ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ХОБИ ОСУДА.  ҲАСРАТИ ЧИҲИЛСОЛАЕ, КИ ДАР ЯК ШАБ БАРОВАРДА ШУД

ХОБИ ОСУДА.  ҲАСРАТИ ЧИҲИЛСОЛАЕ, КИ ДАР ЯК ШАБ БАРОВАРДА ШУД

27 ноябр 2024, Чоршанбе
18
0


Дидани хандаҳои беғаши тифлон, базму тараб ва шабе ором хуфтан аз орзуҳое буданд, ки 40 сол дар ҳасраташон будам. Ин ҳама вақт ба назар кобусеро мемонд, ки интиҳо надошт. Тулонӣ буд. Ҳар рӯзам солро мемонд. То расидан ба Тоҷикистон, рӯзҳоеро дидам, ки ҳеҷ доғашон аз хотир зудуда намешаванд ва ҳамвора пеши назарам меоянд: ғиреви модароне, ки ҷигарбандашонро аз даст додаанд. Аммо “банда ба умед” гуфтаанд. Ман низ ҳамин умед дар дил ба Тоҷикистон омадам ва дар аввалин шаб осудаву ором хобидам... 

Ҳини шунидани ин ҳарфҳо эҳсоси аламоваре вуҷудамро фаро гирифт. Ба чеҳраи гӯянда зеҳн мондам. Баробари қиссаҳои талхи ӯ, ашк дар чашмонаш ҳалқа мезад. Мегиристу мегирист. Гӯяндаи ин сатрҳо Муҳаммадисҳоқ Носирӣ, шаҳрванди Афғонистон, аст, ки гуреза шуда, бо хонаводааш ба Тоҷикистон омад. 4 сол ин ҷо монд ва барои иқомати доимӣ ба шаҳри Торонтои Канада рафт. Инак, се моҳ мешавад, ки он ҷост. 
Аз вақте ки ба Тоҷикистон омад, дар ҳамсоягии мо (шаҳри Ваҳдат) иҷора менишаст. Солҳо рафтуомад кардем. Ӯ тоҷики Афғонистон буд. Мо ҳамсоягии хубе доштем...
Чанде пеш ба ман занг зад. Гӯширо бардоштаму аз он сӯи уқёнус Носирӣ ҳарф мезад. Баъд аз аҳволпурсӣ гуфт, ки Тоҷикистонро ба шиддат ёд кардааст.  
– Ростӣ аз омаданам ба Канада пушаймонам, – оҳи сабук кашиду илова кард, – замони дар Тоҷикистон буданам, эҳсос намекардам, ки ғарибу муҳоҷирам. Гумон мекардам, ки дар Ватани худам ба сар мебарам. Кӯдаконам ҳаррӯзашон бо ханда мегузашт. Касе ба мо кор надошт. Озод будему хушҳол. Ҳоло ки инҷоям, ихтиёрам дасти худам нест. Ҳатто, ба кӯдаконам иҷозаи бозӣ дар кӯчаҳоро намедиҳанд. Агар бори дигар имкон пайдо намоям, ҳатман бармегардам ба сарзамини орзуҳоям –  Тоҷикистони азиз, – гуфт Муҳаммадисҳоқ Носирӣ!
Вақте худ шоҳиди ин гуна воқеаҳо мегардӣ ва мебинӣ, ки мардум барои расидан ба оромиву субот, ба қавле чӣ қадар “азоби гӯр” мекашанд, беихтиёр, ҳисси шукргузорӣ барои соҳибватан будан,  дар вуҷудат бедор мешавад. Ва, ҳамвора, Ватане чун Тоҷикистони ободу осударо аз ҳарвақта дида бештар дӯст медорӣ.
Ин достони кӯтоҳ аз ҳаёти як муҳоҷир буд, ки барои хонаи ободу ором доштан ҳамеша дар кӯч аст. Ин ва рӯзгори талхи ҳазорҳо гурезаи дигар дарсест омӯзанда. Касро водор мекунад то сари авзои ногувори ҷаҳону суботи Тоҷикистон андеша кунад. 
Ин ҳама файз, сулҳу суботу оромии кишвар бо заҳмату талошҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд. Каломи сулҳ дар лаб Кобулу Теҳрону Маскав рафтанд, то Тоҷикистони оғуштаи ғамро ба диёри шодмониҳо мубаддал созанд. 
Пас, қарзи шаҳрвандии ҳар сокини ин Ватани маҳбуб аст, ки ба хидматҳои мондагори Сарвари ваҳдатшиори худ ҳамеша арҷгузор бошанд ва оромии сарзамини худро агарчи бо баҳои ҷон ҳам бошад, ҳифз намоянд. Шукри хобҳои осуда кунанд. 

Шодмони АБДУРАҲИМ,
“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 27.11.2024 №: 236
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив