ДУШАНБЕ. ИФТИТОҲИ ЧАНД ИНШООТ БО ИШТИРОКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
Гузоштани санги асос барои бунёди бинои нави Кумитаи андоз
5-уми декабр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои бунёди бинои нави Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт санги асос гузоштанд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки иншооти нав аз чор бинои 3 ва 16-ошёнаву таҳхона, 12 маҷлисгоҳи барҳаво, толор бо 500 ҷойи нишаст ва ошхона бо 160 ҷойи нишаст иборат хоҳад буд.
Бинои нав дар асоси нақшаи генералии шаҳри Душанбе дар масоҳати 9 ҳазору 145 метри мураббаъ сохта шуда, саҳни он мутобиқ ба талаботи лоиҳавӣ зебою назаррабо гардонда мешавад.
Дар иншооти бунёдшаванда, 15 раёсат ва 36 шуъбаи Кумитаи мазкур ҷой гирифта, 360 корманд фаъолият хоҳад кард. Дар бино 6 лифти замонавӣ низ насб мешавад.
Ба ғайр аз ҳуҷраҳои барҳавои корӣ бо шароити замонавӣ, дар таҳхонаи бино барои 230 мошин таваққуфгоҳи зеризаминӣ бунёд мегардад.
Дар бинои нав барои баланд бардоштани сифати хизматрасониҳо ба андозсупорандагон, мутобиқ ба талаботи замони муосир ва беҳтар намудани самаранокии фаъолияти мақомоти андоз, имкониятҳо фароҳам хоҳад шуд.
Лоиҳаи мазкур бо назардошти талаботи меъморӣ ва шаҳрсозии муосир амалӣ мегардад. Дар иншоот унсурҳое ҷой дода мешавад, ки ифодагари таъриху фарҳанги ибратомӯзи мардуми тоҷик буда, шукуфоӣ, субот ва пешрафти Тоҷикистонро дар даврони соҳибистиқлолии кишвар инъикос хоҳад кард.
Бунёди бинои нави Суди Олӣ
5-уми декабр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ бинои нави хуштарҳу замонавии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба истифода доданд.
Иншоот дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири фароҳам овардани шароити муносиби фаъолият барои кормандони мақомоти судӣ бунёд гардида, дорои шароити пешрафтаи кору хизматрасонӣ мебошад. Бино 15-ошёна буда, сохтмони он бо фармоиши Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо харҷи қариб 185 миллион сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ бо сифати баланд ва бо риояи меъёрҳои сохтмонӣ анҷом ёфт.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бинои нави Суди Олӣ дорои 171 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ бо 400 ҷойи нишаст, 8 толори муҳокимаи судӣ, бойгонии парвандаҳои судӣ, ҳуҷраҳои қабули шаҳрвандон, ҷойи нигоҳдории судшавандаҳо, толор барои конфронсҳои матбуотӣ, китобхонаи анъанавӣ ва электронӣ, ошхона ва иншооти ёрирасон буда, ҳамаи ҳуҷраҳо тибқи стандартҳои матлуб муҷаҳҳаз гардиданд.
Таҳхонаи бино таваққуфгоҳ барои 25 воситаи нақлиёт дорад. Ороиши зоҳирии иншоот бо истифода аз тахтасангҳои хоро ва мармар сурат гирифта, намои бино бо истифода аз унсурҳои миллию санъати баланди меъмории муосир ва бо услуби хоси нақшу нигори тоҷикӣ зинат дода шудааст. Ҳуҷраҳо, маҷлисгоҳҳо ва пештолорҳо бо нақшу нигори миллӣ, шишабандӣ ва бо сангҳои табиӣ оро ёфтаанд. Барои ороиши дохили бино кандакориҳои гачӣ, панелҳо аз навъи чӯбҳои қиматбаҳо ва рангҳои аълосифат истифода карда шуданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, иншоотро туҳфаи арзандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони мақомоти судии кишвар ба истиқболи сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ номиданд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр карданд, ки, бо истифода аз шароити фароҳамовардашуда, кормандони мақомот вазифадоранд, ки ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ба таври бояду шояд ҳифз карда, волоияти қонунро таъмин намоянд.
Қомат афрохтани бинои наву замонавии Суди Олӣ дар яке аз кӯчаҳои марказии пойтахти кишвар ба зебоии шаҳри Душанбе ҳусни дигар зам карда, идомаи мантиқии татбиқи сиёсати бунёдкоронаи роҳбарияти олии сиёсии Тоҷикистон ва шаҳрдории пойтахт мебошад.
Бояд зикр сохт, ки бинои пештараи Суди Олӣ, воқеъ дар кӯчаи Неъмат Қарабоев солҳои 70-уми асри гузашта ҳамчун толори фарҳангӣ ба истифода дода шуда, ба талаботи фаъолияти мақомоти судӣ чандон ҷавобгӯ набуд. Норасоии ҳуҷраҳои корӣ, толорҳои муҳокимаи судӣ ва маҷлисгоҳу дигар иншоот сабаб шуд, ки бо ҳидояту роҳнамоиҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтмони бинои нави Суди Олӣ рӯйи даст гирифта шавад. Ин иқдоми Ҷаноби Олӣ аз ҷониби кормандони мақомоти судии кишвар пазироии самимӣ пайдо кард.
Бояд гуфт, ки аз тарафи Ҳукумати кишвар бобати таъмини мустақилияти ҳокимияти судӣ тавассути зиёд кардани воҳидҳои кории судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо, афзоиши маблағгузории мақомоти судӣ, таъмини судҳо бо биною таҷҳизоти муосир ва ғайра пайваста тадбирҳои амалӣ андешида мешавад.
Дар умум, таъмини шароити зарурии моддиву техникӣ, бахусус бо биною таҷҳизоти муосир таъмин кардани судҳои шаҳру ноҳияҳо, мавриди таваҷҷуҳи хос қарор дорад. Маҳз бо ташаббусҳо ва дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти судӣ дар қатори дигар соҳаҳои кишвар солҳои охир рушд ва такмил меёбанд. Дар ин давра барои боз ҳам беҳтар гардондани шароити корӣ як қисми бинои судҳо бо тарҳи зебои меъморию ороишоти миллӣ сохта шуда, бо тамоми таҷҳизоти муосир таъмин гашт. Биноҳои нав бо назардошти шумораи умумии кормандон, толорҳои зарурӣ барои гузарондани ҷаласаҳои судӣ, ҳуҷраҳои кории дорои шароити зарурӣ ва ҳайати хизматрасон омода мегардад.
Бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми солҳои 2000-2024 дар 14 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ бинои судҳо ба истифода дода шуданд.
Беҳбуди вазъи иҷтимоии судяҳо, хусусан бо манзили истиқоматии хизматӣ таъмин кардану давра ба давра зиёд намудани музди кори онҳо яке аз омилҳои таҳкими ҳокимияти судӣ мебошад. Тайи солҳои 2000-2024 бо таваҷҷуҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ 80 корманди мақомоти судии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои кишвар бо манзилҳои истиқоматии хизматӣ ва қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ таъмин гардид.
Мулоқоти Сарвари давлат бо кормандони мақомоти судӣ
5-уми декабр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи бинои Суди Олӣ бо кормандони мақомоти судии кишвар мулоқот намуданд.
Дар вохӯрӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди мақомоти судӣ, иқдомоти роҳбарияти давлат барои қабулу амалӣ сохтани барномаи ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ, такмили қонунгузории моддию мурофиавӣ ва беҳбуди вазъи иҷтимоии кормандони соҳа бо таҳлилҳо изҳори андеша намуданд. Дар фароварди сухан Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки судяҳо бояд ҳангоми иҷрои вазифа дар ҳамаи ҳолатҳо ба савганди худ содиқ бошанд, шаъну шарафи судягиро нигоҳ доранд, ваколатҳояшонро бо масъулияти баланд анҷом диҳанд ва ба мардум содиқонаву беғаразона хизмат кунанд.
Бинои Филармония баъди навсозӣ ба истифода дода шуд
5-уми декабр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои Муассисаи давлатии «Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев»-ро баъди навсозӣ ба истифода доданд.
Бинои Филармонияи давлатии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ таъмиру таҷдид шуда, дар он барои кору эҷоди аҳли ҳунар имкониятҳои мутобиқ ба талабот фароҳам гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки дар рафти сохтмон даҳлезҳо, толори барҳавои Муассиса бо 989 ҷойи нишаст, 10 ҳуҷраи пардозгарӣ ва ёрирасон таъмир гаштанд.
Дар толори консертӣ дастгоҳҳои тақвияти овоз, чароғҳои нави ранга ва монитори калон насб гардидааст. Дар маҷмуъ, дар толор барои баргузории чорабиниҳои сатҳи баланди ҳунарӣ шароити зарурӣ фароҳам мебошад.
Боми бино иваз ва намои берунии он навсозӣ шудааст. Фаввораҳо барқарору саҳни бино бо гулу буттаҳои ороишию сояафкан оро ёфт.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулони Вазорати фарҳанг ба истифодаи бо самар аз имконияти фароҳамовардаи Ҳукумати кишвар, эҷоди оҳангу сурудҳои баландмазмун, ҷалби ҷавонони соҳибистеъдод ба кор, талқини худшиносӣ ва маънавиёти баланд дар ниҳоди шаҳрвандон ҳидоят намуданд.
Дар даромадгоҳи Муассиса дастовардҳои сохторҳои зертобеи Вазорати фарҳанг ба намоиш гузошта шуда буд.
Бояд гуфт, ки толори консертӣ ва роҳраву ҳуҷраҳои кории Филармонияи давлатии Тоҷикистон таъмирталаб шуда, барои гузарондани чорабиниҳои сатҳи баланди фарҳангӣ ҷавобгӯ набуд. Сиёсати фарҳангпарваронаи Ҳукумати кишвар имкон фароҳам овард, ки аҳли ҳунар барои кору эҷод аз имконияти замонавӣ баҳравар шаванд. Ин туҳфаи навбатии Роҳбари давлат ҳавасмандии ҳунармандонро барои эҷоди асарҳои нав, аз ҷумла суруду оҳангҳои ҷаззоб, афзун мегардонад.
Зимни боздид аз намоиш Роҳбари давлат таъкид сохтанд, ки ҳунармандон бояд бо истеъдоди фавқулодаю сурудҳои баландмазмун дар баланд бардоштани маънавиёти шаҳрвандон ва муаррифии фарҳангу тамаддуни волои тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ саҳм гузоранд.
Ҳамзамон, дар толори барҳаво аз ҷониби аҳли ҳунар барномаи рангини консертӣ манзури ҳозирон гардид, ки таҷассумгари дастовардҳои истиқлоли давлатӣ, рушди фарҳанги миллӣ ва тамаддуни ғании тоҷикӣ буд.
Ифтитоҳи бинои прокуратураи ноҳияи Сино
5-уми декабр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои нави прокуратураи ноҳияи Сино ва Донишкадаи омӯзиши масъалаҳои қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҷинояткорӣ ва такмили ихтисоси кормандони мақомоти Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Ин иншоот, ки тарҳи муосир ва шароити мусоиди корӣ доранд, ба ташаккули самтҳои фаъолият дар мақомоти прокуратураи кишвар заминаи муассир мегузорад.
Бинои нави прокуратураи ноҳияи Сино дорои 38 ҳуҷраи муҷаҳҳаз бо лавозимоти соҳавӣ буда, истифода аз ин имконот ба таъмини ҳарчи бештари шароити корӣ мусоидат менамояд. Маҷлисгоҳ бо 130 ҷойи нишаст, китобхона, толори машқу тамрин, ошхона ва иншооти ёрирасон раванди фаъолияти ин ниҳоди назоратиро мукаммал мегардонад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пас аз шиносоӣ бо имконоти фароҳамшуда, масъулонро дар самти пешгирии қонуншиканиҳо, аз ҷумла терроризиму экстремизм ва таъмини волоияти қонун, бо роҳи ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон вазифадор намуданд. Сипас, Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раванди фаъолият дар Донишкадаи омӯзиши масъалаҳои қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҷинояткорӣ ва такмили ихтисоси кормандони мақомоти Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуданд.
Таъсиси Донишкада маҳсули тадбирҳои саривақтии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, дар омода намудани кадрҳои баландихтисос, лаёқатманд ва аз лиҳози ҳуқуқӣ рушдёфта нақши муассир дорад. Донишкада 13 толор, 17 ҳуҷраи корӣ, синфхонаҳои компютерӣ, китобхона ва дигар инфрасохтори мукаммал дошта, ба ташаккули дониши ҳуқуқӣ ва тақвияти маҳорати касбии кормандон мусоидат менамояд.
Тибқи талабот, дар Донишкада курсҳои кӯтоҳмуддати бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандон аз рӯйи ихтисосҳои ҳуқуқшиносӣ, фаъолияти судӣ, прокурорӣ ва муфаттишӣ ба роҳ монда шуда, ҳамасола зиёда аз 600 корманди мақомоти прокуратура метавонад дар доираи барномаҳои таълимӣ дониш ва малакаи касбии худро такмил диҳад. Таълим аз ҷониби 17 омӯзгори соҳибтахассус сурат мегирад, ки дар ин ниҳоди назоратӣ собиқаи зиёди корӣ доранд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон барои омӯзиши амиқи донишҳои соҳавӣ ба кормандон ва истифодаи имкониятҳои мавҷуда дар самти такмили таҷриба ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ дастуру ҳидоятҳо доданд.
Таҷдиди роҳ ва пули мошингард дар хиёбони Исмоили Сомонӣ
5-уми декабр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо корҳои анҷомёфта дар ободонию навсозии хиёбони Исмоили Сомонии пойтахт ва пули мошингард дар болои дарёи Душанбе шинос шуданд.
Иттилоъ доданд, ки корҳои навсозӣ дар ин ҷо дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2020 оғоз гардида, бо тарҳи муосир ва сифати баланд ба анҷом расонда шуд.
Бояд гуфт, ки пули мазкур то замони соҳибистиқлолӣ сохта шуда, бо мурури замон ду шафати он ба таъмиру навсозӣ ниёз пайдо карда буд. Барои таъмини устуворӣ дар иншоот, нахуст, аз ду канори пули мошингузар сутунпояҳои бетонӣ бунёд гардида, сипас, болои он бо панҷараҳои мунаққаши оҳанӣ бо риояи унсурҳои меъмории милливу ҷаҳонӣ оро дода шудааст. Дар ороиши конструксияҳои металлии пули мазкур масолеҳи баландсифат истифода гардидааст, ки барои солиёни дароз хизмат намудани он мусоидат мекунад.
Бо мақсади сабзкорӣ ва хуррамгардонӣ дар атрофи пули мазкур дарахтони сояафкан ва гулу буттаҳо шинонда шудааст, ки зебоии ин мавзеъро дучанд менамояд. Инчунин, дар доираи лоиҳаи мазкур аз хиёбони Исмоили Сомонӣ то буриши хиёбони Сино, ки масофааш 3 км аст, бо истифодаи таҷҳизоти равшанидиҳандаи каммасрафи барқӣ корҳои равшанинамоӣ дар сатҳи баланд ба анҷом расонда шудаанд. Махсусан, шабона ҳангоми гузаштан аз болои пули мазкур манзараи зебои ҷолиб ба назар мерасад, ки таваҷҷуҳи ҳар як сокину меҳмони шаҳри Душанберо ба худ мекашад. Дар рафти ороиши пули мошингузар, ки аз ду канори роҳ 6 қисмро ташкил медиҳад, бо истифода аз конструксияҳои оҳанӣ 15 нуқтаи идоракунӣ сохта шуда, ба дарозии 473 метр панҷараҳои оҳанини дорои тарҳу услуби муосир насб гардидаанд.
Баландии ороишоти конструксионӣ дар қисмҳои алоҳида аз 16 то 21 метрро ташкил медиҳад. Лоиҳаи шаклдиҳии пули мазкур бо назардошти бехатарии ҳаракат дар роҳ таҳия шуда, роҳҳои пиёдагарди ду ҷониби он ҳам навсозӣ гардидаанд, ки барои рафтуомади пиёдагардон бехатар аст. Дар корҳои навсозию ободонии ин пул ва хиёбони Исмоили Сомонӣ 100 мутахассиси ватаниву хориҷӣ фаъолият намуданд.
Мавриди зикри хос аст, ки тули 7 соли охир дар шаҳри Душанбе сохтмон ва барқарор кардани 6 пул, 2 эстакадаи сесатҳа ба анҷом расида, ба масофаи зиёда аз 160 километр роҳҳои мошингард бунёду навсозӣ шуданд. Дар доираи нақшаи генералии шаҳри Душанбе лоиҳаи сохтмони боз 9 роҳи дусатҳаи дигар ба нақша гирифта шудааст, ки пас аз сохта ба истифода додани онҳо, ҳаракати воситаҳои нақлиёт муътадил гардида, сарборӣ кам карда мешавад.
Зимни боздид аз корҳои анҷомёфта дар болои пули мазкур Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба завқу маҳорати бинокорон баҳои баланд дода, таъкид намуданд, ки корҳои ободонию созандагӣ дар доираи омодагӣ ба истиқболи сазовор аз 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ҳамаҷониба ривоҷ дода шаванд.