ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » “ДУОИ МОДАР” Шукӯҳи Озмуни байналмилалӣ дар Душанбе

“ДУОИ МОДАР” Шукӯҳи Озмуни байналмилалӣ дар Душанбе

09 декабр 2024, Душанбе
15
0

Бардошт аз 13 озмуни фарогири рӯзномаи садсола

Тайи даҳ соли охир рӯзномаи «Ҷумҳурият» бо озмунҳои роҳандозинамудааш саҳифаи наверо дар матбуоти тоҷик варақ зад. Ин озмунҳо сар карда аз корнамоиҳои қаҳрамонони миллат то рушди сайёҳиву муаррифии чеҳраҳои ҷавонро дар бар гирифт. Озмуни навбатӣ ба гиромидошти модар, ки аҳли башар парвардаи домони поки ӯянд, бахшида шудаву як бори дигар бузургӣ ва мақоми ин олиҳаи меҳрро тараннум намуд.

АЗ ГИРОМИДОШТИ САДРИДДИН АЙНӢ ТО БОБОҶОН ҒАФУРОВ

Рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар зарфи даҳ сол 13 озмун баргу­зор намуд, ки ҳар яке дар шинохти шахсиятҳои саршиноси мил­лат нақши созгор доранд. Аввалин озмун бахшида ба 25-сола­гии Истиқлоли давлатӣ ва ба хотири гиромидошти журналист ва шоири шинохтаи тоҷик Ғоиб Сафарзода аз 11-уми март то 11-уми августи соли 2016 идома ёфт. Дар доираи эълони соли 2017 – Соли ҷавонон озмуни дуюми рӯзнома – «Ҷавонон – пай­равони Пешвои миллат» насли нави муваффақу болаёқатро дар бахшҳои роҳбарӣ, ихтироот, илму технология, соҳибкорӣ ва ди­гар соҳаҳои муҳими иҷтимоии мамлакат муаррифӣ намуд.

Гиромидошти қаҳрамони миллат Нусратулло Махсум аҳли илму адабу маърифатро дар зодгоҳи ӯ Раштонзамини хушман­зара гирд овард. Дар доираи озмун ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ, хидматҳои мондагори устод Садриддин Айнӣ ба таври муфассал дар саҳифаҳои рӯзнома дарҷ гардида, боз ҳам моро ба асли худ ошно намуд. Он фидокориҳои фарзандони фарзонаи миллатро дар роҳи шиносондани тоҷик ба олам ёд карда, дар ноҳияи Айнӣ ҷамъбаст шуд. Маҳсули озмуни мазкур чопи китоби “Садриддин Айнӣ ва худшиносии миллӣ” мебошад.

Масъалаи инъикоси бедории миллӣ дар озмуни панҷуми рӯзнома – гиромидошти Бобоҷон Ғафуров якҷо бо ноҳияи ҳамноми қаҳрамон идома пайдо кард. Он дар остонаи 21-со­лагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Қасри Арбоб ҷамъбаст гардид. Корнамоиҳои аллома Бобоҷон Ғафуров дар роҳи тақвияти ан­дешаи давлатмеҳвар, худогоҳӣ, ҳифзу гиромидошти арзишҳои сулҳу ваҳдати миллӣ аз равзана

и нав ба хонанда муаррифӣ шуданд. Иштирокдорон ин иқдоми роҳбарияти рӯзномаро дар татбиқи сиёсати Сарвари давлат дар мавриди баланд бардош­тани сатҳи худшиносии миллӣ ва шинохти чеҳраҳои мондагори таърих муҳим арзёбӣ карданд. Ҳамзамон, рӯйи чоп омадани гулчини мақолаҳои озмуниро дар шакли китоби алоҳида дар ду нашр (ба забонҳои тоҷикиву русӣ) хидмати мондагоре дар ши­нохти ин олиму сиёсатмадори барҷаста хонданд.

АЗ ТАРҒИБИ САЙЁҲӢ ТО БЕҲТАРИН ШЕЪРИ КӮДАК

Озмуни шашуми рӯзнома бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ соли 2018 якҷо бо Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент доир гардид. Маросими ҷоизасупорӣ дар ин шаҳри бостонӣ гузашт ва ғолибону меҳмонон дар доираи озмун ба шаҳри Самарқанд сафар карданд.

Бо мақсади саҳмгузорӣ дар татбиқи сиёсати маорифпар

варо­наи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, соли 2018 озму­ни «Беҳтарин шеъри бачагона» эълон ва пас аз як сол дар шаҳри Хуҷанд натиҷагирӣ шуд.

Дастовардҳои 30 соли Истиқлоли давлатӣ дар Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – хонаи умеди мо» аз 15-уми июли соли 2019 то 15-уми майи соли 2020 таҷассум ёфта, маросими ҷоизасупории он дар Қасри фарҳанги ноҳияи Данғара бо иш­тироки меҳмонону дӯстдорони сиёсати Сарвари давлати мо аз Афғонистону Ӯзбекистон гузашт.

АЗ ҲИСОРИ ШОДМОН ТО БОМИ ҶАҲОН

Озмуни рӯзномаи "Ҷумҳурият" якҷо бо мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳрҳои Ҳисор, Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав бахшида ба Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва ба хотири гиромидошти 110-умин солгарди Қаҳрамони Тоҷикистон, фарзанди барӯманди миллат устод Мирзо Турсунзода ба ҷашни ваҳдату ҳамдиливу ҳамгироӣ табдил ёфт. Ҳама аз сулҳу дӯстӣ ва муҳаббати бепоёни Меҳан, ки ормони ҳамешагии шоири сулҳҷӯву озодихоҳ, ваҳдатоин ва ватансаро буд, ёдрас шудаву но­машро ба некӣ бурданд. Тайи рӯз «оламе дар хонаи тоҷик», дар диёри шоир, дар меҳмондории устод Мирзо Турсунзода буд.

Ба хотири гиромидошти Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур, Озмуни шашуми «Ҷумҳурият» дар диёри домани гар­дун – Бадахшони дурахшон, идома ёфт. Истиқболи гарму самимии ин мардуми сарбаланд аз "дарвозаи тиллоӣ"-и Бадахшон – ноҳияи Дарвоз, оғоз ёфт. Шукӯҳи чорабинии рӯзнома ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ, Рӯшону Шуғнон ва қалби Бадахшон – шаҳри Хоруғро фаро гирифт. Мардуми тоҷик, бавижа бадахшониён, бори дигар дарк карданд, ки ҷонсупорону фидоиёни Ватан фаромӯш намешаванд.

«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ЭҲЁИ

ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ» ДАР ХАТЛОН

Ҳанӯз тантанаи озмуни қаблӣ ба хотири гиромидошти Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур дар «Боми ҷаҳон» аз ёдҳо нарафта, «Ҷумҳурият» озмуни навбатиаш «Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи давлатдории миллӣ»-ро як

ҷо бо вилояти Хатлон эълон ва ҷамъбаст намуд.

Озмун дар як муддати кӯтоҳ ба ҳамоиши таърихӣ ва дӯстиву ҳамгироӣ мубаддал гашт. Маҳз ба шарофати машғул шуда­ни муаллифон бо омӯзиши кору пайкор ва осори Сарвари мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, даҳҳо маъхазҳои таърихӣ, мақолаҳои хубу хонданӣ ва иттилоотии ба сарнавишти милла­ти мо рабтдошта ошкор шуданд. Ба унвони рӯзнома беш аз 300 матлаб ворид гардида, 200 мақолаи озмунӣ рӯи чоп омад. Муал­лифон аз мамлакатҳои Русия, Британияи Кабир, Олмон, Қатар, Кувайт, Озарбойҷон, Ӯзбекистон ва Афғонистон буданд.

Ташкили ин озмун ва нашри матолиби зиёд дар доираи он бори дигар собит сохт, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз маҳбубияти хос дар миёни мардуми тоҷик, тоҷикони дунё ва сиёсатмадорони сатҳи ҷаҳо

нӣ бархӯрдоранд.

Чопи китоби «Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи давлатдории миллӣ» ба забонҳои тоҷикию русӣ ва аз тарафи Вазорати фарҳанги киш­вар Китоби сол баргузида шудани он далели ба ҳадаф расидани “Ҷумҳурият” буд.

«ДУОИ МОДАР». АЗ ХУҶАНД

ТО ДИЛИ ТОҶИКИСТОН – ДУШАНБЕ

Ниҳоят, озмуни «Дуои модар» моҳи сентябри соли 2023 чеҳраҳои саршиноси кишвар, махсусан бонувони намунаро дар шаҳри Хуҷанд ба ҳам овард. Ҷоизасупорӣ ва қадршиносии бо­нувону модарони номвари миллат ва пирӯзшудагон дар Қасри Арбоб шукӯҳи дигар дошт.

Баргузории «Дуои модар» дилу дидаҳоро тасхир кард ва бо пешниҳоди роҳбарияти вилояти Суғд имсол низ идома пай­до кард. Чорабинии ҷамъбастии он 3-юми декабри соли равон меҳмононро на танҳо аз Зарафшону Бадахшон, Суғду Хатлон ва Раштонзамини нозанин, балки аз кишварҳои ба мо дӯсту барода­ри Ӯзбекистон, Афғонистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ба қалби Тоҷикистон – Душанбеи ҳамешабаҳор овард. Боздид аз Кохи Наврӯзу шиносоӣ бо ҳунари асили устоҳову меъморони гулдаст, ки офарандаи ин ҳама зебоианд, меҳмононро ба ҳайрат гузошт.

Дар меҳмонхонаи “Ҳайат Реҷенси”, ки маросими ҷоизасупорӣ он ҷо гузашт, ҳама сухан аз зан, зебоӣ ва хидматҳои мондаго­ри Пешвои муаззами миллат баҳри баланд бардоштани қадру манзалати бонувон мегуфтанд. Ширкат кардани заноне, ки дар марҳалаҳои ҳассоси давлатдорӣ ҳамқадами Ҷаноби Олӣ буданд ва имрӯз низ баҳри пешрафти ҷомеа бори масъулият мекашанд, ба чорабинӣ шукӯҳи хос бахшид.

Ҳамин тавр, озмуни сездаҳуми «Ҷумҳурият», ки чун ҳамеша фаротар аз марзи кишвар рафт ва ба ҳамоиши байналмилалӣ табдил ёфт, бо дуои мода­рони бузурги миллат басе рамзӣ ва пур­мазмун буд.

Меҳрангез ҚОДИРОВА, «Ҷумҳурият"

Санаи нашр: 9.12.2024 №: 241
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив