ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТОҶИКИСТОН ПАРЧАМБАРДОРИ СУЛҲ ДАР ҶАҲОН АСТ

ТОҶИКИСТОН ПАРЧАМБАРДОРИ СУЛҲ ДАР ҶАҲОН АСТ

29 ноябр 2024, Ҷумъа
18
0


Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши муштараки ғайринавбатии арабию исломӣ, ки  11-уми ноябри соли ҷорӣ  дар шаҳри Риёзи Подшоҳии Арабистони Саудӣ баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуданд. Сарвари давлати мо бо таассуф изҳор доштанд, ки талошҳои Созмони Милали Муттаҳид дар самти ба эътидол овардани вазъ дар Ховари Миёна самара намедиҳанд. Шурои амнияти ин ниҳоди бонуфуз бо сабаби ихтилофи назар, ҳатто дар робита ба қабули як қатъномае, ки ҳифзи ҷони аҳолии осоиштаро дар назар дорад, ба мавқеи ягона омада наметавонад.
Ин дар ҳолест, ки шиддат гирифтани оташи ҷанг, задухӯрдҳои мусаллаҳона, тавсеа ёфтани майдони онҳо ва печидатар шудани буҳрони башарӣ дар ин минтақа сокинони  сайёраро  ба таҳлука андохтааст. Воқеан, пайомадҳои фоҷиабори амалиётҳои ҳарбӣ дар навори Ғазза ва Лубнон минтақаро дар рӯёрӯи буҳрони бесобиқаи гуманитарӣ қарор дода, вазъиятро мураккабтар сохтаанд.  
Тибқи иттилои СММ, дар баробари бад шудани вазъ шумораи одамоне, ки аз Лубнон фирор мекунанд, ба ним миллион нафар мерасад. Аксари онҳо дар Сурия ба сар мебаранд. Инчунин, вазъ дар Ховари Миёна, ки боиси нигаронӣ аст, бадтар мешавад. Коршиносон аз гуруснагии оммавӣ дар шимоли Ғазза ҳушдор медиҳанд, ки дар он ба ҳаёти мардуми маҳаллӣ таҳдид мекунад. 
Илова бар ин, дар минтақа бемориҳои гуногун, аз ҷумла фалаҷшавии кӯдакон авҷ гирифтаанд. Рик Пиперкорн, намояндаи Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар қаламрави ишғолшудаи Фаластин изҳор дошт, ки маъракаи эмгузаронии фалаҷи атфол дар минтақаҳои сераҳолӣ сурат гирифт. СҶБ гузориш медиҳад, ки дар марҳалаи охирини ин маърака дар шимоли Ғазза тақрибан 88 дарсади кӯдакони то 10-сола эмгузаронӣ шудаанд.  
Дар ҳамин ҳол, вазъ дар Лубнон низ бад шуда истодааст. СҶБ аз 8-уми октябри соли 2023 103 ҳамла ба муассисаҳои тиббиро сабт кард.
Тибқи маълумоти ин Созмон, аллакай 17 беморхона фаъолияташро қатъ кард. Ҳамзамон, дар минтақаҳои амалиёти ҷангӣ 127 ё қариб 60 дарсади марказҳои саломатӣ маҷбур шуданд, ки баста шаванд.
Ҳамин тавр, ниҳодҳои СММ низ ҳушдор медиҳанд, ки вазъи дастрасии маводи ғизоӣ дар Лубнон ва навори Ғазза рӯз ба рӯз бадтар мешавад.  
Дар ин росто, ҳайати Тоҷикистон дар кори Ҳамоиш  аз тарафҳои даргир даъват намуд, ки ҳамаи ихтилофотро  танҳо аз роҳҳои гуфтушунид ва тавассути абзорҳои дипломатӣ бо истинод ба усулу меъёрҳои эътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ, бахусус Оинномаи Созмони Милал ҳал намоянд.
Дар ин ҳол, Президенти Тоҷикистон аз тақвияти нақши ҳамоҳангсози Созмони Милали Муттаҳид ва ҳар гуна талошҳои дигари созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони ҳамкории исломӣ ҷиҳати ба эътидол овардани вазъ дар минтақа ҷонибдорӣ карданд.
Пешвои миллат зимни Ҳамоиш иброз доштанд, ки Тоҷикистон ба қадри имкон дар ин кор саҳм гирифтааст ва дар оянда низ ҳисса хоҳад гузошт. Ҳамчунин, зикр намуданд, ки пешниҳоди Тоҷикистон дар ҷаласаи 79-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба қабули қатъномаи махсус дар бораи эълон кардани “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” ҳадафи сулҳофарӣ ва ҳалли мусолиматомези мушкилиҳои ҷаҳонро дорад.
Ҳамин тавр, Сарвари давлат бори дигар дар масъалаи даргириҳои Ховари Миёна мавқеи Тоҷикистонро таъкидан баён намуданд. Ин мавқеъгирии Пешвои миллат боз ҳам дар сархати расонаҳои ҷаҳон, алалхусус агентиҳои иттилоотии кишварҳои араб, ҷо гирифт. Ва имрӯз номи Тоҷикистон ҳамчун кишвари сулҳофар дар ВАО-и олам давр мезанад. 

Шодмон АБДУРАҲИМ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 29.11.2024 №: 237
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив