ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » АГЕНТИИ СОДИРОТ ВА ИҚДОМҲОИ АМАЛӢ ДАР  СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ

АГЕНТИИ СОДИРОТ ВА ИҚДОМҲОИ АМАЛӢ ДАР  СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ

02 декабр 2024, Душанбе
7
0

Соли ҷорӣ аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сӣ сол сипарӣ гардид ва чанде пеш мардуми сарбаланди тоҷик ин санаи муборакро дар фазои осудаи Ватани маҳбуб бо шодиву нишот ва шукргузорӣ аз ҳаёти осоишта ҷашн гирифтанд. Муҳимтарин ибтикоре, ки дар ростои ин сол сурат гирифт, бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсия аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани соли 2024 ҳамчун Соли маърифати ҳуқуқӣ мебошад, ки барои худогоҳӣ ва тавсеаи донишҳои ҳуқуқӣ мусоидат намуд.

Бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ ва расидан ба ҳадафҳои дар заминаи он пешбинишуда дар Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳо таҳия гардида, то кунун дар асоси он корҳои муайян анҷом дода шуданд. Аз ҷумла, ба манзури пешбурди корҳои доимӣ дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии кормандони Агентӣ гурӯҳи кории доимӣ иборат аз 7 нафар созмон ёфт. Дар ин робита, ҷиҳати тарғибу ташвиқи васеи меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, бо ҷалби ҳуқуқшиносон, коршиносони масоили ҳуқуқӣ ва роҳбарону мутахассисони Агентӣ семинару мизҳои мудаввар доир карда шуданд.
Гузашта аз ин, бо мақсади таҳкими самарбахши фаъолияти кормандон, баланд бардоштани касбият, донишу малака, ҳисси масъулиятшиносӣ ва таҳкими арзишҳои ҳуқуқии хизматчиёни давлатӣ бо фармоиши Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12-уми январи соли 2024, №2/2 нақшаи машғулиятҳои идоравии хизматчиёни давлатии Агентӣ барои соли 2024 таҳия ва тасдиқ гардид. Тибқи нақшаи мазкур, бо иштироки роҳбарият, ҳайати васеи кормандон ва ҷалби олимону коршиносон, мутахассисони варзида аз мақомоти мухталифи кишвар, аз ҷумла Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Маркази тадқиқоти стратегӣ, Академияи идоракунии давлатӣ суҳбату нишастҳои муфид сурат гирифт. Дар ҳамоишҳо шарҳ ва моҳияти амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18-уми марти соли 2024, №АП-533 “Дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024», “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқҳои инсон барои давраи то соли 2038”, «Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028», “Нақши хизматчии давлатӣ дар пешгирии терроризм ва экстремизм”, «Санадҳои қонунгузорӣ, байналмилалӣ ва барномавӣ дар бораи муқовимат бо коррупсия», «Сиёсати иҷтимоии давлат ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум дар партави Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030», «Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» аз ҷумлаи мавзуъҳои меҳварӣ қарор дода шуданд. Муҳимтарин маводу матолиби нишасту мизҳои гирди анҷомшуда дар шакли мақола омода гардида, дар матбуоти даврӣ ба нашр расонда шуданд. 
Тадбирҳои андешидашуда ва ташкили чорабиниҳои зикршуда судманду хотирмон буданд ва ба таҳкими маърифати ҳуқуқии кормандони Агентӣ, баланд бардоштани савияи дониши онҳо мусоидат карда, таконбахши иҷрои вазифаҳои хизматӣ гардиданд.

Низомиддин ҚОСИМОВ, 
сармутахассиси раёсати муносибатҳои беруна,
маркетинг ва логистикаи Агентии содироти назди 
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи нашр: 02.12.2024 №: 238
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив