ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ПАДАРАМ  “ТОҶИКИСТОНИ СОВЕТӢ” МЕХОНД

ПАДАРАМ  “ТОҶИКИСТОНИ СОВЕТӢ” МЕХОНД

02 декабр 2024, Душанбе
4
0


Соли 1962 ман дар синфи нуҳи мактаби миёнаи рақами 22-юми Ҷамоати деҳоти Гумбулоқ, имрӯза Меҳробод, мехондаму падарам раиси комиссияи тафтишотии колхози ба номи Ленин буд. Аз боиси виҷдони пок доштанаш, дар таърифи ӯ мегуфтанд: “Ранги Хол Муъмин даҳ каси дигар мешуд, барвақт ба коммунизм мерасидем”. Ӯ баъди хатми техникуми шаҳри Душанбе аз соли 1932 то соли 1947 омӯзгор буд. Пасон ба корҳои хоҷагию ҳизбӣ гузашт.
Бисёр мехонд. Аз донишмандии Бобоҷон Ғафуров, котиби якуми Партияи коммунистии Тоҷикистон ҳарф мезад. “Ӯ ҳам роҳбари доно, ҳам олими тавоност”, – мегуфт. Газетаҳои ҳаррӯзаро мутолаа мекард. Аз кору бори пешқадамони саҳро, фермаҳои чорводорӣ хабарҳо менавишт. Мақолаҳояш дар “Тоҷикистони сурх” чоп мешуданд. Маҷмуаи аввалини Мирзо Турсунзода “Байроқи зафар” мудом дар ҷайбаш буду шеърҳояшро аз ёд медонист. Худ ҳам шеър менавишт. Ифтихор дошт, ки ҳамсин ва ҳамдарси устод Турсунзода аст. 
Хол Муъмин рӯзномаҳоро, асосан, дар хона мехонд. Аз кор баргаштан замон мепурсид: “Даҳмарда газета овард?”. Агар “ҳоло не” мешунид, ғурбат мекард. Хаткашон Даҳмарда Розиқов, иштирокдори Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, ҳар рӯз аспсавор хона ба хона рӯзнома тақсим менамуд, хат меовард. “Ҷумҳурият”-и ҳозира, ки бо номи “Тоҷикистони советӣ” мебаромад, аз газетаҳои дӯстдоштаи падарам буд. “Воқеаҳои ҷолиби ҷаҳонро ҳамин рӯзнома чоп мекунад”,- мегуфт ӯ. Сабаби дигари писандидани “Тоҷикистони советӣ” ҳамин буд, ки мақолаҳои танқидӣ чоп мекард. Падарам, вақте дар газета фелетонро медид: “Инро бодиққат хондан даркор”, – мегуфт. 
Газетаҳо баъди пурра аз назар фуровардани падар ба ман мерасиданд. Ин кор ба ӯ хуш меомад. “Хон, доно шав, аз ҷаҳон огоҳ шав!” таъкид мекард. Бо талқини падар аз сездаҳсолагӣ газетахон шудам. Дар синфи ҳашт буданам, газетаи “Қаротегини советӣ” унвонии “Духтур раис шуд”, матлаби фиристодаамро ба табъ расонд. Он солҳо якчанд ноҳияҳо як рӯзнома доштанд, яъне муттаҳида ва он дар Ғарм чоп мешуд.  
Боре бобои Даҳмарда, бо сабаби бемор шудани аспаш, газетаҳоро наовард. Падар димоғсӯхта шуд. Маълум гашт, ки дар “Тоҷикистони советӣ” раиси яке аз хоҷагиҳои ноҳияи Файзободро фелетон карда будаанд. Дар ин бора ӯ аз котиби ташкилоти ҷавонони хоҷагӣ Сиддиқ Бӯриев, умраш дароз бод, шунидааст. Бобои Даҳмарда муштарии ашадии газета будани падарро медонист. Мегуфт: “Аввал ба Хол Муъмин набарам, дар балои азим гирифторам мекунад”. 
Шояд дӯстдории падар ба китобу рӯзномаю маҷаллаҳо муҳаббати маро ба касби журналистӣ бедор карда бошад, ки рӯ ба ин касб овардаму панҷоҳу ҳафт соли умри худро сарфи рӯзноманигорӣ намудам. Хабару мақолаҳо чоп мекунам. Даврони таҳсил дар шуъбаи шабонаи факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ДМТ) ва фаъолият дар маҷаллаи “Коммунисти Тоҷикистон” ба “Комсомоли Тоҷикистон”, “Маориф ва маданият”, “Пионери Тоҷикистон” аз ҳар хусус менавиштам. Ҳамкориам бо “Тоҷикистони советӣ” аз соли 1972 вусъат гирифт. Баъди адои хизмати ҳарбӣ дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон, ба ҷойи корам – рӯзномаи ноҳиявии “Меҳнати коммунистӣ” (“Набзи Файзобод”-и ҳозира) баргаштам ва ба “Тоҷикистони советӣ” хабару мақола мефиристодам. Аксарияташ ба чоп мерафт. Хоҳишҳои мудири шуъбаи ҳаёти ҳизбии рӯзнома Теша Раҷаб, мудири шуъбаи сохтмон ва саноат Мамадвафо Мамадризоевро “не” нагуфта ба ҷой меовардам. Сохтмони Неругоҳи “Роғун” мавзуи асосии иншои ман буд. Дар зери номам “мухбири ғайриштатии “Тоҷикистон советӣ” менавиштанд. Ин ҳам, ба қавле, як унвони ифтихорӣ буд. Ба ёдам мерасад, ки боре ба тамошои Норак рафта, сари қадам ба китобхонаи шаҳрии “Дӯстии халқҳо” даромадам. Ин махзани маърифат бо ташаббуси маҷаллаи машҳури Иттиҳоди Шуравӣ “Дружба народов” бунёд шуда, ҳамон вақт 60 ҳазор китоб дошт, ки 10 ҳазорашро муаллифон бо соядаст тақдим карда буданд. Ман дар ин бора дар “Тоҷикистони советӣ” таҳти сарлавҳаи “Дӯстии халқҳо-дӯстии адабиёт” хабар чоп кардам. Роҳбари вақти ноҳияи Файзобод, марди пурхону пурдон Мирзохӯҷа Шоев маро дида, бо оҳанги таъриф гуфт: “Ҳатто аз Норак ҳам менависӣ, офарин! Боз дар газетаи бонуфуз...”. Аз ин гуфтори ӯ хеле руҳбаланд шудам.
Воқеан, “Ҷумҳурият” дар байни нашрияҳои ҳукуматӣ ҷойгоҳи хосса дошта, ба рӯзномаи рақами 1 табдил ёфтааст. Ин чанд сабаб дорад. Гуфтан ҳамин, ки доираи ҷойгузинии мавзуъҳояш доманадор буда, ба инъикоси онҳо бо нигоҳу биниши ҳунари ҷиддӣ муносибат мекунад. Матолибаш таҳлилнок, такмилёфтаю мақсади муайян доранд. Ашъори ватандӯстонаи адибони муосир ҷолибияти рӯзномаро бештар мегардонанд. Ин ҷо журналистони пухтакор, варзида фаъолият доранд, ҳини эҷод масъулияти касбиро хуб ҳис мекунанд. Иқдоми “Ҷумҳурият” дар бобати ташкили озмунҳо аз хоссакориҳост. Бесабаб нест, ки эълони ҳар озмун даҳҳо нафар дӯстдорони рӯзномаро фаро мегирад.
Он рӯзҳо, яъне аспсавор омадани Даҳмарда Розиқов ва хона ба хона тақсим кардани газетаҳоро ба ёд меорему афсӯс мехӯрем. Чунки дигар на хаткашон ҳасту на почтаи фаъол. Газетаҳо ба маркази шаҳру ноҳияҳо дурӯзпасу серӯзпас мерасанду ба обуначӣ аз ин ҳам дертар. Идораи почта имконияте надорад, ки рӯзномаҳоро дар рӯзи ворид шуданашон ақаллан ба маркази маъмурии ҷамоатҳои деҳот расонад. Дар идораи ҷамоатҳо бошад, рӯзномаҳо чанд рӯзи дигар “дилак” мезананд. Ҳамасола давраи обунашавӣ бо мушкилӣ мегузарад, ки сабаби асосӣ сари вақт ба муштарӣ дастрас нашудани рӯзномаҳост! 

Ҷӯрабек МУЪМИН, рӯзноманигор, ноҳияи Файзобод

Санаи нашр: 12.02.2024 №: 238
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив