ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ПАЁМИ ПЕШВО – ТАШРЕҲИ ҲАДАФҲОИ ОЛИИ СИЁСАТИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ТОҶИКИСТОН

ПАЁМИ ПЕШВО – ТАШРЕҲИ ҲАДАФҲОИ ОЛИИ СИЁСАТИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ТОҶИКИСТОН

10 январ 2025, Ҷумъа
57
0

 
Ҳамагон медонем, ки Паёми навини Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз аз ҷойи баргузорӣ, бинои Парламент, толори  барҳаво ва муҳташами мақоми олии қонунгузори мамлакат – Маҷлиси Олӣ, воқеан навин аст. Пешвои миллат суханони хешро аз муборакбодӣ бо ин рӯйдод ва ифтихору шукргузорӣ аз соҳибватаниву соҳибдавлатии мардуми шарафманди Тоҷикистон, таҷлил намудани  30-юмин солгарди қабули нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлол оғоз намуданд.
Пешвои миллат дар ин Паём барои тавсеа ва рушди тамоми соҳаҳои мамлакат дар заминаи таҳлилҳои амиқу фарогир, натиҷагириҳои бунёдӣ ва масъалагузориҳои дақиқу нишонрас, барномарезиҳои мушаххас ва дурнамосозии манфиатбахш пешниҳод намуданд ва чун ҳамеша нуктаи асосӣ ва меҳварӣ банақшагирии стратегӣ дар соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, бонувон, ҷавонон, варзиш, сайёҳӣ ва сиёсати хориҷӣ ба шумор меравад. 
Чунки ”нооромиву низоъҳо дар минтақаҳои гуногуни олам, шиддат гирифтани мухолифатҳои сиёсӣ ва таҳримҳо миёни кишварҳои абарқудрат, мусаллаҳшавии бошитоб, «ҷанги сард», тағйирёбии иқлим, инчунин, канда шудани занҷираҳои таҳвили молу маҳсулот ва дигар омилҳои берунӣ моро водор месозанд, ки барои пешгирӣ кардани таъсири манфии онҳо ба иқтисодиёти кишвар тадбирҳои саривақтӣ андешем”. 
Пешвои миллат таъкид  менамоянд, ки мо бояд,  пеш аз ҳама, амнияти миллӣ ва рушди устувори иқтисодиро таъмин намоем ва сатҳу сифати зиндагии мардумро боз ҳам баланд бардорем: “Зеро мардуми мо мисли халқҳои дигар мамолики мутамаддин ҳуқуқи маънавии зиндагии шоистаро доранд.” Дар ин замина таъкид менамоянд: “Ин аст ҳадафи олии сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон».
Вобаста ба ин, Президенти кишвар зикр карданд, ки “дар панҷ соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,7 фоизро ташкил дод. Ҷиҳати рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва амалисозии лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузории давлатӣ, инчунин, татбиқи нақшаву барномаҳои миллӣ, соҳавӣ ва маҳаллӣ дар панҷ соли охир аз ҳисоби буҷети давлат ва сармояи дохиливу хориҷӣ зиёда аз 197 миллиард сомонӣ равона шуд. Корҳое, ки дар ин самт анҷом дода шуданд, ба таъмин гардидани нишондиҳандаҳои пешбинигардидаи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва пешрафту ободии шаҳру деҳоти мамлакат мусоидат намуданд”.
Мебояд хотирнишон сохт, ки дар сиёсати давлатдории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар радифи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дар Тоҷикистон роҳандозии низоми нави иқтисодӣ, низоме, ки ба тақвияти унсурҳои истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ мусоид бошад ва барои пайвастани иқтисодиёти мамлакат ба низоми ҷаҳонии иқтисод роҳкушо гардад, аз ҳадафҳои бунёдӣ маҳсуб мешавад. Маҳз ин нукта боис гардида, ки талошу кӯшишҳои Пешвои муаззами тоҷикон дар ҷодаи расидан ба истиқлоли воқеии Тоҷикистон тавъам бо барномаҳои пурвусъату фарогир дар соҳаи иқтисод сурат  гирифтаанд.
Таваҷҷуҳи вижа ба нақш ва мақоми фаъолияти инфиродӣ дар низоми нави иқтисодӣ ба густариши соҳибкорӣ, аз ҷумла соҳибкории хурду миёна заминаи қавӣ гузошт. Имрӯз дар ҳамаи соҳаҳои ҷумҳурӣ корхонаҳои хусусӣ фаъолият мекунанд. Соҳибкорӣ ба яке аз рукнҳои асосии иқтисодиёти мамлакат табдил ёфтааст. Тоҷикистон, ки роҳи иқтисоди бозориро баргузидааст, ба фаъолияти соҳибкорон, тақвияти мавқеи онҳо аҳамияти махсус медиҳад.
Натиҷаи сиёсати бунёдкорона ва нақшаҳои дурнамосоз дар самти иқтисодиёт далели қатъӣ бар онанд, ки Сарвари давлат таъкид доштанд: “дар се соли охир дар мамлакат беш аз 1500 иншооти соҳаи маориф, яъне муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ, 660 иншооти соҳаи тандурустӣ, 480 иншооти варзиш, 175 иншооти фарҳангу фароғат ва ҳазорҳо иншооти дигари истеҳсоливу иҷтимоӣ бунёд ва ба истифода дода шуданд. Дар ҳамаи ин корҳои хайри ободонӣ саҳми соҳибкорон ва сокинони мамлакат бисёр бузург мебошад”.
Бо ҳадафи таъмини рушди устувори иқтисодӣ, беҳтар кардани сатҳи зиндагӣ ва таҳкими ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Президенти мамлакат супориш доданд, ки “Ҳукумати мамлакат, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор карда мешаванд, ки иҷрои саривақтиву босифати барномаву нақшаҳои қабулгардида ва дар ин замина рушди иқтисоди кишварро дар соли 2025-ум дар сатҳи на кам аз 8 фоиз таъмин намоянд”.
Нуктаи муҳим дар сиёсати иқтисодии давлат чунин арзёбӣ мешавад, ки роҳи дуруст бо барномарезӣ ва тасмимгириҳои амиқу дақиқи илмӣ тарҳрезӣ шудааст ва ин роҳ ҷомеаро ба рӯзгори ободу кишвари озод раҳнамун хоҳад кард.

Вобаста ба саноатикунонӣ, ки яке аз ҳадафҳои асосии стратегӣ маҳсуб меёбад, зикр шуд, ки суръати миёнасолонаи рушди соҳа дар ин давра дар сатҳи 15 фоиз таъмин гардид, ки бо дарназардошти имконияту иқтидорҳои мавҷуда барои ноил шудан ба ҳадафи саноатикунонии босуръати кишвар ҳанӯз нокифоя мебошад. Хотирнишон сохтанд, ки суръати рушди соҳа ҳар сол на кам аз 20 фоиз бояд таъмин карда шавад.
Пешвои миллат вобаста ба расидан ба истиқлоли  энергетикӣ ва манбаъҳои рушди  энергияи сабз чораҳои қатъӣ андешидани Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро зикр намуданд,  яъне  дар баробари ин, соли 2025 дар вилояти Суғд сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 200 мегаватт оғоз мегардад..
То имрӯз беш аз 50 фоизи корҳои сохтмони Неругоҳи «Роғун» ба анҷом расонида шудааст. Ва бо умеду ифтихормандӣ иброз карданд,  ки «аз моҳи майи соли 2027-ум аз ҳисоби истеҳсоли неруи барқ дар «Роғун» ва силсилаи неругоҳҳои дарёи Вахш норасоии неруи барқ дар кишвар пурра бартараф ва Тоҷикистон ба истиқлоли комили энергетикӣ ноил мегардад.»
Вобаста ба соҳаи роҳсозӣ  ҳадаф ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон ва истифодаи имкониятҳои транзитии он мебошад. Ҳамчунин, азнавсозӣ, барқарор ва таъмири роҳҳои маҳаллӣ низ масъалаи асосӣ мебошад. Корҳои анҷомёфта дар ин самт кам нест, аммо бояд роҳҳои нав ба истифода дода шавад. 
Вобаста ба рушди сайёҳӣ ибрози андеша шуд, ки ҳарчанд ташрифи сайёҳон ба Тоҷикистон нисбат ба панҷ соли пешин 12 фоиз афзуда бошад ҳам, вале нишондиҳандаи мазкур ба имкониятҳои таърихиву табиӣ, кӯҳнавардӣ, фарҳангӣ ва табобативу истироҳатии кишвар мувофиқ нест. Дар баробари ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба рушди сайёҳии дохилӣ низ бояд таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад. 
Дар Паём омадааст, ки ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар сиёсати давлати Тоҷикистон мақоми хос дошта, барои дастгирии соҳаҳои иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ҳамасола зиёд карда мешавад. Дар панҷ соли охир маоши вазифавии кормандони соҳаҳои буҷетӣ чор маротиба (солҳои 2020, 2022, 2023, 2024) ва дар маҷмуъ, ба андозаи 100 фоиз зиёд карда шуд. Дар ин замина боз дастур доданд, ки маоши вазифавии кормандони соҳаҳои мухталиф зиёд карда шавад. 
Вобаста ба самти маориф ва илм Пешвои миллат таъкид карданд: “Ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки ҳамаи пешравию пирӯзии ҳар як давлат ва ҷомеаро мактабу маориф ва илму дониш таъмин мекунад. Мо соли 2024-ум бо аҳли илм ва маорифи кишвар ду маротиба мулоқот карда, мушкилот ва дурнамои соҳаро ҳаматарафа таҳлилу баррасӣ намудем ва барои ислоҳи вазъ дастуру супоришҳои қатъӣ додем”..
Бале, сиёсати давлатии илму маориф дар амалия ба қабули чандин барномаи дурнамои густариш ва равнақи илму маориф асос ёфтааст. Тибқи маълумоте, ки Пешвои миллат дар Паём зикр карданд, танҳо дар соҳаи маорифи кишвар ҳашт барномаи давлатӣ ва ду стратегияи дарозмуддат, ҳамчунин, 11 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 4,6 миллиард сомонӣ мавриди татбиқ қарор дорад, ки ба рушду инкишофи таълиму тарбия, амалигардонии ислоҳоти соҳа, дастгирии мактабу омӯзгор, таълифи китобҳои дарсии насли нав ва такмили мазмуну мундариҷаи таҳсилот мусоидат менамояд. Вобаста ба омор 4037 муассиса, аз ҷумла 170 литсею гимназия, яъне муассисаҳои таълимии типи нав бо фарогирии 2 миллиону 300 ҳазор хонанда, муассисаҳои таҳсилоти олӣ 48 ва донишҷӯёни онҳо зиёда аз 214 ҳазор нафар,  65 литсейи касбҳои техникӣ, яъне муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ бо 23 500 хонанда ва курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ дар назди онҳо бо 12 000 хонанда, инчунин, 88 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ – коллеҷҳо бо 106 000 донишҷӯ фаъолият доранд. Дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 117 ҳазор ҷавонони боистеъдоди мамлакат барои таҳсил ба донишгоҳҳои бонуфузи 42 кишвари пешрафтаи ҷаҳон фиристода шудаанд. Имрӯз 42 ҳазору 400 нафар ҷавонони мо дар 42 давлати мутараққии ҷаҳон таҳсили илм доранд, ки 13 ҳазор нафар ё беш аз 30 фоизи онҳо духтарон мебошанд.
