«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ» Нобурда ранҷ ганҷ муяссар намешавад...
Бо баргузор намудани озмунҳои мухталиф ҳар сол чеҳраҳои нав кашф мешаванд. Яке аз беҳтарин озмунҳо, ки бори дигар миллати фарҳангӣ будани тоҷикро муаррифӣ менамояд, Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мебошад.
Боиси зикр аст, ки маҳз ба туфайли баргузории Озмуни мазкур, ҷавонону наврасон ба мутолааи китоб рӯ оварданд, ки беҳтарин падидаи даҳ соли охир ба ҳисоб меравад. Ҳар сол мо шоҳид мегардем, ки аз оғоз шумораи зиёди дӯстдорони каломи бадеъ аз шаҳру ноҳияҳои кишвар байни ҳам сабқат карда, Озмунро ҷолибу диданӣ мегардонанд. Нафаре, ки дар борааш сухан меравад, донишҷӯи соли аввали Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Сабрина Шарифзода, барандаи шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», мебошад. Ӯ чорум сол мешавад, ки дар он ширкат меварзад.
– Се сол то даври ҷумҳуриявӣ расида, сазовори ҷой нагашта бошам ҳам, руҳафтода нашудам. Аз рӯи таҷрибаҳои солҳои гузашта, имсол ҳама талаботи низомномаи Озмунро риоя намуда, бо тайёрии ҷиддӣ омадам, – иброз намуд Сабрина. – Бояд гӯям, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» танҳо як рақобат нест. Он тақвияти сатҳи дониш буда, барои ояндаи наврасону ҷавонон хеле муҳим аст. Баъдан, насли ҷавонро муттаҳид месозад. Мо аз тариқи ин Озмун бо намояндагони тамоми шаҳру навоҳии кишвар риштаи дӯстӣ пайдо мекунем. Тавре зикр кардам, ин соли чорум аст, ки иштирокчии Озмун ҳастам. Имсол бо аз бар намудани зиёда аз 250 асари назмию насрӣ, 250 ғазал, 250 рубоӣ ва дубайтӣ, 650 мисраъ достон, 50 роман, 60 повест, 100 ҳикоя тавонистам муваффақият ба даст орам, ки дар он саҳми омӯзгорону падару модарам хеле назаррас аст.
Албатта, дар шароити деҳот дарёфти асарҳо хоҳу нохоҳ душворӣ эҷод мекунад. Аз ин рӯ, саҳми омӯзгорон ва волидон дар муввафақ шудани иштирокчии Озмун хеле зиёд аст.
Тавре Фариштамоҳ Шарифова, омӯзгори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 69-уми ноҳияи Восеъ иброз дошт: «Шаш сол мешавад, ки барои муваффақ шудан дар Озмун бо Сабрина омодагӣ мебинем. Солҳои аввал асарҳои зиёдро дастрас карда натавонистем ва ин боис гардид, ки шогирдам дар ин сабқат иштирок карда натавонад. Бо волидонаш маслиҳат намудему ӯро дар китобхонаҳои мактабӣ, ноҳиявию вилоятӣ, ҷумҳуривии бачагонаи ба номи Мирсаид Миршакар ва ҳамин тавр Китобхонаи миллӣ аъзо кардем, то бемушкилӣ дилхоҳ асарро дастрас намояд. Ҳамин буд, ки заҳматҳои кашидаи ӯ самари нек ба бор оварда, байни 130 иштирокдори даври ҷамбастӣ ва 18 нафар иштирокчии ҷойи аввал дар номинатсияи адабиёти муосири тоҷик соҳиби шоҳҷоиза гардад”.
Воқеан, ташкили чунин озмунҳо хеле бамаврид буда, ҷавонону наврасон ва тамоми қишри ҷомеаро ба хондани китоб ва ҳифзи асарҳои нодир ҷалб менамояд.
Гулнисои САЪДОНШО, "Ҷумҳурият"
Санаи нашр: 9.12.2024 №: 241