ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » “УМЕДАМРО АЗ ДАСТ ДОДАН НАМЕХОҲАМ”

“УМЕДАМРО АЗ ДАСТ ДОДАН НАМЕХОҲАМ”

11 декабр 2024, Чоршанбе
4
0

Агарчи равобити адабӣ миёни кишварҳои ҷаҳон, хосса Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ба таври назаррас бештар аз пештар афзудаву мустаҳкам гардида истодааст, аммо нашри китобҳои адибон дар шакли тарҷума ниёз ба тадбирандешӣ дорад. Ҳарчанд бархе аз адибони мо ин фазои холигиро то ҷое пур мекунанд, бо сабаби камии теъдоди нашр дастраси ҳамаи алоқамандон намегардад. Инчунин, ин гурӯҳи хурди адибон китобҳои тарҷуманамудаашонро аз ҳисоби маблағи худ ба табъ мерасонанд.

Яке аз ин адибон, ки чанд соли охир теъдоди му­айяни асарҳои адибони дигар кишварҳоро тарҷумаву нашр намудааст, Саидмурод Расулӣ аст. Ӯ соли 1979 факултаи зооинженери Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемурро хатм кардааст ва дар хоҷагиҳои гуногун фаъолият намудааст. Тарҷума ва эҷоди асарҳои адабӣ аз майлу рағбати беандозааш ба соҳаи адабиёт мебошад.

“Достони киш”, “Дили модар”, “Беҳтар аз ҷон”, “Ғуломони озод”, “Ҷовид” аз шумори асраҳоеанд, ки ӯ ба забони тоҷикӣ тарҷума кардааст.

Чанде пеш Саидмурод Расулӣ китоби адиби қазоқ Неъмат Келимбетов бо номи “Умедамро аз даст додан намехоҳам”-ро тарҷума ва нашр намуд. Асар бо “Пала­таи кунҷакӣ”-и Фазлиддин Муҳаммадиев монандӣ дорад. Воқеаҳо дар беморхона ва палата (ҳуҷра, ҳарчанд он кунҷакӣ нест) мегузаранд. Ержан-қаҳрамони асосии асар, аммо ба бемори дил гирифтор нест. Ӯро ҷарроҳии ҳароммағз ба андешидан дар бораи маргу зиндагӣ бештар водор месозад. Аз марг наметарсад, андуҳаш аз он аст, ки дар иҷрои масъулиятҳои зиндагӣ, аз ҷумла тарбияи фарзандонаш шояд муваффақ нашавад. Ержан дар ин вақт 30 сол дорад, аммо баробари як пири солими хирадманд меандешад.

Алихон Нуршайиков, Нависандаи халқии Қазоқистон, дар сарсухани китоб дуруст қайд мекунад, ки он нафаре, ки ба бемории вазнин дучор нагардида­аст, он касе, ки бо марг боре рӯ ба рӯ наомадааст, наме­тавонад ба қадри комил паҳлуҳои гуногуни зиндагиро эҳсос намояд.

Дар гумон аст, ки одами аз ҳар ҷиҳат комёб маънии амиқи арзиши ҳақиқии ҳаёти кӯтоҳи моро дошта бошад, ба қадри комил шириниву нотакрории онро эҳсос намояд”.

Асар қисса-монолог аст. Қаҳрамони асосии асар Ержан зимни муроҷиат ба ҳамсараш, аз ҷумла мегӯяд: “Маро ба парандаҳои бадарғашуда баробар макун, Гавҳар. Ҳолати ман ҳазорон бор бадтар аз онҳост. Парандаҳо болҳо доранд, ме­тавонанд, ки онҳоро ба олами кушод би­баранд, агар аз банд раҳоӣ ёбанд, ман на бол дораму на фазои озод, фақат каме умедам боқист. Аммо аз ҳама чизи асосӣ- ман туро дорам”.

Ва ҳам: “Ман боз ва боз осмони кабу­ди нурбахш, боғи себзор, замини ниёгон­ро дӯст медорам. Магар ҳамаи онро бори охир мебинам? Зебоӣ баъд аз ҳазор сол низ одамро мафтун месозад”.

Ҳамин тавр, китоб ҷолибу хонданӣ мебошад ва хонандаро ба ҳаётдӯстӣ, ба қадри ҳамдигар расидан, худшиносӣ ҳидоят мекунад ва он туҳфаи хубу арзиш­манд мебошад.

Абдулқодири РАҲИМ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 11.12.2024 №: 242
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив