АЗ ОМӮЗИШ ТО ДАРКИ ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ
Паёми аввалини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба мақоми олии қонунгузор – Маҷлиси Олӣ соли 2000-ум (27-уми апрели соли 2000) оғоз шуда, ҳамасола ба ҳукми анъана даромадааст.
Аз таҳлили паёмҳо бармеояд, ки аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҳадафи асосии давлат ва Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба беҳтар кардани шароити зист ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум равона гардидааст.
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, Сарвари давлат ҳуҷҷати фарогири Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатиро пешниҳод намуданд. Ҳуҷҷати мазкур дар доираи ҳуҷҷати моҳиятан мобайнии стратегии паст кардани сатҳи камбизоатӣ (октябри соли 2000) таҳия гардида, барномаҳои инвеститсияҳои давлатӣ, кумаки техникӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои зарурӣ, аз ҷумла дастурҳои барномавии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Паём ба Маҷлиси Олӣ (30-юми апрели соли 2001) дар мавриди арзёбии камбизоатӣ дар Тоҷикистон зикр намуда буд, истифода шуданд.
Ҳамасола бо талошҳои Сарвари давлат нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмини рушди иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони кишвар ҳадафмандона амалӣ мегарданд.
Мувофиқи натиҷаҳои тадқиқоти муштараки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳои мустақил доир ба сатҳи зиндагии аҳолии Тоҷикистон, сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоизи соли 1999 то 21,2 фоиз дар соли 2023 коҳиш дода шуд.
Бо мақсади беҳтар намудани вазъи иҷтимоии аҳолӣ, давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон музди меҳнати кормандони илму маориф, тандурустиву фарҳанг, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро сол ба сол зиёд намуда истодааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми соли гузашта (28-уми декабри соли 2023) музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияҳоро аз 1-уми июли соли 2024 то 40 фоиз зиёд карданд.
Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки агар соли 2000-ум ба соҳаи маориф 42 миллион сомонӣ ҷудо шуда бошад, ин нишондиҳанда дар соли 2024 ба 8 миллиарду 231 миллион сомонӣ расидааст. Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ музди меҳнати кормандони соҳаи маориф 21 маротиба баланд бардошта шуд.
Мо имрӯз шукрона мекунем, ки аз баракати истиқлоли давлатӣ шароити мусоид барои илмомӯзӣ фароҳам гашта, баргузории озмуну олимпиадаҳо озодона ба роҳ монда мешаванд.
Сарвари давлат дар Паёми соли 2019 ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040- ро Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф эълон карда, баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман»-ро ҳар сол мувофиқи мақсад шумурданд.
Президенти мамлакат дар Паёми соли 2021 таъкид доштанд, ки ҳадафи мо аз баргузории озмунҳои «Илм – фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва олимпиадаву озмунҳои гуногун тақвият бахшидани ҳувияти миллӣ, ҳисси ифтихор аз таъриху тамаддуни бостонии халқамон, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии мардум, қабл аз ҳама наврасону ҷавонон, тақвияти завқи зебоипарастии онҳо ва пайдо кардани истеъдодҳои нодир аз байни наслҳои ояндасоз мебошад.
Шоҳиди онем, ки давоми солҳои истиқлолияти давлатӣ шумораи муассисаҳои таълимӣ афзуда, онҳо бо таҷҳизоту технологияҳои замонавӣ таъмин карда шуданд, ки барои омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ ва муҳандисӣ: риёзиёт, физика ва химия ҷавобгӯ мебошанд.
Агар андозаи музди миёнаи меҳнат ва ҳадди ақали нафақа яке аз меъёрҳои муайян намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ бошад, пас аз таҳлили болозикр аён аст, ки ин масъала ҳалли худро зина ба зина ёфта истодааст.
Дар чунин шароити муҳайёнамудаи Ҳукумат ҳар фарди ҷомеа, бахусус омӯзгорон зарур шумурданд, ки ба сифати таълим ва тарбия диққати ҷиддӣ зоҳир намуда, мавқеъ ва рушди тафаккури хонандаро фароҳам намуда, роҳҳои андешидан ва омӯхтанро ба дигарон омӯхтанд. Омӯзгорон, ҳамчунин, хуб дарёфтанд, ки вазифаи онҳо интиқоли дониш, эҷоди тафаккури мантиқӣ ва парвариши шахсияти солим аст.
Онҳо хуб дарк карданд, ки муносибаташон ба кор ҷиддиву босифат бошад ва ба хонандагон фикр карданро дар заминаи ҳалли ҳар як масъала биёомӯзонанд. Дар ҳолати муҳайё кардани низоми аз ҷиҳати илмӣ асосноки ташкили фаъолияти фикрӣ, инсон ногузир одитарин ва тадриҷан мушкилтарин асрори фикр кардан ва таҳлили фикриро барои худ кашф мекунад.
Одинашоҳ ВАЛИЗОДА,
омӯзгор, Корманди шоистаи Тоҷикистон
Санаи нашр: 9.12.2024 №: 241