ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҲОШИМ ГАДО.  ҶИЛДИ 818-УМ ҲАНӮЗ АНҶОМИ  ЭҶОД НЕСТ

ҲОШИМ ГАДО.  ҶИЛДИ 818-УМ ҲАНӮЗ АНҶОМИ  ЭҶОД НЕСТ

04 декабр 2024, Чоршанбе
1
0


Артисти халқии СССР, барандаи Ҷоизаи давлатии Иттиҳоди Шуравӣ ва Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ, дорандаи ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон (дараҷаи II), профессор Ҳошим Гадо солҳои охир ба навиштани асарҳои фалсафӣ машғул аст. Ӯ андешаҳои хешро оид ба зиндагӣ ва роҳҳои маърифат бо забонҳои тоҷикиву русӣ ва дар қолаби жанрҳои хурди адабӣ баён месозад. То ин дам 818 ҷилди осори устод рӯи чопро дидааст. 

Ҷилдҳои 816, 817 ва 818-уми осори Ҳошим Гадо бо номҳои «Мир о Хошиме», «Живые факты» ва «Дай времени время» дар муқоваи як китоб ва тавассути  нашриёти «Мулквар» ба тозагӣ нашр шуданд. Дар ҷилди 816 нуктаи назари адибону донишмандон ва намояндагони машҳури фарҳангу ҳунари кишвар дар бораи Ҳошим Гадо ҷой дода шудааст. Аз ҷумла, нависанда Темур Зулфиқоров дар бораи ҳунарпеша чунин гуфтааст: «Ҳошим Гадоев на танҳо актёри бузург, балки ягона ҳунарманди ҳамосавии имрӯз дар тамоми ҷаҳон аст. Чунин бозигарон танҳо дар Эллада ва Руми Қадим буданд, ки асрори муъҷизаосои ҳулул шудан дар образро рӯйи саҳна медонистанд. 
Дар саҳнаи ҳамосаҳои бузург актёр – эпик, яъне ҳунарманде, ки образҳои муҳташамро меофарид, танҳо нақш намебозид. Қалби оташбори ӯ руҳи қаҳрамонон ва худоёни Олимпро, ки нақшашонро меофарид, ба таҳрик меовард. Тамоми вуҷуди ӯ аз неруи бузурги осмонӣ қувват мегирифт. Чунин актёрон руҳи одамонро ҳам ба таҳрик меоварданд! Эҳсосотро то ба ҳадди ҷунун ва катарсис (покии маънавӣ) мерасонданд, пеши чашму дар замири инсонҳо симои Офаридгорро ба ҷилва меоварданд. Чунин бозигарони бузург, мутаассифона, танҳо то мелод арзи вуҷуд доштанду барои ҷовидона дар ёдҳо монданд. Ҳошим Гадо аз қабили ҳамин гуна ҳунармандон мебошад».
Қисмати зиёди маводи ин ҷилдро андешаҳои мухсилони Ҳошим Гадо, ки дар саҳифаҳои маҷмуаҳои мухталиф, матбуоти даврӣ нашр шуда, дар сомонаҳои интернетӣ киштаанд, ташкил медиҳанд. Маҳз дар онҳо садоқат ва меҳру муҳаббати бепоёни халқ ба ҳунарпешаи дӯстдоштааш таҷассум ёфтааст.
Ҷилди 817-ум дар худ идомаи ёддоштҳои дафтари хотираи Ҳошим Гадоро, ки аз оғози фаъолияти эҷодиаш менависад, ғунҷондааст. Дар ин қисмат хотироти солҳои 1975-1984 ҷой дода шудаанд. Мукотиботи муаллиф бо мухлисонаш бошад, дар ҷилди 818 оварда шудааст. Ҳамчунин, дар ин ҷилд рӯйхати нақшҳои офаридаи ҳунарманд ва асарҳои таҳиякардааш бо унвону ҷоизаҳое, ки онҳо қадр шудаанд, сабт гардидааст. Аз рӯйи анъана, дар охири китоб рӯйхати пурраи асарҳои офаридаи Ҳошим Гадо оварда шудаанд, ки чун маълумоти пешин дар омӯзиши ҳаёт ва фаъолияти эҷодии ҳунарманд хеле муҳим арзёбӣ мешаванд.

М. ТАБАРӢ, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 04.12.2024 №: 239
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив