ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ва ташаккули низоми интихоботӣ дар Тоҷикистон

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ва ташаккули низоми интихоботӣ дар Тоҷикистон

11 декабр 2024, Чоршанбе
2
0

Таърихи имрӯзаи тоҷикону Тоҷикистон аз ҳар самте, ки ба он нигарем ва аз пойгоҳи ҳар масъалае, ки ба таҳқиқу шинохти он руҷуъ намоем, бо касби истиқлоли давлатӣ пайванд мегирад. Истиқлол сарманшаи ҷаҳони имрӯзаи миллати тоҷик аст, ки дар ниҳоди худ ҳадафҳои олии миллӣ, таърихӣ ва иҷтимоии мардумро асолат бахшид.

 Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди ба даст овардани рас­мияти сиёсӣ, то расидан ба ҷавҳари аслӣ, яъне то воқеияти ҳаётӣ пайдо кардани худ, марҳалаҳои душвори ташаккулро паймуда­аст. Халқи тоҷик ба хотири маънои ҳақиқии худро дарёфтани истиқлоли давлатӣ бо эҳтиром гузоштан ба озодӣ, ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд, бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона марҳалаи нави қонунгузориро дар қаламрави кишвар асос гузошт. Дар саргаҳи ин ибтикорот қабули Конститутсияи нави мамлакат қарор дошт, ки бори аввал дар таърихи давлатдо­рии тоҷикон тариқи раъйпурсии умумихалқӣ сурат гирифта, дар он таҷрибаҳои тамаддуни башарӣ дар робита ба озодии инсон, ҳуқуқи шаҳрванд, ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ таҷассуми равшан пайдо намуд ва ҳамчун ҳуҷҷати раҳнамои як давлати комилҳуқуқ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эъти­роф гардид.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эътирофу сабти соҳибихтиёрии мардуми Тоҷикистон шуруъ гардида, муқаддимаи он бо суханони «Мо, халқи Тоҷикистон … ҳамин Конститутсияро қабул ва эълон менамоем» оғоз меёбад. Мувофиқи ин ҳидояти Конститутсия халқи Тоҷикистон бо назардошти воқеияти таърихӣ сарнавишти худро муайян кард ва асосҳои истиқлолияти давлатии худро устувор намуд. Ин матлаб дар моддаи 6 Конститутсия хусусияти меъёрӣ касб намуда, халқ ба сифати «баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ» эътироф шудааст. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин маротиба мафҳуми таркибии халқро муайян намуда, тасарруфи ҳокимияти давлатиро аз ҷониби ҳизбу созмон, гурӯҳе ё фарде манъ кард.

Ҳуқуқи дахлнопазири халқи Тоҷикистон ҳуқуқ ба ҳокимият мебошад, ки дар Консти­тутсия пешбинӣ гардида, иштироки бевоси­таи шаҳрвандонро дар идоракунии корҳои давлатӣ тавассути мақомоти ҳокимияти давлатӣ кафолат медиҳад. Интихобот ва раъйпурсӣ мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ифодаи олии бевоси­таи ҳокимияти халқ ва як шакли амалӣ кар­дани демократия дар мамлакат мебошад, ки халқ иродаи сиёсии худро мустақиман изҳор мекунад.

Истеҳкоми пояҳои истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ташаккули ниҳодҳои давлатӣ оғоз ёфт. Ҷумҳурии тозаистиқлол роҳи демо­кратии рушди давлатдориро ихтиёр намуд ва ташаккули мақомоти олии мамлакат маҳз ба воситаи интихобот, ки нахустунсури ҷомеаи демократӣ мебошад, сурат гирифт. Дар ин замина қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» қабул гардида, дар натиҷаи ислоҳоти конститутсионии солҳои 1999 ва 2016 баъзе нуктаҳои қоидаҳо ва муқаррароти интихоботӣ такмил пазируфтанд. Интихобот бо назардошти низоми бисёрҳизбӣ баргузор шуда, намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ дар пар­ламенти мамлакат соҳиби ҷой гардиданд.

Ташкил ва баргузор намудани интихо­бот ва раъйпурсӣ дар давлатҳои демокра­тии ҷаҳони муосир тавассути комиссияҳои интихоботӣ амалӣ гардонда шуда, комиссияҳои марказии интихоботӣ ба фаъо­лияти онҳо роҳбарӣ мекунанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар ташаккули мақомоти олии кишвар ва доир намудани раъйпурсии умумихалқӣ Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ нақши меҳварии созмондиҳиро бар уҳда дорад. Масъулияти асосӣ дар таш­кил ва гузарондани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раъйпурсии умумихалқӣ, ҳамчунин, интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ба зиммаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ гузошта шудааст.

Чунонки дар боби аввали қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» зикр шудааст: Комиссияи мар­казии интихобот ва раъйпурсӣ мақоми дав­латии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, интихобо­ти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намоян­дагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раъйпурсии умумихалқиро ташкил меку­над ва мегузаронад, ба низоми комиссияҳои интихоботӣ роҳбарӣ мекунад, инчунин таш­кил ва гузарондани интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва ҷамоатро назорат карда, риоя ва татбиқи якхелаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихобот ва раъйпурсиро таъмин менамояд.

Дигар масъалаи муҳими марбут ба Ко­миссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, ки фаъолияти объективӣ, холисона ва шаффофи онро таъмин месозад, ин аст, ки ниҳоди мазкур мақоми мустақил ва дастаҷамъӣ буда, ҳангоми амалӣ намудани ваколатҳои худ ба ягон мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ҳудидоракунии шаҳрак ва деҳот ва шахсони мансабдор тобеъ на­мебошад.

Тамоми раванди ташкил, тартиби гу­зарондани интихобот ва муайянсозии натиҷаҳои он ба фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ дар робитаи зич қарор дорад. Интихобот ба шаҳрвандон имкон медиҳад, ки мазмун ва моҳияти барномаҳои ҳизбҳои сиёсиро, ки барои ҳокимият мубориза мебаранд, муай­ян созанд. Танҳо интихобот иродаи аксари­яти мардумро, ки дар асоси он ҳокимияти демократӣ ташаккул меёбад, дар худ таҷассум менамояд. Низоми интихоботӣ ва ҳуқуқи интихоботӣ пойдевори татбиқ ва та­шаккули ҳокимияти халқӣ аст, ки принсипи бунёдии давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меояд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастурҳои асосӣ ва заминагузо­реро фаро мегирад, ки ба принсипҳои раван­ди интихобот дар ҳама давраҳои амалиша­вии он дахл дошта, дорои қувваи олии ҳуқуқӣ мебошад ва дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ татбиқ карда мешаванд. Дар Конститутсия муносибати мутақобилаи демократия ҳамчун шакли сиёсии ҳокимияти халқӣ ва интихо­бот ҳамчун ниҳоде, ки иштироки мустақими шаҳрвандонро дар идораи корҳои давлат ва ҷамъият таъмин менамояд, ифода ёфтааст. Муқаррароти низоми интихобот, ки ба воси­таи ниҳоди давлатии Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ татбиқ карда меша­вад, мансуб ба асосҳои сохти конститутсионӣ ва ҳуқуқу озодиҳои сиёсии шаҳрвандон до­ниста шудаанд, манбаи ягонаи ҳокимияти халқ мебошад, ки ҳокимияти худро бевосита ва тавассути мақомоти ҳокимияти давлатӣ амалӣ мекунад. Меъёрҳои конститутсионии ташкил ва фаъолияти ниҳоди раъйпурсӣ ва интихобот олитарин ифодаи ҳокимияти халқ мебошад, ки ба изҳори иродаи шаҳрвандон асос ёфта, иштироки онҳоро дар маъракаи интихобот бо риояи комили ҳуқуқи интихобо­тии онҳо танзим менамояд.

Ба ин маънӣ, маҳз интихобот шакли олии демократияи бевосита ва таҷассумгари идораи демократии давлат, оинаи татбиқи низоми тартиботи демократӣ ва ифо­даи соҳибихтиёрии халқ мебошад, ки яке аз рукнҳои асосии пойдорӣ ва рушди истиқлолияти мамлакат ба шумор меояд. 

Н. САЛИМӢузви Комиссияи марказии интихобот

ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи нашр: 11.12.2024 №: 242
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив