ФАЙЗОБОД Авлавият ба боғдорӣ
Ноҳияи Файзобод дар рушди соҳаи боғу токпарварии ҷумҳурӣ мавқеи намоён касб мекунад. Боиси зикр аст, ки иқлими Файзобод барои парвариши дарахтони гуногун, хусусан нок, себ ва гелос, мувофиқ мебошад. Бинобар ин, меҳнаткашони ноҳия тайи солҳои охир майдони боғотро васеъ намуда, дар таъмини бозори ҷумҳурӣ бо меваи хушсифат саҳми назаррас мегузоранд.
Боғдорӣ яке аз соҳаҳои асосии хоҷагии халқи ноҳия ба ҳисоб рафта, барои таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти баландсифат, афзун гардондани имкониятҳои содиротӣ ва бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ нақши асосӣ дорад.
Аз ин лиҳоз, боғпарварон дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминро самаранок истифода бурда, бо риояи технологияи пешқадами агросаноатӣ ва истифодаи дарахтони хушсифат барои ба даст овардани меваҳои сифати хубдошта тадбирҳои судманд меандешанд.
Эмомиддин Насриддинзода, сардори раёсати кишоварзии ноҳия, зимни суҳбат гуфт, ки сокинони ганҷофари ноҳия дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлатро сармашқи кори худ намуда, дар ҳар гӯшаи заминҳои бекорхобида боғ бунёд мекунанд, то маҳсулоти бозоргирро фаровон созанд.
Айни замон дар ноҳия беш аз 6420 гектар боғу токзор мавҷуд аст. Барои нигоҳубини мева се сардхона вуҷуд дорад, ки соли равон дар онҳо 305 тонна мева захира шуд. Дар баробари ин, бештари боғпарварон меваҳои худро дар хона нигоҳ медоранд. Бештари хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия, ки зиёда аз 3728 ҳазорро ташкил менамоянд, ба боғдорӣ машғуланд.
Имрӯзҳо дар ноҳия 23 гектар боғи интенсивӣ мавҷуд аст. Боғпарварон нақша доранд, ки соли 2025 ба бунёди наздик ба 40 гектар боғ, аз ҷумла 5 гектар боғи интенсивӣ, камари ҳиммат банданд.
Заҳматкашони ноҳияи зебоманзари Файзобод бо азму иродаи матин ва меҳнати софдилона заминҳои бекорхобидаро ба боғистон табдил дода, ба ин васила ҳам сатҳи зиндагии худро баланд менамоянд ва ҳам содироти меваи хушсифатро ба бозорҳои кишвар ва берун аз он афзун месозанд.
З. РАҶАБ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 11.12.2024 №: 242