, адабиёт, реализм” (ҷилди 6) китоби арзишманди илмӣ, таҳқиқотӣ мебошад ва барои доираи васеи хонандагон пешниҳод гардидааст.
Ҷойи таассуф танҳо дар он аст, теъдоди нашри ин китоби мазкур 100 нусха мебошад ва ин на ба ҳами алоқамандону дӯстдорони соҳа дастрас шуда метавонад. Умед аст, ки масъулон дар ин бора низ меандешанд ва барои теъдоди зиёди нашраш саъй ба харҷ медиҳанд.

Абдулқодири РАҲИМ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 27.11.2024 №: 236
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив