ЗАМОНЕ МАЁСОЙ АЗ ОМӮХТАН
Нашриёти «Бебок» китоби профессор С. Ятимов «Муаллими ман»-ро ба табъ расонд.
Қаҳрамонони марказии китоб муаллимон ва шогирдон мебошанд. Вуқуъ ва ҷараёни ҳодисаҳо дар навишта аз «дарки одӣ то тафаккури хаёлӣ ва гузаштан аз он ба амалия, ки масири диалектикии дарки ҳақиқат, дарки воқеияти ҳастӣ»-ро ташкил мекунад, иборат мебошанд.
Таъйиноти нашрро муаллиф чунин муайян кардааст:
«Дар китоб, маҷмуи мақолаҳо вобаста ба фаъолияти омӯзгории муаллимони мактабҳои миёна ва олӣ, ки муаллиф хизмати онҳоро дар тарбия ва ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ, маърифатнокӣ ва бедор кардани ҳисси донишандӯзии наврасону ҷавонони замон фавқулода арзишманд мешуморад, гирд оварда шудаанд.
Китоб барои мутолаа ба кормандони соҳаҳои илму маориф, аҳли ҷомеа, алалхусус наврасону ҷавонон, тавсия дода мешавад».
Ба назари инҷониб, на танҳо муҳтавои асар, ки пештар дар шаклҳои алоҳида тавассути васоити ахбори омма манзури хонандагон гардида буд, навгонии нашр дар муқаддима ва хулосаи он дида мешавад. Муаллиф ҳамакнун дар китоб имкон пайдо кардааст, ки мақсуд, ҷавҳари андеша ва дидгоҳи худро бо пешниҳоди маҷмуи мақолаҳо тафсир намояд:
КАСЕ К-Ӯ БА ДОНИШ ТАВОНГАР БУВАД
(ба ҷойи сарсухан)
Вақте сухан дар бораи дараҷаи судмандии зиндагии инсон меравад, зарур аст, зуҳурот ва ҷараёнҳо бо мафҳумҳо ифода гарданд. Ин шакли мантиқӣ имкон медиҳад, ки муҳокимарониҳо ва хулосабарориҳо сарчашмаи маънавии неруманд дошта бошанд. Моҳиятро ифода кунанд.
Вожаи «муаллим» мафҳум ва истилоҳ аст. Хосияти муайянкунандагӣ дорад. Аз лиҳози маънӣ бузургтар, амиқтар аз дарк, эҳсос ва тасаввури як зуҳурот мебошад. Воҳиди маъноиест, ки барои расидан ба умқи зуҳурот, тафаккур қодир аст аз шакл то ба моҳияти масъала расидагӣ дошта бошад. Аҳамият ва зарурати муроқибат наздикшавӣ ба асли масъаларо тафсир намояд.
Решаи истилоҳ илм аст. Ҳамин хосият мавзуъро «мушкил» месозад. Мафҳумро дар чаҳорчӯбаи мушаххас ҳифз мекунад. Хосият, мундариҷа, вазифа ва функсияи сохтории мансуб ба онро муайян менамояд. Тавассути флексияи дохилӣ, ки аз хосиятҳои забони арабист, аз исми абстракт субъекти фаъол меофарад. Яъне шахсе, ки бо илм сарукор дорад, онро таълим медиҳад, мефаҳмонад, меомӯзад, ба шогирдон омӯзиш медиҳад. Дар ин маврид ҷиддияти масъала дар он аст, ки тамоми зуҳуроти ҳастиро муаллим дар доираи ҳамин истилоҳ тафсир ва исбот менамояд.
Маҳз бо ҳамин сабаб, муаллим аз лиҳози мавқеъ ва манзалати иҷтимоӣ, вобаста ба таъйиноти аслии худ ҳамчун шахсияти соҳибкасб, доно, тавоно ва ватанпарвар танҳо ба илм такя мекунад. Дигар намуди донишҳоро бо чирадастӣ ва балоғатсолорӣ дар хизмати илм қарор медиҳад. Вассофи андеша ва руҳияи маърифатнокӣ, ҳушмандӣ, сарлавҳаи ифтихору нангу номуси руҳбахши давлатдории миллӣ, хирадмандиву хирадситоӣ, ташвиқгари ростиву растагорӣ, масъулиятшиносиву худогоҳӣ, ангезандаи шаъну шарафу ғурури тоҷикият ва рисолатшинос мебошад.
Муаллим бузургтарин унвонест, ки дар кулли таърих инсон фикр карда баровардааст. Ҳар як дарси ӯ мақсаднок аст. Ба рушду нумӯ ва шоистасолории ҳаёти аҳли башар равона гардидааст. Сутургӣ ва шавкати инсон ба дараҷаи илму дониш вобастагӣ дорад. Муаллим офарандаи эъҷозу корнамоиҳост.
Маҳз ана ҳамин маънӣ оғози ҳар мавзуи китоб аст, ба мисли «Касе, к-ӯ ба дониш тавонгар бувад», «Сухан монад аз мо ҳаме ёдгор», «Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ», «Ба дониш равонро тавонгар кунед», «Зи дониш беҳ андар ҷаҳон ҳеҷ нест», «Сардафтари ояти накуӣ», «Муаллим – чароғи илму ирфон», «Муҷассамаи идроку хиради азалӣ», «Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор».
Агар рӯшантар сухан гӯем, нависанда бо дарки амиқи рисолати маънавӣ, эҳсоси бузурги маорифпарвариву ватанпарастӣ кулли ҷомеаро ҳарчи зудтар ба рӯ овардан сӯйи донишу фарҳанг, фосила гирифтан аз хурофоту тангназарӣ, торикиву ҷаҳолат, бегонапарастӣ, ки аз авомили сияҳрӯзии ҷомеаи башарӣ мебошанд, даъват мекунад.
Муаллиф муҳтавои зеҳнияти худро дар бораи нақши илму маърифат, мактаб ва омӯзгор дар шакли зайл тафсир ва хулосабардорӣ намудааст:
АГАР ДАР ҶАҲОН НАБВАД ОМӮЗГОР
(ба ҷойи охирсухан)
Масъалаи илм, дониш, маърифат аз қадимтарин мавзуи рӯзгор, ахлоқ ва маънавиёти миллати тоҷик буд ва ҳаст. Мисраҳои «Дониш андар дил чароғи равшан аст» (Рӯдакӣ), «Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад» (Фирдавсӣ), «Донишо... бебаҳоӣ, вале аз ту баҳост» (Шаҳиди Балхӣ), суханҳои «То ҷаҳон буд, мардум гирди дониш гаштанд» (Абумансурӣ), «Ва бидон, ки олами ҷаҳл зулмотест ва олами илм оби ҳаёти зулмот аст. Агар ҳар кӣ оби ҳаёти илм дар мазраи дил биронад ва ниҳоли илм биншонад, номи ӯ абаддудавр боқӣ монад» (Ровандӣ), намунае аз чунин маслиҳат, насиҳат ва дастурҳои маънавию, ҳушдордиҳандаи амалӣ дар шароити навин ҳастанд.
Ҳазорҳо асарҳои илмиву таърихӣ, қиссаву достонҳо, ғазал, қасидаву байт, рубоиву қитъа, осори дигари назмиву насрӣ, ки дар адабиёти классикӣ ва муосири тоҷик гуфта шудаанд, намунаҳои ташвиқу тарғиби илму дониш ва маданияту маърифати халқи куҳанбунёди мо мебошанд.
Худи офарандагони ин ганҷинаи бебаҳои сухан, ки ба хазинаи тиллоии башарият ворид гаштаанд, аз устодон ва омӯзгорони бани Одам мебошанд.
Маҳз онҳо мардумони моро гаштаву баргашта огоҳ менамоянд, ки ҳар як фарди миллат бояд масъулиятшинос, худогоҳ, сарафроз, шарафманд, инсонгаро, соҳиби шарафу ғуруру нангу номуси миллӣ, меъмори бегазанди давлатдории миллӣ, бузургдоранда, сарлавҳаи ифтихору ному нанги Ватан – Тоҷикистони азиз, таърихофарин, руҳбахши халқи куҳанбунёди худ бошад. Дастбурди чунин ком бардоштани гом аз роҳи донишу хирад бувад.
Аммо ин донаҳои заррини боровар ниёз ба деҳқони асили сарзамини моддӣ ва маънавии тоҷикон – муаллим доранд. Агар корандаи тухми илму маърифат, ки ӯро омӯзгор ном аст, набошад, яқин, танзим ва равшангароии рӯзгор чун орзуи носозгор боқӣ хоҳад монд.
Итминони комил бар он аст, мардуми тоҷик аз рӯзгори ҳазорсолаи фоҷиабори таърих сабақ гирифта, кишвари аз барзгарон – фидоиёни Ватан меросгирифтаро, ба коридани мазраи илму дониш, чун ҷавшани ҳастӣ, барои ҳимояи манфиатҳои миллӣ сафарбар хоҳад кард. Алорағми нақшаи ғаразмандон, ки «замонаро саросар пур аз ҷанг ва ба ҷӯяндагон бар ҷаҳон танг» (Фирдавсӣ) овардаанд, ба корзори тавлиди ҷаҳонбинии миллӣ, омӯзгорон – боз ҳам носеҳони ҳушманд ва донишварони хирадмандро ворид месозад.
Намунаҳои чунин ҷавонмардӣ дар мисолҳои зиндаи устодони бузургвор – шахсияти муаллимони асри гузашта, сарбозони ҷонфидои дирӯзу имрӯзу фардои Ватан оварда шуданд.
Итминони комил бар он аст, ки чунин падидаҳои ватанпарварона дар саросари кишвари азизи мо то ҳол буданд, ҳастанд ва ин анъанаи бузургу ҷовидона чун чароғи абадии миллати соҳибтамаддун раҳбурди моро минбаъд ҳам равшан хоҳанд кард.
Дорюш РАҲИМЗОДА