ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТОҶИКИСТОН – ҶОПОН.  ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ИЛМӢ

ТОҶИКИСТОН – ҶОПОН.  ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ИЛМӢ

06 декабр 2024, Ҷумъа
18
0


2-юми декабр дар шаҳри Токио вохӯрии президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода ва ноиби президенти Агентии илм ва технологияи Ҷопон (JST) Моримото Шигео баргузор шуд. Ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкорӣ дар бахши илм ва технология, таҳқиқоти муштарак ва дастгирии олимони ҷавон, иштироки фаъолонаи Агентии илм ва технология дар татбиқи барномаи SATREPS (Шарикии таҳқиқоти илмӣ ва технология барои рушди устувор)-ро баррасӣ карданд. Ҳамчунин, М. Шигео изҳор намуд, ки омода аст, мубодилаи академиро миёни донишгоҳҳои Ҷопон ва Тоҷикистон тавассути стипендия ва грантҳо дастгирӣ намояд.
Зикр гардид, ки олимони ҷавони тоҷик метавонанд дар соҳаҳои муҳандисӣ, экология, биотехнология ва идоракунии захираҳои табиӣ омӯзиш ва таҷриба андӯзанд. Қобилҷон Хушвахтзода таъкид намуд: «Мо ният дорем минбаъд ҳамкориро бо JST барои интиқоли технологияҳои инноватсионӣ тақвият диҳем. Умедворем, ки JST ба интиқоли технологияҳои Ҷопон ва татбиқи онҳо дар Тоҷикистон мусоидат менамояд».
Дар рафти суҳбат зарурати татбиқи лоиҳаҳои якҷоя барои мутобиқ намудани технологияи ҷопонӣ ба шароити маҳал, аз ҷумла дар соҳаҳои сейсмология ва гидроэнергетика, таъкид гардид. Ҳамчунин, таваҷҷуҳи хос ба омӯзиши усулҳои баҳодиҳии хатарҳо ва пешгирии оқибатҳои офатҳои табиӣ дода шуд.

Дилноз ҲУКМАТУЛЛОЕВА, 
“Ҷумҳурият”



ТОҶИКИСТОН – МИСР:  ҲАМКОРӢ ДАР МАСЪАЛАҲОИ ГУМРУКӢ РУШД МЕЁБАД
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо, дар доираи ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Арабии Миср, Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ ва ёрии байниҳамдигарӣ дар масъалаҳои гумрукӣ ба имзо расид.
Санади мазкурро муовини якуми сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Турсунзода ва вазири банақшагирӣ ва рушди иқтисоди Ҷумҳурии Арабии Миср Рания Ал-Машат имзо карданд.
Татбиқи муқаррароти Созишнома саҳифаи наверо дар таърихи муносибатҳои дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Арабии Миср оғоз бахшида, ҳамчун заминаи мустаҳкам барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои судманди  гумрукӣ маънидод мегардад. Ин омил як қадами муҳим дар самти содагардонии расмиёти савдо, баланд бардоштани самаранокии назорати гумрукӣ ва таҳкими ҳамкориҳо дар самтҳои дигари афзалиятнок байни мақомоти гумруки кишварҳо арзёбӣ мегардад. Ҳамзамон, Созишнома ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид ба рушди соҳибкорӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва таҳкими иқтидори иқтисодии ҳар ду кишвар мусоидат хоҳад намуд.
АМИТ “Ховар”


СОҲИБ ТАБАРОВ.  ТАҶЛИЛИ 100-СОЛАГИИ АДАБИЁТШИНОС ДАР ЗОДГОҲАШ
Соли равон тибқи “Ҷадвали баргузории ҷашну солгард , фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024, ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, 100-солагии адабиётшиноси маъруфи тоҷик, мунаққид, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Соҳиб Табаров ҷашн гирифта шуд.
Дар ин робита,  дар ноҳияи Муъминобод – зодгоҳи Соҳиб Табаров, конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявӣ доир гашт. Иштирокдорони конференсия нахуст нимпайкараи устодро ифтитоҳ намуда, бо Ганҷинаи адабии ин мунаққиди воқеъбин шинос шуданд. 
Иброз гардид, ки иқдоми наҷибу адибпарваронаи Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба шинохти шахсиятҳои бузурги илмию фарҳангии ҷумҳурӣ қобили ситоиш ва пайравӣ мебошад. 
Аҳли илму адаб ва меҳмонон ҷойгоҳи Соҳиб Табаровро дар адабиёти муосири тоҷик, махсусан нақди адабӣ, шоистаи таҳсин хонданд. Иброз гардид, ки хонандагони тоҷик Соҳиб Табаровро, пеш аз ҳама, ҳамчун мунаққид мешиносанд. Асарҳои адибони тоҷик, ки солҳои 40-80-и асри гузашта фаъолият намудаанд, аз мулоҳизаҳои ин мунаққиди пуркору воқеъбин дур намондаанд. Хусусияти нақди Соҳиб Табаров дар он аст, ки ӯ зиёдтар асарҳои истеъдодҳои ҷавонро мавриди таҳлилу таҳқиқ қарор дода, онҳоро ба роҳи самараноки эҷодӣ ҳидоят намудаанд.
Соҳиб Табаров муаллифи 850 асару таълифоти илмӣ мебошад. Зиндагӣ ва фаъолияти илмиву омӯзгорӣ ва иҷтимоии ӯ намунаи намоёни таҳаввули таърихи иҷтимоӣ ва фарҳангии шаҳри Душанбе ва умуман, Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. 

Басона САТТОРЗОДА, “Ҷумҳурият”


ШАРҲИ ВАЗЪИ БОЗОРИ ДОХИЛИИ АСЪОР ВА СИЁСАТИ ҚУРБИИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади шарҳи вазъи бозори дохилии асъор ва лаппишнокии қурби асъор дар рӯзҳои охир ба маълумоти воситаҳои ахбори омма, субъектҳои хоҷагидорӣ ва аҳолӣ мерасонад, ки вазъият дар бозори дохилии асъори Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти таъсири омилҳо, ки бо тағйирёбии ҳолат дар арсаи геосиёсӣ алоқаманд аст, арзёбӣ мегардад.
Тағйирёбии қурби сомонӣ нисбат ба асъори хориҷӣ дар ин давра зери таъсири омилҳои берунӣ ва дохилӣ, аз ҷумла устувор шудани доллари ИМА нисбати асъорҳои давлатҳои рӯ ба инкишоф, яку якбора коҳиш ёфтани қурби рубли русӣ нисбати доллари ИМА, бинобар авҷи муноқишаҳои геосиёсӣ ва иқтисодӣ дар рӯзҳои охир ва дигар омилҳо қарор дорад. Дар натиҷа, чунин омилҳо сабаби ба вуҷуд омадани номуайяниҳо дар бозорҳои асъории минтақа гардиданд.
Бояд зикр кард, ки мутобиқи “Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024 ва давраи миёнамуҳлат” дар давоми соли равон сиёсати қурбии ба реҷаи “шинокунандаи танзимшаванда, бе муайян ва эълон кардани ҳудудҳои тағйирёбии қурб” асосёфта татбиқ мегардад. Тибқи реҷа, қурби пули миллӣ дар асоси таносуби талабот ва пешниҳоди асъори хориҷӣ дар бозори дохилӣ муқаррар гардида, Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳолатҳои аз эътидол зиёд тағйир ёфтани қурб, ба вазъи бозори дохилии асъор дахолат менамояд.
Вобаста ба ҳолати бавуҷуд-омада, Бонки миллии Тоҷикистон тағйирёбӣ ва лаппишнокиҳои муваққатии мазкурро дар бозори асъор зери мушоҳида ва таҳлили мунтазам қарор дода, барои таъмини суботи бозори дохилии асъор ва муътадилии қурби пули миллӣ воситаю имконият ва захираҳои заруриро дорост ва дар ҳолатҳои зарурӣ онҳоро истифода хоҳад бурд.

Шуъбаи матбуоти БМТ



САМАРҚАНД. ПАЗИРОИИ ГАРМИ ҲУНАРПЕШАҲОИ ТОҶИК
Гурӯҳи 12-нафараи ҳунарпешаҳои Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакави ба номи Камол Хуҷандӣ таҳти раҳбарии Ҷобир Ғафуров бо сафари эҷодӣ ба шаҳри Самарқанд омад. Аъзои гурӯҳ барои тамошогарони самарқандӣ ва меҳмонон мазҳакаи “Аруси ҷойдорӣ”-и драматурги ӯзбек Нурулло Аббосхонро иҷро намуданд. 

Таҳиягар ва басаҳнагузорандаи “Аруси ҷойдорӣ”-и Нурулло Аббосхон коргардони тоҷик Сӯҳроб Шехов мебошад. Ӯ ғайр аз ба саҳна овардани чандин намоишномаҳои драматургони маъруф, дар офариниши филмҳо низ хеле комёб мебошад.
Нақши асосии намоишномаи “Аруси ҷойдорӣ”-ро ҳунарпешаи Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакави ба номи К. Хуҷандӣ, соҳиби ҷоизаи Ҷашнвораи байналмилалии театрҳои Осиёи Марказӣ Сурайё Хоҷаева бар дӯш дошт. 
Тавре ки роҳбари гурӯҳ Ҷобир Ғафуров иброз намуд, ҷамоаи Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакави ба номи К. Хуҷандӣ аз соли 2017 бо Театри давлатии драмаи мусиқии вилояти Самарқанд ҳамкорӣ ба роҳ мондааст. Қаблан гурӯҳи эҷодии театри Самарқанд ба шаҳри бостонии Хуҷанд бо намоишномаи худ ташриф оварда буд. 
– Ин бор мо бо камоли майл ба ҳузури самарқандиён шитофтем. Тамошобинон ҳунарнамоии ҳунарпешаҳои моро бо завқу шавқ истиқбол гирифтанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки мардуми ин шаҳри бостонӣ ба тамошо кардани чунин намоишҳо бо забони тоҷикӣ хеле ниёзманд мебошанд, – гуфт Ҷ. Ғафуров.
Намоишнома масъалаҳои иҷтимоӣ, мисли ҳаёти зану шавҳар, муносибати падарарусу модарарус ва атрофиён нисбат ба келинро дар бар гирифтааст. Барои ҳамин аксари бинандагон баъди анҷоми намоишнома ибрози хушҳолӣ карданд, ки ҳунарпешаҳои Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакави ба номи К. Хуҷандӣ дар саҳна маҳорату истеъдоди баланд нишон доданд. 
– Кайҳо чунин намоишнома тамошо накарда будам. Дар ҳақиқат, бо иқдомоти наҷиби сарварони ду давлати дӯсту бародар аз соли 2018 робитаҳои фарҳангӣ миёни ду кишвари ҳамҷавор беш аз пеш доман фарох мекунанд, – иброз намуд журналист Шаҳло Аҳророва.
Вай афзуд, ки варзиш ва суруду ҳунар ҳамеша қосиди сулҳу суботанд. Вусъати ҳамкориҳои фарҳангии миёни ду кишвар танҳо ба манфиати мардум хоҳад буд.
Мирасрор АҲРОРОВ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 06.12.2024 №: 240
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив