ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » РАҲНАМОВУ РАҲКУШОИ МИЛЛАТ

РАҲНАМОВУ РАҲКУШОИ МИЛЛАТ

11 декабр 2024, Чоршанбе
3
0

 Аз саҳифаҳои таърих дар ёд дорем, ки 16-уми ноябри соли 1994 дар иҷлосияи Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунӣ ва ба вазифа шуруъ кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд. Мақсад аз Рӯзи Президент муайян кардани 16-уми ноябр дар он ифода меёбад, ки ибтидо аз ҳамин рӯзи тақдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи бомароми Тоҷикистон марҳалаи нави муҳими давлатӣ, яъне тибқи Конститутсияи давлати соҳибихтиёр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идоракунии президентӣ оғоз ёфта, Президенти тозаинтихобгардида ба иҷрои вазифа шуруъ намудааст.

 

Бо манзури эҳтирому эътирофи фазилати сиёсат­мадориву давлатдории навини кишвар, таъмини сулҳу ваҳдату ягонагии мардуми сарзамин ва болоравии обрӯву нуфузу мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар арсаи байналмилалӣ, ки ин пайомадҳо, дар маҷмуъ, ба салоҳиятнокиву фаъолияти босамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагӣ дорад, дар қонунгузории кишварамон 16-уми ноябр Рӯзи Президент пазируфта шу­дааст.

Дар таърихи давлатдории кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон шахсиятҳои таърихиву барҷаставу номбардоре вомехӯранд, ки онҳо дар марҳалаву вазъиятҳои барои кишварашон мураккабу ҳассос ба арсаи сиёсат омада, суботу осоиштагӣ ва роҳи рушди минбаъдаи мамлака­ти худро муайян намуда, дар болоравии обрӯву мақоми давлаташон нақши абадӣ гузоштаанд. Чунин шахсиятҳои барҷаста Ҷорҷ Вашингтон, аввалин Президенти ИМА, ки то имрӯз мардуми Амрико ба эҳтироми ӯ зодрӯзашро ҳамчун Рӯзи Президент ҷашн мегиранд, ё худ Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Мао Сзе Дун, Президенти на­хустини Туркия Мустафо Камол ва чанде дигарон мебо­шанд, ки дар пешрафти кишварҳои худ саҳми арзишманд доранд. Дар қатори чунин абармардон метавон номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро низ зикр кард, зеро ҳамин шахси олиму оқилу фозилу хирадманд Тоҷикистонро аз фаноёбӣ наҷот дода, мардумро атро­фаш муттаҳид сохт ва бо қадамҳои қатъӣ ба сулҳу осо­иш, рушду суботи минбаъда ҳидоят намуд.

Дар ин маврид шахсиятҳои барҷастаи арсаи сиёсат доир ба фидокориҳои Роҳбари давлати тоҷикон ибрози ақида намудаанд. Аз ҷумла, Президенти Федератсия Рос­сия Владимир Путин чунин иброз доштааст: «Эмомалӣ Раҳмон яке аз симоҳои барҷаста буда, дар байни сиёсат­мадорони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мавқеи намоён­ро ишғол мекунад. Ин беҳуда нест. Тамоми ҷидду ҷаҳди ӯ аз он шаҳодат медиҳад, ки дар Тоҷикистон раванди сулҳ тавре пойдор аст, ки назираш дар ҳеҷ як мамлакате, ки чунин вазъияти муташанниҷ дошт, дида намешуд. Ҳар он чи оид ба ин масъала дар Тоҷикистон амалӣ гардидааст, мисоли хубест барои бисёр халқҳову мамолики дигар».

Дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахси сулҳпарвар, сарҷамъкунандаи миллату мардумсолор, фароҳамоварандаи шароити арзанда барои мардуми кишвар, ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ ши­нохта шудани Пешвои миллатро на танҳо сокинони киш­вар, балки ҷаҳониён эътироф намудаанд, ки ба андешаи ман, барои тасдиқу исботи ин гуфтаҳо зарурат ҷой надо­рад, зеро тавре халқ мегӯяд: «Он чи ки аён аст, ҳоҷат ба баён нест».

Мардуми шарафманди тоҷик Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун ҷашни фархунда, чун рам­зи садоқат ба Президент – садоқат ба Ватан таҷлил ме­намоянд. Барҳақ, хидматҳои шахсияти таърихӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлати миллии тоҷикон, барқарории ҳокимияти сиёсии давлатӣ ва истиқлол хеле бузург аст.

Мо – кормандони Китобхонаи шаҳрии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллатро сармашқи кори худ намуда, мекӯшем, ки содиқонаву софдилона ба Ватану миллати хеш хидмат намоем. 

Нилуфар МАҲМАДИЕВА,

корманди Китобхонаи шаҳрии  ба номи Абулқосим Лоҳутӣ

Санаи нашр: 11.12.2024 №: 242
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив