«РОҒУН» Манфиати нодиртарин неругоҳи барқи обӣ барои Тоҷикистон ва минтақа
Неругоҳи барқи обии «Роғун» на танҳо манбаи нуру рӯшноӣ, балки амалӣ шудани орзуҳо, корнамоӣ дар марзи номус, шарти иқтидору пойдории давлат ва омили асосии таъмини амнияти миллат ва давлати Тоҷикистон мебошад. Аз ин рӯ, майдони сохтмони ин иншоот корзори заҳмати созанда, ҳиммату ҷавонмардӣ, арсаи озмоиши нангу номус аст.
Вақте 9-уми сентябри соли 2019 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон агрегати дуюми НБО «Роғун» ба кор дароварда шуд, неруи барқи он ба системаи энергетикии кишвар ворид гашта, нураш дар хонадони мо ва иштироки он дар пешрафти иқтисоди миллӣ бештар гардид. Сол то сол, баробари ба кор даровардани агрегатҳои навбатии НБО «Роғун», решаи орзуву ормони мо зиёдтар об мехӯрад. Тавре дар охирин арзёбии баҳои экологӣ ва иҷтимоии НБО «Роғун» қайд шудааст, интизор меравад, ки охирин агрегати Неругоҳ соли 2029 ба истифода дода хоҳад шуд. Дар ин сол, инчунин, бунёди обанбори он низ пурра ба анҷом мерасад ва соли 2036 то нуқтаи ниҳоӣ аз об пур мегардад. Бо бунёди ин Неругоҳ ва обанбори он ҳар соле маҳсулоти фаъолияти тамоми силсиланеругоҳҳои рӯди Вахш – неругоҳҳои «Норак», «Бойғозӣ», «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2», «Сарбанд», «Марказӣ» ва «Шаршара», дар маҷмуъ, аз 0,7 то 1,1 миллиард кВт-соат меафзояд.
Ҳанӯз соли 1989 мутахассисон ҳисоб карда буданд, ки ҳар як кВт. соати неруи барқе, ки дар ин Неругоҳ истеҳсол мешавад, нисбат ба барқи дар неругоҳҳои ҳароратӣ истеҳсолшуда то 15-20 маротиба арзон аст. Зуҳури «Роғун» умри неругоҳҳои поёноб, бахусус Неругоҳи барқи обии «Норак»-ро сад сол дароз менамояд. Баъди пурра ба кор даромадани НБО «Роғун» имконият пайдо мегардад, ки дар як сол аз дарёи Вахш зиёда аз 34 миллиард кВт- соат неруи барқ истеҳсол кард. Агар мо бо нархи миёнаи ҳар кВт.соат, ки аз рӯи ҳисоби миёнаи байналмилалӣ 6 сент баҳогузорӣ мешавад ва рӯ ба афзоиш дорад, ҳисоб намоем, истеҳсолоти яксолаи Неругоҳ то 65-70 миллион доллари ИМА-ро ташкил хоҳад дод.
НБО «Роғун» ба минтақаи Осиёи Марказӣ манфиат меорад
Баъди пурра ба кор даромадани НБО «Роғун»: – аз рӯи тадқиқоти мутахассисони СММ маълум мегардад, ки мамлакатҳои Осиёи Марказӣ айни ҳол дар давоми сол тақрибан 150 миллиард кВт-соат қувваи барқро истифода мебаранд. Саҳми гидроэнергетика – барқи обӣ дар байни намудҳои дигари сӯзишворӣ дар давоми сол 29 фоизро ташкил медиҳад. Аз он ҷиҳат, ки ҳаҷми умумии захираи гидроэнергетикии Тоҷикистон нисбат ба ҳаҷми имрӯзаи истифодаи қувваи барқ дар ҳамаи чор мамлакати Осиёи Марказӣ 4 баробар зиёд мебошад. Неругоҳи барқи обии «Роғун» метавонад ба таъмини тамоми минтақа манфиатбахш бошад. Алҳол бо ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Қазоқистон бобати ба онҳо интиқол додани барқи НБО «Роғун» шартнома баста шудааст:
– обанбори «Роғун» якҷоя бо обанбори «Норак» дар дарёи Вахш ва обанбори «Туямун» дар дарёи Ому, бо ғунҷоиши умумии манфиатовари 18-19 километри мукааб, танзимшавии чандинсолаи резиши дарёи Омуро дар заминҳои кишоварзии ҳавзаи дарёи Ому, ки дар ҳудуди Ӯзбекистон ва Туркманистон воқеъ аст, таъмин менамояд;
– имконият пайдо мегардад, ки бо азхудкунии заминҳои нав, аз ҳисоби захираи обанбор барои ҷуброн намудани оби ба обёрӣ масрафгардида идома дода шавад. Бо назардошти ҳамин, тибқи лоиҳа дар майдони 360 ҳазор гектар заминҳои навкорам кушода мешаванд ва таъминоти оби системаҳои ирригатсионӣ дар ҳавзаи дарёи Ому ба миқдори 4,3 млн гектар афзоиш меёбад;
– тавлидоти неруи барқ дар мавсими тирамоҳу зимистон 1,3 маротиба зиёд мегардад;
– ба кор андохтани НБО «Роғун» эҳтиёҷоти дохилии кишвари моро бо барқ пурра қонеъ ва истиқлолияти энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин намуда, имконият фароҳам меорад, ки барқи зиёдатии мо ба хориҷа интиқол дода шуда, ба миқдори зиёди газ ва дигар намудҳои сӯзишворӣ дар давлатҳои ҳамсоя сарфа гардад;
– НБО «Роғун» ба ҳифзи муҳити зист низ мувофиқат менамояд. Чунки аз ҷиҳати экологӣ он безарар аст, барои ҳар киловатт-соати барқи дар неругоҳҳои ҳароратӣ истеҳсолшуда бошад, ба атмосфера то 250-300 грамм гази карбон хориҷ мешавад;
– эътимоднокии кори воҳиди энергетикии мамлакат ва тамоми Осиёи Марказӣ боло рафта, сифатнокии энергияи электрикӣ танзим мегардад.
Корнамоии миллати тоҷик, ки меҳри Пешво дар дили он ҳар рӯз меафзояд, идома дорад. Ҳанӯз ҳам барои кишвари мо ва барои Пешвои мо НБО «Роғун» дар мадди аввали назар аст. Баъди ин, аз рӯи ҳисоби мутахассисон, ин шаҳомати энергетикӣ тули 115 сол ба миллати тоҷик ва тамоми минтақа хидмат хоҳад кард.
Нозир ЁДГОРӢ, нависанда, шореҳи масоили энергетика
Санаи нашр: 11.12.2024 №: 242