«ДУОИ МОДАР». ТАНТАНАИ МАРОСИМИ ҶОИЗАСУПОРӢ БА ҒОЛИБОНИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Дар маросими ҷоизасупории ин Озмуни бошукӯҳ, ки дар пайравӣ аз арҷгузориҳои камназири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Зан-Модар роҳандозӣ шуда буд, муовини Сарварзири мамлакат Дилрабо Мансурӣ, вазири фарҳанг Матлубахон Сатториён, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Гулнора Ҳасанзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Бунафша Файзиддинзода, муовини раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, ходимони ҷамъиятиву давлатӣ Рафиқа Мусоева, Адолат Раҳмонова, Ҳусноро Мирзоева, Гулафзо Савриддинова, Муҳиба Ёқубова, Руқия Қурбонова, Марҳабо Ҷабборӣ, Меҳринисо Бобобекова, Кароматулло Олимов, Камол Насрулло, Абдулҳамид Самад ва Дилшод Раҳмон иштирок намуданд.
Дилрабо Мансурӣ, муовини Сарвазири мамлакат, зимни суханронӣ дар оғози чорабинӣ таъкид доштанд: “ Тавре ҳамагон шоҳидем, имрӯз Ватани маҳбуби мо дар фазои тантанаи бузургтарин ҷашнҳои давлатӣ: 30-солагии Рӯзи қабули Конститутсия, Рӯзи Президент ва Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, мардуми сарбаланди тоҷик ҳаёти орому осуда ва руҳияи идона доранд. Дар доираи чунин чорабиниҳои муҳим, ки ҳар яке рамзи давлатдории моро дар худ ба таври хос таҷассум менамоянд, роҳандозии Озмуни байналмилалии «Дуои модар» бо ташаббуси Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият», дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд басо рамзӣ ва боиси таҳсину ибрат аст. Зеро маҳз чунин озмунҳои сатҳи баланд арҷгузориҳои камназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Зан-Модар ба таври фарогир ва аз минбарҳои баланд бозгӯ намуда, дар тарбияи насли ҷавон дар руҳияи дӯст доштани Модар-Ватан саҳми босазо мегузоранд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар маросими таҷлили 100-солагии Рӯзи матбуоти тоҷик ба ин маънӣ таъкид намуда буданд: «Матбуот чашму гӯши халқ, муҳимтарин рукни ҷомеаи демократӣ мебошад ва ҷамъиятро аз бисёр нокомиҳои зараровар раҳо карда метавонад».
Воқеан, рӯзнома минбари миллатсоз ва ҷомеасоз аст. Бахусус, вақте сухан дар бораи «Ҷумҳурият» меравад, ки мову шумо дар арафаи 100-солагии ин минбари бузурги идеологӣ қарор дорем. Нахустин шумораи рӯзнома 15-уми марти соли 1925 бо номи «Иди тоҷик» нашр шудаву минбаъд бо номҳои «Бедории тоҷик», «Тоҷикистони сурх», «Тоҷикистони советӣ» ва «Тоҷикистони шуравӣ» дар тарғибу ташвиқи идеологияи миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатӣ саҳми мондагор гузоштааст. Ин рӯзнома, ҳарчанд бо тақозои замон борҳо табдили ном карда бошад ҳам, ҳамеша дар мавқеи ватансозии худ устувор мондааст. Инак, давоми 100 сол мешавад, ки рӯзнома дар ҳимояи манфиатҳои миллӣ сина сипар дорад.
Дар ҳамин радиф, яке аз тадбирҳои мондагор ва ибратомӯзи рӯзномаи “Ҷумҳурият” дар даҳ соли охир роҳандозии озмунҳои сатҳи баланди ҷумҳуриявист, ки чанде аз онҳо, ҳатто, ғайри интизори муассисон, ба чорабиниҳои байналмилалӣ табдил ёфтанд. Махсусияти озмунҳои “Ҷумҳурият” аз ин иборат аст, ки дар арафаи бузургтарин ҷашнҳои милливу давлатӣ хотираи яке аз фарзонафарзандони миллатро гиромӣ медорад. Дар ҳамин доира, гиромидошти хизматҳои мондагори қаҳрамонони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва бозтоби хидматҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, чопи китобҳои озмунии “Забон ва ҳувияти миллӣ” (2018), “Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи давлатдории миллӣ” (2021) ва “Бобоҷон Ғафуров ва тамаддуни Шарқ” (2024) шоистаи таъкиди хосанд. Дар маҷмуъ, метавон гуфт, ки моҳияти тамоми озмунҳои “Ҷумҳурият” тавассути муаррифии чеҳраҳои мондагори миллӣ дар замири насли имрӯзи ояндасоз, камол додани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносӣ ва худогоҳии миллист.
Озмуни «Дуои модар», ки соли дуюм аст дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд гузаронда мешавад, бори дигар собит намуд, ки бо вуҷуди садсолаҳо васфу ситоиш шудани модар дар осори гузаштагонамон, ҳанӯз ҳам суханҳои тозаву ногуфтае барои шинохти ин олиҳаи зиндагӣ андак нестанд. Ҳар як муаллиф, чи дар назм ва чи дар публитсистика бузургии модарро бо диди хеш, бо андешаи бикру тоза ба қалам додаву барои хонанда дунёи дигареро кашф намудааст...”.
Тибқи хулосаи доварон дар ду номина: назм ва публитсистика Муҳаммадзоиршо Шарифзода, Меҳрангез Қодирова, рӯзноманигорон аз шаҳри Душанбе, Ван Хуэйҷуан, устоди Донишгоҳи Конфутсий дар Тоҷикистон аз Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷамолиддин Бобоев, омӯзгор аз ноҳияи Деваштич, Фарзона Файзалиева, сардори шуъбаи фарҳанги рӯзномаи “Садои мардум”, Барноз Раҳмоншоева, эҷодкор, Расулбеки Аҳмадзод, эҷодкор ва омӯзгор аз Ӯзбекистон, Зулхумор Халилова, табиб ва омӯзгор аз шаҳри Кӯлоб, Ҳоҷиакбар Солеҳзода, курсанти Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, Маҳбуба Мамадатохонова, омӯзгор аз ноҳияи Ишкошим, бо ҷойҳои ифтихорӣ, Азизаи Давлатшоҳ, полковники милитсия, олим ва эҷодкор, Руъё Усмонӣ, эҷодкор аз шаҳри Бохтар, Иброҳимҷон Дӯстализода, шоир ва тарҷумон, роҳсоз, Искандар Маҳмадалиев, рӯзноманигори рӯзномаи “Халқ овози”, Шарифаи Бунёд, сармуҳаррири ҳафтаномаи “Шоҳдара”-и ноҳияи Роштқалъа, Яъқуби Ясно, пажӯҳишгари адабиёт, шоҳномашинос аз Афғонистон бо ҷойи сеюм, Фаридуни Фарҳодзод, мухбири калони рӯзномаи “Овози тоҷик”, шаҳри Тошканд, Адибаи Хуҷандӣ, шоири номвар, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Шариф Халил, адиб, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, Бузургмеҳри Баҳодур, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо ҷойи дувум, муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Нилуфар Асламшоева, муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода, раиси ноҳияи Рашт Зарина Идизода, намояндаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант Сунбула Ибодова бо ҷоизаҳои махсуси муассисон, Худодод Зайниддин, шоир, сармуҳаррири ҳафтаномаи “Оинаи Рашт” ҷойи якум, Толиб Карими Озарахш соҳиби Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Дуои модар» шуданд.
Ҳамчунин, Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи “Ҷумҳурият”, дувоздаҳ чеҳраи саршинос, ходимони давлативу ҷамъиятиро, ки бо садоқат ба сиёсати созандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сохтани Тоҷикистони навин саҳми шоиста гузоштаанд, бо туҳфаҳои хотиравӣ қадр намуд.
– Дар ҷаҳони имрӯза, ки мардум шоҳиди таҳаввулоти зиёде ҳастанд, баргузории чунин озмунҳо манфиати маънавии бисёр дорад. «Ҷумҳурият» бо рисолати тамаддунофарии хеш, аллакай, ба як қомуси таърихсози миллати тоҷик табдил ёфтааст ва дар баробари мактаби бузурги журналистӣ, ҳамзамон, мактаби садсолаи одамият ҳам ҳаст. Аз ин рӯ, рӯзнома мундариҷаи худро аз мавзуъҳои ҷовидона, мисли васфи Модар-Ватан ғановат бахшида, ба масоили муҳими ватандӯстӣ, сарҷамъӣ дар атрофи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳ зоҳир сохтааст. Ҳамчунин, озмунҳои рӯзнома собит мекунанд, ки ҷарида дар саргаҳи таҳаввулоти иҷтимоӣ қарор дорад ва ҳамеша набзи ҷомеаро месанҷад. Дар ин шабу рӯзҳое, ки ба таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нигаҳдории якпорчагии Ватан ва дифои марзу буми он аз ҳама офату газанд муҳимтарин масъала аст, тарбияи ҷавонони бохираду ҷасоратманд ва фидоиву меҳандӯст ба модар бастагии қавӣ дорад. Маҳз модари оқилу донишманд фарзандонашро дар руҳияи хештаншиносӣ, ватандӯстӣ ва далерӣ тарбия ва дар роҳи ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ омода месозад,– изҳор дошт Кароматулло Олимов, академик ва файласуф.
– Озмунҳои рӯзномаи «Ҷумҳурият» – ин қомуси садсолаи миллат, якҷо бо шаҳру навоҳии гуногуни мамлакат давоми ҳафт сол дар татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тарбияи насли ояндасози миллат дар роҳи худшиносиву худогоҳӣ ва ташаккули ҳисси ватандӯстиву фарҳангпарварӣ дар замири онҳо роҳандозӣ шуда, ибтикори ибратбахш барои нашрияҳои дигар аст. Махсусан, дар шакли китоб пешниҳоди доираҳои васеъ гардидани гулчини мақолаву матлабҳои озмунии рӯзнома ҷои сутудан дорад. Дар ин замина, умедвор ва орзуманди чопи китоби баргузидаи ду соли Озмуни “Дуои модар” бо номи “Дуои модар” ҳастем , – гуфт Толиб Карими Озарахш, барандаи Шоҳҷоиза.
Шариф Халил, адиб, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, мухбири рӯзномаи “Овози тоҷик”, таассуроташро чунин баён дошт: “Дар ин маҳфили бошукӯҳ, ки дар Душанбеи нозанин дар оғӯш ва суҳбати ҳаммиллату ҳамзабонон гузашт, бори дигар собит гардид, ки маҳз сухан аз модар – фариштаи рӯи Замин, моро ба ҳам меорад, мисли он ки, то зинда будан дар оила фарзандонро зуд-зуд сари як дастархон ҷамъ меоварад. Озмуни ҷумҳуриявии «Дуои модар», бешубҳа, Озмуни байналмилалист, зеро модар барои ҳамаи миллатҳо яксон азиз аст, бавижа барои тоҷикони дунё. Бигзор, модарро бо забонҳои дигар, аз ҷумла ба забони ӯзбекӣ низ тавсиф кунанд, дар ҷаридаҳои Тоҷикистон чоп шаванд, ашъори шоирони тоҷик дар Ӯзбекистон интишор ёбанд ва дар партави меҳри ӯ сулҳу баҳамоиро ривоҷ диҳанд”.
Тибқи хулосаи ҷоизадорон ва ҳам меҳмонони ифтихории Озмуни байналмилалии “Дуои модар”, бо бовар метавон гуфт, ки созмондиҳандагони Озмун дар иҷрои ҳадафҳои худ муваффақ гардиданд. Маҳз раванди Озмун сабаби равшаннамоии паҳлуҳои гуногуни фаъолияти сиёсӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва ватандӯстонаи бонувони муваффақи миллат гардид ва матлабу шеърҳои озмунӣ дар омӯхтани ҷаҳони ботинии Зан-Модар ва ҷойгоҳи ӯ дар бунёди ҷомеаи навин сарчашмаи арзандае хоҳад буд.
Бузургмеҳри БАҲОДУР, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 04.12.2024 №: 239