ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ВЭА дар шароити вусъатёбии муборизаҳои иттилоотӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ

ВЭА дар шароити вусъатёбии муборизаҳои иттилоотӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ

09 декабр 2024, Душанбе
2
0

Васоити электронии ахбор (радиою телевизион) дар шароити вусъатёбии муборизаҳои иттилоотӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ нақши муассир доранд. Амнияти иттилоотӣ ба сифати ифодагари ҳимояи нуфузи сиёсии давлат маҳсуб меёбад. Бо ёрии иттилоот комёбиҳо ва муваффақиятҳо ба ҷомеаи ҷаҳонӣ дастрас мегардад.

– Имрӯз иттилоот набзи ҷомеаи ҷаҳонро он гунае, ки ҳаст, инъикос мекунад ва ба руҳияи одамон гоҳо номуайян, вале пурҷозиба зарба ме­занад. Имрӯз ахбор ба фишанги тавоноии рафтори одамон табдил ёфта, ҳатто давлатҳо низ дар татбиқи нақшаву стратегияҳо аз қудрати воситаҳои иттилоотӣ истифода мебаранд, – иброз намуд декани факултети журна­листикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Бахтиёр Қутбиддинов. – Ахбор имрӯз ҷараёни идоранашаванда ва яке аз омилҳои меҳварии суръат ёф­тани ҷаҳонишавӣ дониста мешавад. Дар шароити имрӯза, бинобар пеш­рафту таҳаввулоти коммуникатсия имкон фароҳам гардидааст, ки ҳама аз уфуқҳои афкори якдигар огоҳ бошанд. Журналистикаву публитсисти­ка дар ҷаҳони муосир дар саргаҳи ҷаҳонишавӣ қарор доранд. Тобеият ба ахбор ва аз он натиҷа гирифтан, хосияти умдаи раванди ҷаҳонишавист. Хабар дар ҷаҳони муосир равандҳои сиёсиву иқтисодии ҷаҳонро идора карда истодааст. Дар ин раванд муҳимтар он аст, ки хабар чӣ гуна ва аз ҷониби кӣ идора карда мешавад. Як хосияти раванди ҷаҳонишавӣ он аст, ки барои ҷомеаҳои огоҳ ғасби мафкураи инсонҳо ҳадафи асосӣ аст. Чанд даҳсолаи охир ин ҷараён торафт шиддат мегирад ва дар заминаи он набардҳои иттилоотӣ низ меафзоянд. Шарҳи содаву возеҳи мафҳуми “ҷанги иттилоотӣ” таҳоҷум ба мафкураи ҷомеаҳо ва рахнасозии тасавву­ру пиндошти вуҷуддошта мебошад. Агар ҷанги воқеӣ барои нест кардани инсон равона гардида бошад, ҷанги иттилоотӣ ҳамла ба ақлу тафаккури инсон аст. Ин ҳамла пуршиддат, нарм, ошкоро, пӯшида ва ба шакли амиқи равонӣ сурат гирифта, дар атрофи объект андешаҳои мусбату манфии навро ба миён меоварад. Хабар на танҳо инъикосгари воқеият, балки бавуҷудоварандаи воқеаҳои нав гардида, равиши ҳаводису воқеаҳоро тағйир медиҳад. Хабар чеҳрасоз аст, элитаҳоро ба вуҷуд меорад, си­ёсату идеологияҳоро муаррифӣ мекунад, дар худогоҳиву худшиносиҳо мусоидат менамояд, ҷомеаҳоро ба таҳлука меорад, пароканда сохта ме­тавонад ва умуман, нақши созандаву сӯзанда дорад.

Тавре ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид на­мудаанд: “Ҳар як намояндаи васоити ахбори омма ҳамеша дар хотир дошта бошад, ки минбари суханро бояд барои ҳифзи амнияти давлат, таҳкими пойдории ҷомеа, тарғиби худогоҳиву худшиносии миллӣ, ғояҳои ватандӯстӣ, эҳтиром ба анъанаҳои фарҳангӣ, рушду густариши забони давлатӣ истифода намояд ва ба халқу миллати худ содиқонаву беғараз хизмат карда, дар ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва мардуми шарифи киш­вар ҳаргиз бетараф набошад”.

Басона САТТОРЗОДА, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 9.12.2024 №: 241
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив