ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » СОҲИБ ТАБАРОВ. ТАҶЛИЛИ 100-СОЛАГИИ МУНАҚҚИДИ НОМВАРИ ТОҶИК ДАР ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОН

СОҲИБ ТАБАРОВ. ТАҶЛИЛИ 100-СОЛАГИИ МУНАҚҚИДИ НОМВАРИ ТОҶИК ДАР ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОН

29 ноябр 2024, Ҷумъа
15
0


Дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон 100-солагии Соҳиб Шуҳратиевич Табаров, адабиётшинос, мунаққид, омӯзгори варзида, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ таҷлил гардид.
Муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагон Ато Мирхоҷа ҳамоишро бо сухани муқаддимавӣ ифтитоҳ бахшид ва дар ин зимн аз фаъолияти адабиётшиносӣ, мунаққидӣ, омӯзгории С. Табаров ёдовар шуд. Аз ҷумла изҳор дошт, ки саҳми ин муҳаққиқи барҷаста дар рушди адабиёти муосири тоҷик, ҳидояти дурусти адибон барои офаридани асарҳо ва характерҳои барҷастаи миллӣ зиёд ва фаромӯшношуданӣ аст. Ҳамзамон, ин устоди адолатоин дар ҳимояи истеъдодҳои ҷавони давр бо ҷасорати том баромад мекард.
Устод С. Табаров, воқеан тавонист, ки мактаби  адабиётшиносии худро ба вуҷуд биёрад. Эътирофи ин мактаб ва рушду  амали пурсамар доштани он аз ҷониби  адабиётшиносони чех Ян Рипка, Иржи Бечка ва дигар муҳаққиқони соҳа гувоҳ аз заҳмату таҳқиқоти пурарзиши ин олиму омӯзгори барҷаста мебошад.
Адибону адабиётшиносон Аскар Ҳаким, Абдунабӣ Сатторзода, Абдулҳай Маҳмадаминов, Аламхон Кӯчарзода, Боймурод Шарифзода, Ҳафиз Раҳмон, ки ҳамагӣ шогирди ин устоди зиндаёд дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буданд, дар бораи рӯзгори ибратомӯз ва фаъолияти илмиву осори мондагораш баромад карданд.
Тавре Аламхон Кӯчарзода ёдовар шуд: “Ба илм ошноӣ пайдо кардани олими ҷавон ҳанӯз аз синни 14-солагӣ оғоз ёфта буд ва ӯ солҳои таҳсилаш дар аспирантура (1945-1949) ва сабақомӯзӣ аз Е. Э. Бертелсу А. Мирзоев барин адабиётшиносони маъруф чун мутахассиси варзида ба камол расид, ба дараҷае, ки макотиби олӣ ва муассисоти илмию матбуоти ҷумҳурӣ ба асару мақолаҳои ӯ рӯи ниёз доштанд.
Фаъолияти илмӣ, танқидӣ ва омӯзгории устод Табаров тавъам, ҷиддӣ ва бурдборона буда, ба ҳаёти илмию фарҳангии мамлакат зиёда мусоидат дошт”.
Рисолаҳои таҳқиқотии С. Табаров бо номҳои “Пайрави Сулаймонӣ”, “Мирзо Абдулвоҳиди Мунзим”, “Беҳбудӣ”, силсилаи асарҳояш дар бораи Абдуррауфи Фитрат, ки дар шакли китоб бо номи “Ҷаҳони андешаҳои Фитрат” нашр гардидааст ва “Зиндагиномаи Садриддин Айнӣ (1875-1899)” дар баробари дигар асарҳои илмӣ-таҳқиқотияш аз шоҳкориҳои ӯ ба шумор мераванд. Аз онҳо дониши фаррох ва академии ӯ бо фаъолияташ равшан ба назар мерасанд.
С. Табаров то дами вопасини зиндагияш омӯхту пажӯҳиш намуд ва асарҳои мондагорашро хастагинопазирона таълиф кард.
Яке аз мақолаҳои ин устоди зиндаёд, ки дар ҷилди 6-уми асараш бо номи “Ҳаёт, адабиёт, реализм” ҷой дода шудааст, “Ҷавобгарӣ дар назди таърих” ном дорад. Рӯзгору корашу осораш аз он шаҳодат медиҳад, ки ӯ ин ҷавобгариро хуб мешинохт.
Олимҷон Табаров, хешованди соҳибҷашн гуфт, ки шумораи “Дафтари 96-варақаи “Таассуроти ақлу дил”-и устод беш аз 120 (126) адад мебошад ва ӯ онҳоро барои нашр омода карда истодааст. Ҳамчунин, башорат дод, ки ҷилди VII “Ҳаёт, адабиёт ва реализм”-и С. Табаровро Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ба табъ расонд.
Гиромидошти Соҳиб Табаров ва таҷлили 100-солагии ӯ гиромидошти адабиёт, адабиётшиносӣ ва дастовардҳои истиқлоли давлатӣ мебошанд. 

Абдулқодири РАҲИМ, “Ҷумҳурият” 

Санаи нашр: 29.11.2024 №: 237
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив