ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » КМИР 41 ҳавзаи ҳудудии якмандатиро таъсис дод

КМИР 41 ҳавзаи ҳудудии якмандатиро таъсис дод

09 декабр 2024, Душанбе
37
0

6-уми декабр таҳти роҳбарии раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода ҷаласаи Комиссияи марказӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои вобаста ба интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот мавриди баррасӣқарор гирифтанд. Дар ҷаласа Нақшаи тақвимии чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва гузарондани интихобот тасдиқ гардид, ки он масъалаҳои ташкил ва баргузор намудани интихоботро дар ҳамаи зинаҳои мақомоти намояндагӣ дар бар гирифтааст.

Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», бо қарори Коммисияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар ҷумҳурӣ 41 ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Ҳамчунин, дар ҷаласа як қатор санадҳои дастурӣ барои комиссияҳои поёнии интихоботи ваки­лони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастурамалҳои намунавӣ барои комиссияҳои интихоботии вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва ҷамоатҳо, аз ҷумла «Дастурамали Комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дастурамали Комиссияи участкавии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Тартиби пешбарӣ ва бақайдгирии номзадҳое, ки аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ пешбарӣ шудаанд», «Тартиби пешбарӣ ва бақайдгирии номзадҳои бо роҳи худпешбарӣ пешниҳодшуда» ва ғайра баррасӣ ва тасдиқ гардиданд.

Таъкид шуд, ки Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ бо риояи талаботи Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъ­мини ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандон, инчунин фароҳам овардани шароити баробар барои субъектҳои раванди интихобот ҳамаҷиҳата мусоидат хоҳад кард.

Дар ин бора аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба “Ҷумҳурият” хабар до­данд.

Фирӯз РАҲМОНИЁН, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 9.12.2024 №: 241
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив