БУБИН, ТАФОВУТИ РОҲ АЗ КУҶОСТ ТО БА КУҶО?! АЗ БОБИ 30 СОЛИ ТАЛОШҲОИ ХАСТАГИНОПАЗИРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
Хушқадам Асматуллоев, раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Хоруғ, дар суҳбат бо хабарнигори минтақавии “Ҷумҳурият” дар робита ба ташрифи қарибулвуқуи Пешвои миллат ба Кӯҳистони Бадахшон изҳори қаноатмандӣ карда, зикр намуд, ки ҳар як сафари Ҷаноби Олӣ ба Бадахшон ба пешрафти вилоят, вусъати корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳру деҳоти он ва баланд гардидани сатҳи некуаҳволии мардум мусоидат мекунад.
– Ман нахустин сафари Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро чун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Хоруғ нағз дар хотир дорам, – гуфт муаллим ва аз он рӯз ёдовар шуд. – Соли 1994 буд. Ман он вақт вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят будам. Ғайричашмдошт як рӯз аз Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят хабар доданд, ки дар толори калони МИМҲД-и вилоят бо Президенти тозаинтихоби мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони вилоят вохӯрӣ доир мегардад. Касе ба ин хабар бовар намекард. Охир, дар он рӯзу соат дар вилоят, бахусус маркази маъмурии он – шаҳри Хоруғ, вазъият хеле ноором буд. Гурезагон, хосатан мухолифини Ҳукумати конститутсионӣ, аз ҳар канори мамлакат ба ин ҷо омада, вазъиятро ҳар замон муташанниҷ месохтанд. Аз кӯчаҳои шаҳр дар рӯзи равшан ҳам гузаштан хеле хатарнок шуда, дар кӯчаву паскӯчаҳои Хоруғ бо нафарони силоҳбадаст дучор омадан амри маъмул гашта буд. Ва дар чунин вазъият Сарвари кишварро дар вилоят пешвоз гирифтан ба назар аз як хобу хаёле беш наметофт. Вале Ҷаноби Олӣ ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, омаданд. Мо дар толори калони мақомот бидуни эътимод ба ташрифашон нишаста будем, ки ногаҳон дари толор кушода шуду раиси Шурои намояндагони халқи вилоят Ғарибшо Шаҳбозов Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро пеш гузаронда, вориди толор гардиданд ва дар минбар ҷой гирифтанд. Шодравон Ғ. Шаҳбозов мулоқот бо Президенти тозаинтихоби кишварро ҳусни оғоз бахшида буд, ки аз ҳар ду тарафи толор дарҳо кушода шуданду гурӯҳҳои силоҳбадаст вориди толор гардиданд. Яке аз қумондонҳои мухолифин бе пурсидани иҷозат сухан карданӣ шуд. Ғ. Шаҳбозов хост монеъ шавад. Вале Ҷаноби Олӣ мусоидат намуд, ки ӯ сухан кунад. “Бигзор, гапашонро гӯянд. Онҳо ҳам шаҳрванди комилҳуқуқи кишваранд. Бигзор мавқеашонро маълум намоянд”, – гуфтанд Президенти кишвар. “Мо Шуморо чун Президенти Тоҷикистон эътироф намекунем”, – чунин буд муҳтавои сухани силоҳбадастон. Президенти мамлакат бошад, чун як сиёсатмадори варзида ва дурандеш оромона гуфтанд:
– Ташаккур, ки мавқеатонро рӯйирост баён кардед. Ман нағз медонам, нафароне ҳам ҳастанд, ҳатто дар ҳамин толор ва дигар толорҳо, ки дар мулоқот бо Сарвари кишвар иштирок мекунанд, ки ҳатто, ҳанӯз барои худашон мавқеашонро муайян накардаанд. Вале интихоби Президенти кишвар тариқи интихоботи озод, бо роҳи демократӣ сурат гирифт ва мардум озодона, бе ягон фишор аз берун ё аз тарафи Ҳукумат овоз дод, аз ҷумла дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аксарияти интихобкунандагон ба тарафдории мо овоз доданд. Инак мо, чун Президенти кишвар пеши мардуми худ омадаем, чун Роҳбари давлат аз ҳолу аҳволашон аз наздик шинос мешавем ва барои пешрафти зиндагиашон Ҳукумати кишвар чораҷӯйӣ менамояд. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон як қисмати ҷудонопазири Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва Ҳукумати кишвар барои беҳбуд бахшидани сатҳи зиндагонии сокинони он талош меварзад.
Боз чанд гапи дигар байни Ҷаноби Олӣ ва силоҳбадастон радду бадал шуд. Ниҳоят силоҳбадастон ҳам ба ҷасорату матонат, самимияти Президенти тозаинтихоб тан додаву бо сари хам толорро тарк карданд.
Сипас, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштирокдорони мулоқот суҳбати ошкоро ва самимӣ доир намуданд, ки муҳтавои асосии он дарёфти роҳи сулҳу амонӣ дар кишвар, пешрафти иқтисодӣ-иҷтимоӣ, аз вартаи нокомӣ наҷот додани миллат буд. Баъди чорабинии хотирмон, ки дили ҳамаамонро ба ояндаи неки кишвар хеле гарм намуд, Президенти кишвар ба эътирози раиси вилоят ва ҳайати ҳамроҳонаш нигоҳ накарда, дар хиёбони асосии шаҳри Хоруғ пойи пиёда ба роҳ баромаданд ва сокинони аз ҳар гӯшаву канори шаҳр ва навоҳии атроф ба сари роҳ омада, ба тарафи Ҷаноби Олӣ дастафшонӣ мекарданд, Эмомалӣ Раҳмон бошад, пеши ҳар кадомашон истода, бо чеҳраи хандон бо онҳо суҳбати самимӣ анҷом медоданд.
Аз он рӯзҳо 30 сол сипарӣ гардид. 30 соли заҳмати шабонарӯзии Ҷаноби Олӣ, 30 соли муборизаҳо, 30 соли талошҳои хастагинопазир барои ваҳдати комил, 30 соли созандагиву ободонӣ, 30 соли қадамҳои устувор ба сӯйи пешравиҳои бесобиқа. Мо он рӯзҳо нони хӯрданӣ намеёфтем, имрӯз гап дар бораи вусъати бунёди корхонаҳои саноатӣ ва технологияҳои пешрафта меравад. Он солҳо Хоруғи нозанинро дуди бухориҳои манзилҳои истиқоматӣ зер карда буд, имрӯз дар бораи рушди “энергияи сабз” масъалагузорӣ мекунем. Он рӯз Сарвари давлат роҳҳои аз гуруснагӣ наҷот додани мардумро меҷустанд, имсол дар бораи эҳё, ҳифз ва рушди фарҳанги ниёгон, коркарди гиёҳҳои шифобахши кӯҳистон ибрози назар намуданд. Он солҳо барои олиқадртарин меҳмонон дар маркази маъмурии як вилояти калон, ки қариб нисфи масоҳати ҷумҳуриамонро ташкил медиҳад, ҷойи меҳмонқабулкунӣ пайдо кардан қариб ғайриимкон буд, ҳоло дари даҳҳо меҳмонхонаҳои баландошёнаи хизматрасониашон сатҳи олӣ ба рӯи меҳмонони сатҳи олӣ боз аст. Дар ташрифи имсолаи худ Ҷаноби Олӣ чандин иншооти саноативу иҷтимоиро дар шаҳру деҳоти вилоят мавриди баҳрабардорӣ қарор доданду дар бунёди даҳҳо иншооти дигар хишти аввал гузоштанд, вале он рӯз гап дар сари чӣ тавр миллатро аз фаношавӣ наҷот медиҳем, буд. Бубин, тафовути роҳ аз куҷост то ба куҷо?! Ин ҳама пешравиҳо ба заҳмати шабонарӯзии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва садоқату меҳру муҳаббати ӯ ба халқу диёр, сиёсати пешгирифтаашон дар самти муносибат бо кишварҳои олам рабт дорад.
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 04.12.2024 №: 239