ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » НОМАНАВИСИҲОИ МОДАР ЁД БОД!

НОМАНАВИСИҲОИ МОДАР ЁД БОД!

11 декабр 2024, Чоршанбе
6
0

Аз ҳама корҳои хайру наҷиби модарам ба мо номанависӣ сахт писанд меомад. Дар оғози солҳои 2000- уми асри нав падар аз фаъолияти низомӣ рафту ба кори савдо пайваст. Дар кори савдо чи муаммое сар зад, ки роҳи мусофиратро пеш гирифт. Рафт ба Русия. Сафари аввалинаш кӯтоҳтар, сафари дуву­маш дарозтар ва сафари севумаш 7 сол идома ёфт. Ана он замон модарам ба мо навиштани номаро омӯзонд. Он номаҳо аввалин шеър, нахустин тарона ва беҳтарин меҳрномаҳои ман буданд. Ба гумо­нам, ки ба сад санъату ҳунари суханварӣ имрӯзу ояндаҳо низ чунин шеъру тарона нахоҳам навишт.

Бештари маврид шабҳо дасти моро дошта, ба унвони падарам нома менавишт. Ҳарфу ҳиҷо ва рози дилу хумо­ри падар ҷустанҳои мо бо рози дили модар тавъам баён ёбанд ҳам, аммо саҳифаи охирини нома бароямон писан­дидатар буд. Модар панҷаи кӯчаки моро дар коғаз гузошта, аз рӯи он хома медавонд ва ҳамчун рамзи соядаст тасвири панҷаи мо зебу ороиши нома мешуд. Гӯё мо муҳр мегузош­тем, ки ин мактуби ман аст. Аз фарқияти панҷаҳои мо, ки яке кӯчаку дигаре каме калонтар аст, падарам медонист, ки ин аз ману дигарӣ аз хоҳаракам аст. Баъдҳо, ки пурра хон­дану навиштанро омӯхтем, хоҳиш мекард, ки бинависем, аз хато навиштан натарсем ва агар хатоҳое равад, нарму малеҳ ислоҳ мекард. Номаҳои моро мегирифт, офарин ме­хонд ва мефармуд, ки ба ҷоҳои хобамон равем. Аз зери кӯрпа пинҳонӣ назора мекардам, ки баъди ислоҳи ғалатҳои мактубҳои мо, ба навиштани номаи худ мепардохт. Наме­донам, шояд як соат менавишт ё бештар аз он, аммо фа­риштаи хоби ширин бар ман пирӯз мешуду саҳар медидам, ки номаҳои меҳрбору покиза ба чанд коғази дигар печида, ҳатто ширешбанд шудаанд.

Ҳеч аз ёдам намеравад. Яке аз чунин номаҳо дар даст бомдод ба сӯи хонаи як хешамон шитофтам. Ӯ ҳамроҳи па­дарам дар як коргоҳ симент фароварда, ба мошинҳо бор мекардааст ва дар як вагон якҷо мезистаанд. Ба хонаи он хеш расидаму дарёфтам, ки чанд лаҳза пеш ба мошин ни­шаста рафтааст ба Хуҷанд. Дунё ба чашмам торик шуд. Беихтиёр гиряро сар кардам. Ҳар қадар аҳли он хонавода маро тасаллӣ медоданду ба оромӣ мехонданд, мегуфтанд, ки ба наздикӣ боз кадом як ҳамдеҳаи мо Русия мераваду мактубатро мерасонад, садои гиряи ман он қадар баланд мешуд. Телефон набуд, ки занг заниву бигӯӣ, то аз роҳ бар­гардад ва номаро гирифта, пас биравад.

Дар даромадгоҳи ҳавлӣ як токи бузургсоли ғавсе меистод, ки шохаҳояш ба сӯи бом мерафтанд. Банди он токро оғӯш гирифта, ба серӣ гиристам. Борҳо хешони ман кӯшиданд, ки дастони маро аз гардани ток раҳо карда, ба канори худ гиранд, дилбардориву меҳрубонӣ кунанд, вале ман токро ончунон маҳкам дошта будам, ки касе ба даст ё кифтам расад, фиғонам баландтару баландтар мешуд. Ҳар қадар токро сахт оғӯш гирам, ҳамон қадар номаро ҳам дар панҷаҳои кӯчакам сахттар мефишурдам.

Бобои Абдураҳимам, бародарбузурги бо­бои падариам, катхудои хона 43 сол омӯзгорӣ карда буд ва китоби дили наврасонро мисли оби шаффоф медиду мехонд. Ин аст, ки ба дигарон фармуд: “Нарасед, монед гиря ку­над, сабук мешавад...”

Ҳамоғӯши ток истода, каме ором шудам, гиря ба ҳиқ-ҳиқ пайваст, хеле худро сабук ҳис кардам ва аз гиристани “бераҳмона” пеши ди­гарон шарм ҳам доштам. Аммо аҷиб аст, то ҳанӯз алами ба падарам нарасидани он нома дар дилам боқист. Он токи вақти аламзадагӣ ҳамоғӯшро, ки ба гумонам канори гарми па­дарам буд, чанде пеш буридаанд. Аз сарна­вишти ток сахт маъюс шудам ва бодаи талхи пушаймонӣ чашидам, ки чаро то ин вақт бо он ток аксе на­гирифтам.

Ин ҳама “қаҳрамонӣ”-и маро модарам фаҳмида, хан­дид, вале дар чеҳрааш сояи ғам афтод. Ӯро дарк кардан мумкин буд, дур аз ҳамсар зиста, фарзандонро танҳо бу­зург кардан, осон набуд. Ба ҳар ҳол, гапро ба шӯхӣ кашонд ва гуфт: “Ҳеч гап не, имшаб як мактуби дигар менависиву мешавад дуто. Падарат ҳам якбора ду мактуби туро гириф­та, хурсанд мешавад...”.

Афсус, бештари номаҳои ману хоҳарам якҷо бо мактубҳои модарам, ки дар солҳои гуногуни оғози асри ХХI ба унвони падар фиристодаем, нигоҳдорӣ нашудаанд. Шояд падарам дар яке аз вагонҳои бешароити муҳоҷират онҳоро гум карда бошад, намедонам, аммо ҷои онҳо дар хонаи дили мо холист.

Минбаъд телефонҳои мобилӣ баромаданд ва номанависӣ ҳам кам-кам ба кунҷи фаромӯшӣ афтод. Номаҳо маҷозӣ шуданд. Модарам ҳам бо телефон паёмакҳо мефиристоду мо ҳам.

Қиссаи номанависиҳо қариб то соли 2017 фаромӯш шуданд. Баъди соли 2010, ки дар шаҳри Душанбе донишҷӯ шудам, дар иду ҷашнҳо ва дар рӯзи ба дунё омадани модар барояш паёмаке менавиштаму бас. Соли 2016 хонадор шудам, дар ҳамин сол нахустин китобчаи шеърам – “Ҳамболи турнаҳо” рӯи чопро дид. Фараҳ ба фараҳи дигаре мепайваст. Тобистони соли 2017 соҳиби фарзанд гардидем. Яъне, шарафу номи падарӣ наси­бам гардид. Тобистон якҷо бо муҳлати рухсатии корӣ ба поён расиду фарзанди думоҳа дар оғӯш баргаштем ба Душанбе, ба иҷорахонаи худ. Гиристану хархаша ва беқарориҳои шабонаи духтараки мо сахт маро парешон­хотир мекард. Меандешидам, ки ман низ ба модарам чу­нин ранҷу азоб дода бошам... Бо ҳамин андешаҳо дар дили шаб ба телефони модарам паёмак фиристодам. Ин бор хостам бо шеър бадоҳатан рози дил ифшо кунам. Албатта, ба ӯ аз бедорхобиву нооромиҳои тифлакамон нанавиштам, то хавотир нашавад. Танҳо дӯст доштанам­ро изҳор кардам. Ба фикрам, аз номаи ними шаб навиш­таам рамз гирифт, ки шеъре менависам ё чизеро таҳриру такмил дорам. Ин аст, ки аз он сӯ п аёмак омад:

Кор кун, эҷод кун, эй ҷон писар,

Чунки монад з-одамӣ як номи неки пурсамар

(18.10.2017).

Зуд дарк кардам, ки модар ин ду мисраъро, ки яке кӯтоҳу дигаре дароз аст, худаш эҷод кардааст. Хурсанд шу­дам. Шаби дигар ба мазмуни он ки асосгузори ҳама шеъру сурудам ту ҳастӣ, паёмак фиристодам. Боз ӯ чунин навишт:

Ҳар куҷое бишнавам ё ки бихонам шеъри ту,

Мешавад қувват ба ҷисму ҷони хастагаштаам.

То ки бошад ин ҷаҳон, ту зинда бош,

Номи неки хонадон, поянда бош!

(19.10.2017).

Албатта, дар ин шеъргуна баъзе ғалатҳои назарногир ҳастанд, аммо риояти то ҳадди имкони қофияву радиф, истифодаи шоистаи арӯз аз тарафи модарам, ростӣ, сахт ҳайратовар буд. Ба ҷону дил дарк кардам, ки маҳз ҳамин майлу ҳавас ба китобу сухан ва шоиртабиатии модарам ба ман пару боли илҳом ато кардааст. Донистам, ки ҳама шеъри хоми ман пора-пора баргирифта аз матни нотакрори аллаҳои модарам аст:

Ҳама нур аз сафои модарам буд, 

Ҳама сур аз садои модарам буд.

Агар дар шеър гуфтам ҳарфи тоза,

Зи матни аллаҳои модарам буд.

Ҳамин тавр, одат шуд, ки бо модар зуд-зуд мушоираҳо барпо карда, табъозмоӣ кунем. Як рӯз ёд кардани маро чу­нин ба назм кашидаву фиристод: 

Аз дурии ту дилам шуда садпора, 

Мардиву пайи кори худат овора.

Хушбахт бигардию шавӣ садсола,

Ман шукр кунам, бифахрамат садбора

(2017).

Аз ин дилпораи модар, ки дар вазни рубоист, болидаруҳ шудам. Сохтани вожаи “садбора” ҳам дар вазни калимаҳои “дубора” -ю “себора” бисёр аҷиб сурат гирифта. Чунин вожа дар ҳеҷ фарҳанге несту набудааст. Шӯхиомез ба модарам гуфтам, ту устоди забонӣ. Воқеан ҳам, дар рагу пӯсти хеш таҷриба кардам, ки ин забон забони модарист. 

Китобхониҳои пайваста, шунидани таронаҳои пурмаъ­нои маҳину оҳиста, навиштани номаҳои пайопай ба па­дарам модари моро чунин шоиртабитау эҷодкор карда, ё шояд ӯ модарзод шоир буда. Ба ин хотир, соли 2019 китоби шеърҳоям – “Баҳор овардан осон нест...”-ро ба номи неки ӯ бахшида, дар аввалин саҳифаи он навиштам: “Армуғон ба модари гулпарвар ва падари меҳанпарварам!”.

Сипос ба ту, эй модар, ки ҷони маро бо эъҷози вожаҳои малакутии забони модарӣ ангехтӣ, навиштани беҳтарин гулвожаҳои муқаддас – Модар, Падар, Меҳан ва Муҳаббатро омӯхтӣ!

Бузургмеҳри БАҲОДУР, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 11.12.2024 №: 242
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив