ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » 50 СОЛ БО ДАСТГОҲИ АККОСӢ

50 СОЛ БО ДАСТГОҲИ АККОСӢ

04 декабр 2024, Чоршанбе
0
0


Олимҷон Раҷабов. Аз наздик бо ин марди наҷиб, суратгири варзидаи матбуоти тоҷик, ҳангоми бори нахуст ба даргоҳи волои журналистони ватанӣ – рӯзномаи “Тоҷикистони советӣ” (ҳозира “Ҷумҳурият”), ҳамчун таҷрибаомӯз қадам ниҳодан, ошно гаштам. 
Огоҳӣ ёфтам, ки Олимҷон Раҷабов тули солҳои фаъолият аксҳои зиёде аз ҳаёти сохтмончиёни НБО-ҳои “Сарбанд”, “Қайроққум”, “Норак”, “Бойғозӣ”, “Роғун”, коргарону мутахассисони пешқадами заводи алюминийи Регар, коргоҳи кимиёии Ёвон, Нақби ирригатсионии Данғара ва ғайра гирифтааст. Суратҳои ҷолиби аккоси тоҷик дар маҷаллаву рӯзномаҳои маъруфи Иттиҳоди Шуравӣ, мисли “Огонёк”, “Правда”, “Известия”, “Труд”, “Комсомолская правда” ва “Советский спорт” ба нашр расидаанд...
Бо суратгири номошно моҳи январи соли 2001 дар суҳбат шудем. Боиси зикр аст, ки ин муколамаро сабабе дар пеш буд. Ба хулосаи мутахассисони соҳаи варзиши кишвар, охири соли 2000-ум Кумитаи варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимҷон Раҷабовро варзидатарин суратгири варзишии асри XX Тоҷикистон эълом дошт. Ин мукофот баҳои шоиста ба суратгир, подоши заҳмати 50-солааш буд. Воқеан, аз соли 1950, аз давраи ба даст гирифтани дастгоҳи суратгирӣ, ба варзиш, бахусус футбол, хизмати шоиста анҷом додааст...
Болои асбобҳои суратгирӣ суҳбати гарм доштем. Олимҷон Раҷабов гуфт, ки то ҳол дар ин бора дар матбуоти даврӣ чизе нагуфтааст...

ПОСИЛКА АЗ БЕРЛИН
– Соли 1945 дар шаҳри Хуҷанд сукунат доштам, – иқрор кард суратгир. – Рӯзе аз Германия ба номи ман марсула (посилка) расид. Ба ҷуз аз майдаву чуйда, бародарам Маҳмудҷон Раҷабов аз шаҳри Берлин ба ман фотоаппарати хурдакаки ҳаваскори немисӣ фиристода буд. Ана, ҳамин туҳфаи гаронбаҳои акоям тақдири минбаъдаи ҳаёти маро ҳал кард. Бо ёрии суратгирони хуҷандӣ алифбои аккосиро аз худ намудам... 

ТЕХНИКУМИ ИНДУСТРИАЛӢ
Пас аз хатми синфи 7, соли 1946 Олимҷон Раҷабов ба Сталинобод (Душанбе) омада, муҳассили Техникуми индустриалии пойтахт шуд. Дар шафати ҳунаристон Маркази натуралистони ҷавон воқеъ буд. Узви кружоки суратгирон шуд. Баъди дарсҳо тамоми вақти холигии худро дар лаборотория мегузаронд. Техникумро сарбаландона тамом кард. 
Пурсидам, дуруст аст, ки шумо бо Қаҳҳор Маҳкамов, котиби якуми КМ ҲК Тоҷикистон якҷо хондаед? Гуфт, бале, бо Қаҳҳорҷон дар факултаи истихроҷи маъдан таҳсил мекардем. Ҷавони аълохон, донову зирак буд. Баъдан, ӯро бо роҳхат ба Ленинград, барои идомаи таҳсил раҳнамун сохтанд. Қариб буд, фаромӯш кунам, Қаҳҳорҷонро як-ду бор ба дарси суратгирӣ бурдам, аммо ӯ ба ин пеша ҳавас надошт...

“ЗОРКИЙ”, “КИЕВ”
Пас аз хатми техникум Олимҷон Раҷабов бояд ба Шӯроб ба кор мерафт, аммо ҳаваси суратгирӣ ӯро аз ин роҳ боздошт. Моҳи декабри соли 1950 ҳамчун мухбири суратгири рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” (ҳозира “Ҷавонони Тоҷикистон”) ба фаъолият пардохт. 
Баъди ғалаба бар Германияи фашистӣ дар СССР ба истеҳсоли дастгоҳи аккосӣ, аз ҷумла “Зоркий” (тезбин) оғоз карданд. Олимҷон Раҷабов бо дастгоҳи “Зоркий”-и якобъектива (қисми оптикӣ) заҳмат мекашид. “Зоркий”-ро, аслан, дастгоҳи масофасанҷ (далномер) меномиданд. Ба қавли О. Раҷабов, намоиши акси ин дастгоҳи суратгирӣ аз дохили объектив намегузашт. 
Чандин сол пас, возеҳтараш соли 1954, Иттиҳоди Шуравӣ ба истеҳсоли дастгоҳи суратгирии нав – “Киев” сар кард. Бартарии дастгоҳи “Киев” дар он буд, ки се объектив (қисми асбоби оптикӣ) ва, бегуфтугӯ, нисбат ба “бародар”-и худ “Зоркий” бартарияти афзун дошт. 
“ПРАКТИКА”, “НИКОН”
Соли 1965 дар ҳудуди СССР дастгоҳи суратгирии олмонии “Практика” ба фурӯш баромад. Олимҷон-ако ба зудӣ соҳиби чунин дастгоҳи бобу қулай шуд. Ба иқрори суратгири мумтоз, ин асбоби аккосӣ барои репортаж муносиб буд...
Сол ба некӣ гуфтам. Бо мурури замон боз ҳам дар истеҳсоли асбобҳои суратгирӣ дар ҷаҳон навгониҳо ба миён омаданд. Устод гуфтаи бандаро тасдиқ намуда, изҳор дошт, ки соли 1973 соҳиби аппарати нави ҷопонии “Никон” шудам. Ин дастгоҳи аккосиро шуъбаи таъминоти КМ КПСС бо тамоми комплекташ ба идораи рӯзномаи “Тоҷикистони советӣ” ҷудо карда буд. Худам ба Маскав рафта, ду ҷуфти “Никон”-ро ба Душанбе овардам. Яктоашро худам гирифтам, дигариро ба суратгири номошнои  душанбегӣ  Николай Сафин супурдам...
Олимҷон Раҷабов зикр намуд, ки дар истеҳсоли дастгоҳҳои суратгирӣ дар ҷаҳон аввал немисҳо бартарӣ доштанд, баъдан аз ҷиҳати навгонӣ – техникӣ авлавиятро ҷопониҳо соҳиб шуданд. Ҷопониҳо дар асбобҳои аккосӣ электроникаро истифода намуданд...

“АСАХИ - ПЕНТАКС”, “ЗЕНИТ”
– Иддае ҳадс мезананд, ки ҳокимияти советӣ ба асбобҳои дақиқи хориҷӣ ба таври зарурӣ таваҷҷуҳ зоҳир намекард, – мавзуи суҳбатро дигар кардам. 
– Сад бор номаъқул кардаанд, – барошуфт Олимҷон-ако. – Мухбирони суратгир пайваста дар мадди назари ҳукумати вақт қарор доштанд. Ба мисол, соли 1984 аз Москва ба суратгирони пеши ҷумҳуриамон се ҷуфт дастгоҳи муосири (нави) суратгирии истеҳсоли Ҷопон “Асахи-пентакс” фиристоданд. Хушбахтона, яке аз онҳо ба ман расид ва ман то ҳол бо ин дастгоҳ сурат мегирам...
– Сифату маҳбубияти дастгоҳҳои хориҷиро васф мекунеду аммо дар гарданатон “Зенит” – истеҳсоли СССР ҳамел аст...
– Рост (механдад), асбоби суратгирии “Зенит” басо қулай, бадошт аст. Онро барои вазъияти мабодо бо худ мегирам. Суратгираки “Асахи-пентакс” як қуттӣ бор аст, боз такяи сепояашро намегӯед, ҷудо вазнин. Дастгоҳҳои суратгирии “Киев” ва “Зенит”-и истеҳсоли СССР, бахусус “Зенит”, беҳад зӯр аст...
“Зенит” сар аз солҳои 60-уми асри гузашта дар хориҷи кишвар  маҳбубияти беандоза касб кард. Якум, нархи асбоб нисбатан арзон буд, баъдан, дастгоҳи мазкур мустаҳкам, боэътимод ва “бенозунуз” аст. Хуллас, ҳар як асбоб ба давру замони худ мувофиқ мебошад, – хулоса кард ҳамсуҳбатам. 

ОЛИМҶОН РАҶАБОВ
15-уми майи соли 1931 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Миллаташ тоҷик. 
Пас аз хатми синфи 7-уми зодгоҳ, соли 1946 озими пойтахт шуда, ба факултаи истихроҷи маъдани Техникуми индустриалии Сталинобод (Душанбе) дохил шуда, онро соли 1950 хатм кард. Фаъолияти меҳнатиаш моҳи декабри соли 1950 ҳамчун мухбири суратгири рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” оғоз меёбад. Солҳои 1958-1967, 1971-1991 мухбири суратгири рӯзномаи “Тоҷикистони советӣ”, 1967-1971 суратгири рӯзномаи “Совет Тожикистони”, 1991-2006 суратгири рӯзномаи “Садои мардум” фаъолият дошт. 
Соли 2006 аз дунё гузашт.
Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон (1981). Ғолиби озмунҳои байналмилалии суратгирон: Австрия (1976), Москва (1981).
Оиладор, се писар, ҳашт набера дорад.

Умари ШЕРХОН

Санаи нашр: 04.12.2024 №: 239
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив