ПРЕЗИДЕНТИ МО – ИФТИХОРИ МО
Баъд аз заволи Иттиҳоди Шуравӣ ва аз даст рафтани зимоми давлатдории ягона, ҳамаи кишварҳои узви он истиқлоли худро ба ҷаҳониён эълон намуданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қиёс ба дигар ҷумҳуриҳо Эъломияи Истиқлолияти давлатии худро ҳангоме ба имзо расонд, ки вазъи сиёсии кишвар хеле муташанниҷ буд ва душманони миллати тоҷик мехостанд дар миёни халқ ҳадафҳои нопоки худро амалӣ созанд. Бадхоҳон вазъи сиёсии кишвари моро ноором сохтанд, мардумро ба майдон кашиданд, бесарусомонӣ ба вуҷуд оварданд ва хуни инсонҳои бегуноҳро рехтанд.
Сар задани ҳодисаи баҳманмоҳи соли навади қарни гузашта бадхоҳони миллати моро мутмаин сохт, ки метавонанд зина ба зина ҳадафҳои нопоки хешро дар амал татбиқ намоянд. Онҳо мардуми ноогоҳро ба ду гурӯҳ қисмат карда, якеро ҳаводори давлати исломӣ ва дигарро тарафдори давлати дунявӣ муаррифӣ намуданд. Бо ин қонеъ нагардида, муқовимати сиёсии тарафҳоро тадриҷан ба муқовимати мусаллаҳона табдил дода, барои оғози ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ замина фароҳам сохтанд. Вазъият торафт тезутунд мегардид ва оташи ҷанг бештар аланга мегирифт. Мардуми табиатан орому ботамкинро, ки ҳамзистии осоишта дар тули қарнҳо пиндораш буд, даҳшат фаро гирифту ба сарсониҳо афтод. Бархе роҳи наҷотро дар тарк намудани хоки аҷдодӣ диданд. Ҳастии миллату давлати ба тозагӣ истиқлолёфтаро хатари нестӣ таҳдид мекард.
Дар ҳамин шабу рӯзи фалокатбор, моҳи ноябри соли 1992, бо ташаббуси онҳое, ки нисбат ба тақдири миллати хеш бетараф набуданд, Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват гардид, ки дар Қасри Арбоб баргузор шуд. Халқи Тоҷикистон бо чашми умед ба ин Иҷлосия менигарист. Интизор буд, ки он метавонад қатъи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, омили ба эътидол омадани вазъият, василаи поягузории давлати навини тоҷикон гардад. Дар он айёми барои давлату миллат сарнавиштсоз на ҳар кас ҷуръат мекард, зимоми давлатдориро ба даст бигирад. Дар ҳамин гуна вазъ касе барои ба маснади Раиси Шурои Олии Тоҷикистон интихоб гардидан розӣ шуд, ки бо амалу суханрониҳояшон мардум, аллакай, ӯро дӯст дошта буд ва дар симояшон наҷотбахши хешро медид. Сарвари тозаинтихоб хуб медонистанд, ки бунёди давлати навин, ба эътидол овардани вазъият, хотима бахшидан ба ҷанг, баргардондани гурезаҳо ва муҳайё кардани зиндагии осоишта кори саҳлу осон нест, аммо нангу номус, масъулият дар назди насли оянда водор сохт, ки ин масъулияти бисёр муҳимро бар дӯш гиранд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои хеш дар мавриди Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ чунин изҳори назар намуданд: «Ба назари аввал иҷрои нақшаҳое, ки дар он Иҷлосияи таърихӣ ба хотири оштии миллӣ ва таъмини сулҳи деринтизор кашида шуданд, ғайриимкон менамуд. Зеро ҳанӯз оташи ҷанг аланга мезад ва кишвар харобазор гашта, садҳо ҳазор шаҳрвандони мо дур аз Ватан ва сарсону саргардон умр ба сар мебурданд. Вазъият боз аз он сабаб печидаву мураккаб буд, ки сохторҳои асосии ҳокимияти давлатӣ пурра фалаҷ гардида буданд. Бо вуҷуди ҳамаи ин шуълаи умед дар дилам лаҳзае хомӯш намешуд. Ман ба раҳми Парвардигор, ба хиради азаливу иродаи поки халқам бовар доштам ва ҳамеша ба неруҳои солим ва руҳи сулҳхоҳонаи миллати тоҷик такя менамудам».
Имрӯз аён аст, ки Сарвари давлат ба ҳар қавле, ки дар Иҷлосияи таърихӣ дода буданд, содиқ монда, кишварро дар муддати кӯтоҳ аз вартаи ҳалокат берун кашиданд. Маҳз хирадмандӣ, дурандешию ояндабинии Пешвои муаззами миллат буд, ки дар ибтидо вобаста ба ҳалли масоили мубрам иқдомоти амалӣ сурат гирифт. Дархости ёрӣ аз Созмони Милали Муттаҳид ва ҷомеаи ҷаҳонӣ, барқарор кардани ҳокимият ва мақомоти идоракунӣ дар қаламрави кишвар, ба роҳ мондани фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, баргардондани гурезаҳо ва таъмини амнияти онҳо, ба низом даровардани кори ташкилот, муассисаҳову корхонаҳо, зина ба зина рушд додани сохтори мухталифи хоҷагии халқ ва ислоҳоти онҳо, ҷиҳати таъмини амнияти озуқаворӣ ба аҳолӣ тақсим карда додани замин, таҳия намудан ва рушди қонунгузорӣ дар кишвар, таъсис додани Артиши миллӣ, пайвастан ба узвияти созмонҳои байналмилалӣ, ба роҳ мондани ҳамкории ҳамаҷониба бо дигар давлатҳо, сари мизи музокирот овардани мухолифон, эълони сиёсати “дарҳои кушода” аз ҷумлаи чунин иқдомҳои созанда буданд.
Агар дигар ҷумҳуриҳои собиқ шуравӣ аз ин давлати абарқудрат мерос гирифта, соҳиби қисмҳои низомию техникаи ҳарбӣ гардида бошанд, бар асари даргириҳои дохилӣ кишвари азизи мо аз ин мерос бенасиб монд ва Артиши миллӣ бидуни ҳеҷ як замина, бо ташаббуси муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷойи холӣ ташкил ёфт. Ба вазъияти ногувору душвориҳои сиёсию иқтисодӣ нигоҳ накарда, 6-уми ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Гуфтушунид ва музокирот бо мухолифон оғоз ёфт. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо вуҷуди таҳдиди хатар ба ҷони хеш манфиати давлату миллатро афзал шумурда, барои мулоқот ба сарварони мухолифон ба Хусдеҳи Афғонистон сафар карданд, ки ин амал аз ҷасорати фавқулодаи Пешвои муаззами миллат дарак медод. Иқдоми наҷибу ҷавонмардонаи дигари муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он шабу рӯзе, ки нооромию даргириҳо идома дошт, он буд, ки барои мулоқот бо мардум ба манотиқи мухталифи кишвар сафар намуда, бо халқ аз наздик дидору суҳбат мекарданд.
Маҳз ҳамин мулоқотҳо буданд, ки боис ба тағйири назари афроди ҷангҷӯй гардид ва бо гузашти чаҳор соли пур аз ҷонбозиҳо 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Маскав Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ ба имзо расид. Халқи тоҷик бо роҳнамоии Роҳбари хирадманди худ аз санҷишу имтиҳони сахти таърих сарбаландона гузашт, хатари маҳвшавӣ рафъ гардид, пайи таҳкими пояҳои давлатдорӣ саъю талошу кӯшишҳои беназир сурат гирифт. Пешвои миллат тавонистанд зимни суханрониҳои худ аз минбари созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ назари ҷаҳониёнро нисбат ба мо – тоҷикон дигар созанд.
Сиёсати сулҳофарии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дер боз ҳамчун мактаби омӯзиш эътироф гардидааст. Барҳақ, Сарвари давлати мо бо ташаббусҳои байналмилалиашон вобаста ба обу иқлим, мубориза бо терроризму экстремизм, таҳкими сулҳу ҳамдилӣ дар саҳнаи сиёсати байналмилалӣ ҳамчун мунодии сулҳи ҷаҳонӣ, хайрхоҳи аҳли башар шинохта мешаванд, ки ифтихори ҳар фарди худогоҳи ин Ватани маҳбуб аст.
Барно САИДВАЛИЗОДА,
сардори Хадамоти иҷрои назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ,
генерал-майори милитсия