Президенти кишвар дар таълифот ва суханрониҳои хеш мунтазам бо таҳлили амиқу батафсили ҷанбаҳои гуногуни таълиму тарбия дар низоми маориф ислоҳоти назаррасро ҷорӣ намуда, самти саҳеҳ ва самарбахши пешрафти мактабу маорифро таъйин кардаанд. Дар сиёсати Пешвои миллат дар соҳаи маориф мақоми таълиму тарбияи суннатӣ ва афзалияти омӯзиши фанҳои гуманитарӣ ва илмҳои дақиқу табиӣ-риёзӣ бо фарогирии усулҳои пешрафтаи таълим ва тафаккури техникии замони муосир муайян гардидааст. Ҳамчунон ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтанд, “дар зинаи таҳсилоти олӣ масъалаҳои сатҳу сифати таълим, дараҷаи касбии омӯзгорон ва истифодаи технологияҳои муосир аз ҷониби онҳо, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар раванди таълим, таҳкими заминаи моддиву техникӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ, табодули илмии омӯзгорону донишҷӯён, корҳои илмиву таҳқиқотӣ ва тадбирҳои тарбиявӣ ҳанӯз ба тақвият ниёз доранд”.
Дар партави  Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар заминаи тақвияту густариши низоми маорифи кишвар ва таъйиди вазифаҳои аҳли маориф вобаста ба воқеияти замони муосир  ба се нуктаи муҳим мебояд ишорат кард. Нуктаи аввал иртиботманд аст ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар зинаи таҳсилоти томактабӣ. Таҳсил ва тарбиятро дар сиришти инсон бояд он чунон роҳандозӣ кард, ки тавонмандӣ ва қудратро парвариш диҳад ва аз замони хӯрдӣ ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ рӯ биёрад; нуктаи дувум ин аст, ки барои таълиму тарбия шароити мусоид бояд фароҳам овард. Дар роҳандозии дурусти шеваи таҳсил ва тарбият яке аз омили аслӣ беҳтарнамоии вазъи иқтисодӣ шинохта шавад ва дар анҷому иҷрои ин нукта ҳамеша собитқадам бояд буд; нуктаи сеюм ин аст, ки сифати давлат на ба шумораи аҳолӣ, балки ба сифати аҳолӣ вобаста мебошад. Яъне, омӯзгоронро зарур аст, ки барои натиҷабахш гардидани фаъолияташон дар ҷодаи таҳсил ва тарбият амалан шавқу шӯреро, ки дар ниҳоди ҳар инсон нуҳуфтааст, бедор намоянд.
Барои дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои олӣ дар соҳаи маориф Пешвои миллат Вазорати маориф ва илмро вазифадор намуданд, ки “ҷиҳати таҷдиди назар кардани стандартҳо ва нақшаву барномаҳои таълимӣ, ворид намудани воҳидҳои нави кории омӯзгорони забонҳои хориҷӣ, таҳияи маводи муосири таълимӣ, истифодаи босамари технологияҳои рақамӣ, усулҳои навини омӯзиши забон ва такмили маҳорати касбии омӯзгорон чораҳои қатъӣ андешад”.
Дар барномаҳои стратегии рушди мамлакат ислоҳоту пешрафти соҳаи маориф, аз кӯдакистонҳо то ба мактабу ҳунаристон ва мактаби олӣ, дар ҳама сатҳу самтҳои он мақоми махсус касб намуданд. 
Соҳаи тандурустӣ, яке аз соҳаи меҳварӣ маҳсуб меёбад, зеро он ба сиҳатмандии миллат вобаста аст, таваҷҷуҳи Ҳукумат ба ин самт бесобиқа аст, кушодану ба истифода додани иншоотҳои соҳаи тандурустӣ, муҷаҳҳаз намудани онҳо бо техникаву технологияи муосири ташхисию табобатӣ, аз такмили ихтисос гузаштани мутахассисони ин соҳа аз ҷумлаи роҳандозиҳои самарабахш дар ин самт аст. Дар Паём изҳори нигаронӣ аз нарасидани мутахассисони баландсавия, ба такмил ниёз доштани соҳаи дорусозӣ ва вазифадор шудани масъулин барои бартараф кардани камбудиву норасоиҳо гардид.
Пешвои миллат дар Паём боз ҳам  овардаанд, ки фарҳанг ҳастии миллат аст, зеро фарҳанги миллӣ, ки заиф шуд, ҷояшро фарҳанги бегона пур мекунад, яъне фарҳанги бегона ҷойгузин шуд, миллат фано меёбад ва дар ин замина дастур доданд, ки истеъдодҳоро гулчин карда, тарбия намуданамон лозим аст. Роҳандозӣ намудани 6 озмуни ҷумҳуриявӣ иқдоми мондагор дар ин самт маҳсуб меёбад. 
Дар ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО Тоҷикистон барои гиромидошту арҷгузорӣ ба нобиғаҳои миллат, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ ва муаррифии шоистаи онҳо дар арсаи байналмилалӣ татбиқ намудани иқдому ташаббусҳои таърихист. Дар ин росто барои вусъат додани худшиносиву худогоҳӣ таъкид карданд: “Моро зарур аст, ки ҳифзи арзишҳои таърихиву фарҳангии миллати худ ва муаррифии боз ҳам бештари онҳоро дар арсаи байналмилалӣ ҳадафмандона идома диҳем.”
Бо ин мақсад, Пешвои миллат дастур доданд, ки  вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва фарҳанг маводи заруриро вобаста ба таҷлили 2550-солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир омода ва ба ЮНЕСКО пешниҳод намоянд.
Масъалаи муҳимми дигар ба шуғли пурмаҳсул ҷалб кардани аҳолии мамлакат маҳсуб меёбад. 1 миллиону 100 ҳазор нафар сокинони кишвар дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва марказҳои таълими калонсолон ба омӯхтани касбу ҳунар ва забонҳои хориҷӣ фаро гирифта шудаанд. Дар 54 муассисаи касбомӯзии калонсолон 80 000 шаҳрвандон ба омӯхтани касбу ҳунар машғул мебошанд. Дар ин росто вазорату идораҳо ва ниҳодҳо вазифадоранд, ки тамоми имкониятҳоро барои дар панҷ соли оянда дар ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ таъсис додани беш аз 1 миллиону 400 ҳазор ҷойи кории нав сафарбар созанд.
“Аз ҳисоби ҷавонон омода намудани кадрҳои баландихтисос ва бо ҷойи кор таъмин кардани онҳо яке аз вазифаҳои муҳим мебошад”. 
Бале, таваҷҷуҳи хос ба дурнамои ҳаёти кишвар ва ҳастии миллат яке аз фазилатҳои умдаи фарҳанги давлатдории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки дар тарҳандозии тарбияти фикриву ахлоқии ҷомеа ва таҳияи барномаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ нақши бориз гузоштааст. Президенти мамлакат ҳанӯз аз оғози давлатдории хеш масъалаи мавқею мақом ва рисолати ҷавононро дар ҳама ибтикорот ва тасмимгириҳои худ афзал шумурдаанд. Дар Паёми навбатӣ зикр шуд, ки “Мо аз ҷавонони кишвар умеди бузург дорем, ташаббусҳои созандаашонро минбаъд низ ҳамаҷониба дастгирӣ мекунем ва аз фаъолияти онҳо ба хотири рушду таҳкими давлатдории миллиамон ҳамеша қадрдонӣ менамоем”.
Дар Паёми хеш бо итминон ба ҷавонон таъкид намуданд, ки “ҷавонони ватандӯсти мо минбаъд низ бо илму донишҳои замонавӣ, касбу ҳунарҳои муосир ва саъю талоши навҷӯёнаи худ барои рушди илму инноватсия ва боз ҳам таҳким ёфтани нуфузи кишварамон дар арсаи байналмилалӣ саҳми арзишманд мегузоранд”. Ҳукумати мамлакат бо шинохти ҷойгоҳ ва мақоми ҷавонон дар ҷомеа баҳри ташаккули истеъдод ва неруи эҷодии онҳо шароити мувофиқ фароҳам овард.
Пешвои миллат ба нақши муҳимми ҷавонон дар пешрафти давлат ва таҳкими ҷомеа ишора намуда, барномаҳо ва ташаббусҳои мушаххасро барои рушди насли ҷавон пешниҳод карданд. Ҳамзамон ёдрас намуданд:
 “Мо ба хотири таъмини саломатии аҳолӣ, хусусан, наврасону ҷавонон, таблиғи тарзи ҳаёти солим, оммавигардонии варзиш ва муаррифии давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ соҳаи варзишро низ ҳамчун самти муҳимми фаъолияти давлатдорӣ дастгирӣ менамоем.
Мо аз қабул гардидани пешниҳодамон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид, тавассути қатъномаи махсус эълон доштани Рӯзи ҷаҳонии футбол ва дастовардҳои варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж – 2024-ум ифтихор мекунем.
Инчунин, ҷаҳонӣ шудани гӯштини миллии тоҷикӣ низ боиси ифтихору шараф ва дар айни замон масъулияти мо дар самти муаррифии бештари он дар дохил ва хориҷи кишвар мебошад.”
Барои омода кардани ҷавонон ба таҳаввулоти замони муосир барномаҳои нави таълимӣ ва касбомӯзӣ пешниҳод шуданд. Таъкид гардид, ки ҷорӣ намудани ихтисосҳои нав, омӯзиши технологияҳои рақамӣ ва рушди малакаҳои касбӣ дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои таълимии дохилӣ ва хориҷӣ зарур аст. Президенти мамлакат таъкид бар он доштанд, ки ҷавонон бояд ҳамчун қувваи пешбарандаи соҳибкорӣ шинохта шаванд. Бо ин мақсад, онҳо бо дастрасӣ ба қарзҳои имтиёзнок ва дастгирии барномаҳои инноватсионӣ таъмин мешаванд. Ин ташаббус ҷавононро ҳавасманд мекунад, ки дар рушди иқтисоди миллӣ фаъол бошанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ишора бар он намуданд, ки дар қалби ҷавонон бояд ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, арҷгузорӣ ба забон, таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллиро боз ҳам бештар тақвият бубахшем ва дар идома зикр карданд, ки “Мо ифтихор дорем, ки ҷавононамон нисбат ба Ватан меҳру муҳаббати самимӣ доранд, Ватанро сидқан дӯст медоранд, ба арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ арҷ мегузоранд, иродаи мустаҳкам доранд ва сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати мамлакатро бо ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ дастгирӣ мекунанд”. 
Дар радифи сиёсати давлати ҷавонон масъалаи мақоми зан - модар дар ҷомеа аз ҷумлаи масоиле аст, ки ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи вижаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Дар хусуси боз ҳам баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа Ҳукумати ҷумҳурӣ дар заминаи асноди қонунӣ ва барномаҳои мушаххас, аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо” пайваста тадбирҳоеро амалӣ мекунад, ки дар маҷмуъ дар беҳбуд бахшидан ба ҳаёт ва фаъолияти меҳнатии занон нақши муҳим дорад.
Дар асоси санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки бо тавсия ва пешниҳоди Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тасвиб расидаанд, ҳалли масъалаҳои ҷалби занон ба корҳои давлатдорӣ, роҳбарии соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ барои занон, омода намудани мутахассисони лаёқатманд аз ҳисоби ҷавондухтарон ва риояи ҳуқуқу озодиҳои баробар аз ҳадафҳои муҳимму созандаи давлат қарор гирифтанд ва мавқеи занро дар ҷомеа тақвият бахшиданд.
Пешвои муаззами миллат дар ин Паём ҳам маълумот доданд, ки “Ҳоло дар кишвар 25 фоизи хизматчиёни давлатӣ, 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 71 фоизи кормандони соҳаи тиб, 47 фоизи кормандони соҳаи фарҳанг, 37 фоизи олимон ва 30 фоизи соҳибкоронро бонувону занон ташкил медиҳанд. Имрӯз беш аз 110 ҳазор бонувону занони кишвар ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул мебошанд. Дар замони соҳибистиқлолӣ зиёда аз 280 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро хатм кардаанд, яъне соҳиби маълумоти олӣ гардидаанд. Аз оғози ҷорӣ гардидани квотаи президентӣ, яъне дар 28 соли охир 11 ҳазору 600 нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро бо квотаи президентӣ хатм кардаанд. Илова бар ин, зиёда аз 35 ҳазор духтарону бонувон муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷиро хатм карда, соҳибмаълумот шудаанд”.
Рақамҳои фавқ дар бораи иштироки занон дар бахшҳои гуногуни ҷомеаи Тоҷикистон нишон медиҳанд, ки дар давраи соҳибистиқлолӣ пешрафтҳои назаррас ба даст омадаанд. Ҳукумати Тоҷикистон тавассути қонунгузорӣ, барномаҳо ва ташаббусҳои махсус ба тавсеаи нақши занон дар ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва илмӣ мусоидат менамояд. Бартарии занон дар ин бахшҳо (73% дар маориф ва 71% дар тиб) нишон медиҳад, ки онҳо ҳамчун қувваи меҳварӣ ва  асосии рушди инсонӣ ва хизматрасониҳои иҷтимоӣ амал мекунанд. Нуктаи мазкур дастовардест, ки саҳми занонро дар баланд бардоштани сифати зиндагии ҷомеа таъкид мекунад.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати хирадоини хеш масъалаи мақом ва рисолати бонувонро дар ҷомеа пайваста бо устувории суннатҳои ахлоқии халқ ва сарнавишти ояндаи миллат мавриди таҳлили амиқ қарор дода, ба ин ақида расидаанд, ки пайванди маънавии наслҳо ва одобу ахлоқи ҳамида, қабл аз ҳама, ба хидмату фидокории занон вобаста мебошад. Шеваи муносибат ва муроҷиати Президент ба бонувон - модарони кишвар, ки ба одоби баланд ва камоли ғамхории фарзандона, бародарона ва падаронаи Пешвои миллат  иртиботманд аст, дар радифи нақшаю барномаҳои вижаи давлатӣ аз омилҳои аслии худогоҳӣ ва фаъолмандии иҷтимоии занону духтарон қарор гирифт. Аз ин рӯ, вақте ки Пешвои миллат масъалаи танзими расму оинҳо, ҷашну таомул ва маросиму маъракаҳои гуногунро ба миён гузоштанд, гуфтанд, ки “Бовар дорам, ки бонувону занон ва модарону духтарони азизи мо дар амалисозии талаботу муқаррароти қонунҳои миллӣ, пешгирӣ кардани бегонапарастӣ, аз ҷумла сару либос ва ойинҳои барои мардуми мо бегона, ба камол расонидани наслҳои солим, таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии Ватан минбаъд низ саҳми арзишманди худро мегузоранд. Зеро онҳо эҳёкунандаву нигоҳдоранда ва тарғибкунандаву посдорандаи беҳтарин суннату анъанаҳои миллӣ ва расму оинҳои асилу бостонии халқамон мебошанд”.
Ин суханони Президенти маҳбуби кишвар на танҳо арҷгузорӣ ба саҳми занон аст, балки даъват ба мо барои фаъолтар иштирок кардан дар ҳифзи арзишҳои миллӣ, сулҳу субот ва пешрафти кишвар мебошад. Инчунин, он аҳамияти нақши занонро дар пешгирии таъсирҳои манфии фарҳангҳои бегона ва ташаккули ҷомеаи устувор таъкид менамояд. Дар ин замина, мо–занон ҳамчун тарбиятгари ҷомеа барои нигоҳ доштани тамаддун ва ҳувияти миллӣ бояд ҳамеша омода бошем.
Пешвои миллат дар Паём, ҳамчунин, вобаста ба охир расидани  муҳлати ваколати Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум сухан ронда, ҳамзамон барои фаъолияти пурсамар ба аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон миннатдории худро изҳор намуданд. 
Пешвои миллат таъкид намуданд, ки Интихоботи нави дарпешистода (дар асоси фармони  аз 4-уми декабри соли 2024,  2-юми марти соли 2025) бояд тибқи Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон шаффофу озод ва дар сатҳи баланд баргузор гардад ва интихобкунандагон номзадҳои арзандаи худро интихоб намоянд.
Пешвои миллат дар Паём таъкид намуданд, ки рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, суботи сиёсӣ ва оромиву осудагии мардуми Тоҷикистон аз таъмини амнияти миллӣ вобаста мебошад. Ҳамчунин,  вобаста ба таъмини амнияти давлат ва ҷомеа Ҳукумати мамлакат бо сохторҳои марбут ба масъалаҳои омода кардани мутахассисони ба талаботи шароити муосир ҷавобгӯй барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, баланд бардоштани сатҳи касбият ва маҳорату малакаи онҳо, инчунин, таҳкиму тақвияти пояҳои моддиву техникии ҷузъу томҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ эътибори аввалиндараҷа  медиҳад. Мубориза бо  терроризм ва экстремизм, ки рафъи ин хатари глобалӣ маҳсуб меёбад, дар меҳвари сиёсати байналмилалии Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад. Ҳамчунин, иштироки фаъол дар бартарафсозии равандҳои пуртазод ва хатарҳои глобалии марбут ба тағйири иқлим авлавиятҳо дар сиёсати хориҷӣ ба ҳисоб меравад. Баргузории конфронси сеюми байналмилалӣ бахшида ба об тобистони соли 2024  ва соли 2025-ум дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид мизбони аввалин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо будан, далели гуфтаҳост. Тоҷикистон бо ҳама созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳое, ки сиёсати гуманистӣ, инсондӯстиро пеш мебаранд, ҳамкориҳои судманд дорад ва ҳамеша омода аст, ки ин ҳамкориҳоро дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ барои расидан ба ҳадафҳои созанда ҷиҳати пойдории сулҳу субот ва тавсеаи ҳамкориҳои гуногунҷанба боз ҳам  тақвият диҳад. 
Дар фарҷом эътимоду боварии хешро ба мардуми шарафманди худ Пешвои миллат  иброз медоранд. “Хуб медонам, ки мо бо чунин мардуми ватандӯсту заҳматкаш тамоми нияту нақшаҳои некамонро дар солҳои наздиктарин амалӣ мегардонем ва Тоҷикистони азизамонро ба як кишвари пешрафтаву неруманд ва ободу сарсабз табдил медиҳем”. Ва барои ба ҳадаф расидан таъкид мекунанд:
“Мо бояд мисли ҳамеша сарҷамъу муттаҳид бошем, Ватанамонро сидқан дӯст дорем, онро соҳибӣ кунем, ҳисси баланди миллӣ дошта бошем, аз тоҷик будани худ ифтихор намоем ва доим дар фикри фарзандони худ, хушбахтиву осоиши онҳо, ободии Ватан, миллат ва давлати хеш бошем.”
Воқеан, Паёми навини Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон машъали раҳнамо, як ҳуҷҷати стратегӣ аст, ки роҳи рушди кишварро барои солҳои наздик муайян мекунад. Он ба ҳалли мушкилоти замони муосир, аз ҷумла, таҳкими иқтисодиёт, беҳбуди иҷтимоӣ, рушди илм ва ҳифзи арзишҳои миллӣ равона шудааст. Таъкид ба сулҳу субот, иштироки фаъолонаи ҳар як шаҳрванд дар ободии Ватан ва ҳифзи ҳувияти миллӣ ҳамчун самтҳои меҳварӣ арзёбӣ гардидаанд.

Жило ГУЛНАЗАРЗОДА,
ректори Донишгоҳи байналмилалии забонҳои 
хориҷии Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода, 
доктори илмҳои филология, профессор

Санаи нашр: 09.01.2025 №: 7
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив