ИСТИҚЛОЛ ВА РУШДИ ИҚТИСОД ДАР МАРҲАЛАИ НАВИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ
Аввали солҳои 90-уми асри гузашта Тоҷикистон ба як қатор душвориҳо, аз қабили коҳиш ёфтани робитаҳои хоҷагидорӣ, барҳам хӯрдани бозорҳои анъанавии фурӯши маҳсулот, норасоии захираҳои молиявӣ, қатъ гардидани кумаки молиявӣ (дотатсия) аз буҷети марказии собиқ Иттиҳоди Шуравӣ (тақрибан 48 дарсад), хисорот аз ҳисоби нооромии вазъи сиёсӣ (беш аз 10 миллиард доллар), фарсуда шудани иқтидорҳои мавҷудаи истеҳсолӣ ва амсоли инҳо дучор гардида, рушди иқтисоди кишвар ба даҳсолаҳо қафо рафт.
Бо таъкиди Фарҳодшоҳ Раҳмонализода, сардори сарраёсати таҳлили макроиқтисодӣ, дурнамо ва ислоҳоти иқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, маҳз дар натиҷаи талошҳои пайваста ва ҷоннисоронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид, ки барои таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва таъмини минбаъдаи рушди иҷтимоию иқтисодӣ заминаи воқеӣ гузошт. Барои Тоҷикистони аз буҳрони сиёсӣ раҳоёфта зарур буд, ки афзалияту ҳадафҳои рушдро муайян намуда, иқтисодиёти харобгаштаро барқарор кунад. Бинобар ин, бо кӯшиш ва иқдомҳои беназири Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақшаҳои фаврию стратегии миёнамуҳлат ва дарозмуҳлат тарҳрезӣ ва татбиқ гардида, маблағҳои ташкилотҳои байналмилалӣ ва кишварҳои шарикони рушд ҷалб карда шуданд.
Дар натиҷаи татбиқи ислоҳоти саривақтӣ, андешидани тадбирҳои зиддибуҳронӣ, пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ бо заҳмату ибтикори Сарвари давлат барои рушди минбаъдаи иқтисодиёт заминаи асосӣ гузошта шуда, бори аввал соли 1997 рушди иқтисоди миллӣ таъмин гардид ва ҳаҷми воқеии ММД нисбат ба соли 1996-ум 1,7 дарсад афзуд.
Дар амал татбиқ намудани барномаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ ва барномаҳои соҳавию минтақавӣ имкон дод, ки рушди бонизоми иқтисоди миллӣ идома ёфта, раванди ислоҳоти иқтисодии рушди устувори кишвар ва ҳадафҳои Ҳукумат баҳри беҳдошти ҳаёти мардум таъмин гардад.
Рушди босуръати иқтисодиёти кишвар, асосан, аз ҳисоби рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, аз ҷумла истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзӣ, дар натиҷаи татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар таъмин карда шуд. Ҳаҷми ММД ба ҳар нафар аҳолӣ аз 289 сомонӣ дар соли 2000 то 12,9 ҳазор сомонӣ дар соли 2023 расида, беш аз 44,6 маротиба зиёд гардидааст. Муваффақ гардидан ба суботи макроиқтисодӣ имкон дод, ки даромади пулии аҳолӣ аз 10,5 миллион сомонии соли 1991 то ба 112,7 миллиард сомонӣ зиёд шуда, сатҳи камбизоатӣ аз 83 дарсади соли 1997 то 21,2 дарсад дар соли 2023 коҳиш ёбад.
Яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар тадриҷан зиёд намудани андозаи ҳадди ақал ва миёнаи музди меҳнати кормандон дар соҳаҳои гуногун мебошад. Агар соли 2000-ум музди миёнаи меҳнат 16 сомониро ташкил медод, соли 2023 ба 2013 сомонӣ расид.
Дар тули 33 соли соҳибистиқлолӣ яке аз дастовардҳои муҳим дар ҷодаи сиёсати иқтисоди хориҷии кишвар шинохтани Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлолу демократӣ дар арсаи байналмилалӣ, барқарорсозии муносибатҳои дипломативу тиҷоратӣ бо мамлакатҳои ҷаҳон, узвият дар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ мебошад. Ин аст, ки имрӯз Тоҷикистон бо зиёда аз 110 кишвари дунё робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ дорад.
– Барои таъмини рушди назарраси минбаъдаи мамлакат, баланд бардоштани иқтидори иқтисодии кишвар дар Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037 ва Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040, манбаъҳои иловагии рушд, аз ҷумла рушди иқтисоди рақамӣ, саноати дорусозӣ, сайёҳӣ, бозори молиявӣ ва иқтисоди «сабз», зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, истифодаи имкониятҳои транзитӣ, паст кардани ҳиссаи иқтисоди пинҳонӣ ҳамчун самтҳои афзалиятнок муқаррар шудаанд, – гуфт Фарҳодшоҳ Раҳмонализода.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 04.12.2024 №: 239