ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » УМАРИ ШЕРХОН ВА «КАВКАБОНИ СИНАМО»-И Ӯ

УМАРИ ШЕРХОН ВА «КАВКАБОНИ СИНАМО»-И Ӯ

10 январ 2025, Ҷумъа
28
0

 
Умари Шерхон. Ин ном ба аҳли адаб ва ҳунари кишвар дергоҳ ошност. Хонандагони тоҷик бо намунаи офаридаҳояш аз нимаи солҳои 70, оғози солҳои 80-уми садаи гузашта шиносоӣ доранд. 

Тавре насли калон медонад, ин солҳо дар таърихи фарҳангу ҳунари миллат ҳамчун давраи рушди бемайлони ҳунар гардидаанд. Санъаткорони тоҷик мактаби равонкобии ҳунарии шуравиро ба сатҳи сифатан нав бароварда, дар ин қуллаи ҳунарӣ муъҷизаофарӣ менамуданд. Аксари равандҳои дар олами ҳунар имрӯз маъмул ҳамон солҳо  пайдо гардида, минбаъд густариш ёфтаанд. 
Дар синамо низ паҳлуи поягузорону шоҳсутунҳои ин ҳунари барои миллати куҳанбунёди тоҷик нисбатан нав насли ҷадиде қомат рост кард, ки бо навҷӯӣ ва навофарии хеш на танҳо олами ҳунари шуравӣ, балки ҷаҳонро ба ҳайрат овард. Дар ин раванд синамошиносии тоҷик низ рушд мекарду  тамошогаронро дар олами ҳунар раҳнамоӣ. 
Ин аст, ки имрӯз дар журналистикаи соҳаи синамо номи Умари Шерхон дар қатори аввалинҳо гирифта мешавад. 
Воқеан, агар нигоштаҳои адиб ва публитсист Умари Шерхонро дар бораи синамо ва ҳунарварони он ҷамъ оваред, маҷмуаеро ташкил медиҳад, ки аз чанд китоб иборат хоҳад шуд. Инро ба ӯ дӯстону ҳаводорони қаламаш дер боз талқин ҳам менамоянд. Вале, аз чи бошад, ки муаллиф ин корро то ҳол кашол медод. (Ҳарчанд ки дар ин муддат кори хайреро дар ҳаққи ходими намоёни давлатӣ ва ҳунар Султон Мирзошоев ба сомон расонд). 
Ниҳоят ба наздикӣ маҷмуаи «Кавкабони синамо»-и Умари Шерхон чун муште хирвори офаридаҳояш аз чоп баромад. Дар он тамоми ҷанбаҳои ҳунариаш, ки дар боло аз онҳо ба таври мухтасар ёд овардем, мунъакис шудаанд. Маҷмуа аз 23 нигоштаи беҳтарини муаллиф гирд омада. Дақиқтараш он аз 23 портрети мукаммали журналист таҳия шудааст, ки ҳар кадоме аз якдигар фарқи куллӣ дорад. Дар маркази диққати муаллиф ҳамеша қаҳрамони асосӣ қарор дошта бошад ҳам, рафти ба объекти тадқиқ муносибат намудан, хеле аз ҳамдигар фарқ мекунад. Дар баъзе ҳолатҳо қаламкаш ба қаҳрамонаш аз зовияи як раванди сиёсиву иҷтимоӣ ва ҳунарӣ назар афканад, дар ҳолати дигар ин зовияро офаридаи алоҳида ташкил медиҳад, ки дар маркази он маҳз қаҳрамони интихобнамудаи ӯ қарор дорад. 
Дар ин раванд, то андозае омезиши жанрҳо низ ба чашм мехӯрад. Дар баъзе ҳолатҳо муаллиф агар дар кушодани табиати хислати қаҳрамон ва офаридаҳояш аз мусоҳибаи журналистӣ истифода барад, дар дигар ҳолат мушоҳидаҳои шахсияш кор медиҳанд. 
Дар ҳама ҳолат ӯ аз манбаъҳои муътамад истифода бурданро шарти муҳим меҳисобад. Аз ин ҷост, ки аксари офаридаҳояш дар худ бозёфтҳои аҷибро гунҷондаанд. Агар Умари Шерхон аз назари як муҳаққиқи соҳа ба бозёфтҳояш муносибат карда, онҳоро ривоҷ медод, бархе аз нигоштаҳояш ҷанбаи муҳими илмиро ҳам дар худ касб мекард. 
Ҳамчунин, ин нуктаи муҳим аз назари хонанда пинҳон нахоҳад монд, ки муаллиф қаҳрамонҳои худро хеле дӯст медорад. Ҳамин аст, ки дар рафти мутолааи матолиби ин маҷмуа хонанда низ ба қаҳрамонҳои он дил хоҳад баст. Сатҳи ҳунари ҳар кас вобаста ба истеъдодаш фарқ хоҳад кард, вале таҷрибаи андӯхтаи банда дар ҷодаи ҳунар ба ман имкон медиҳад, бигӯям, ки на ҳар фарди дар бораи ҳунар сухангуфта, ба он меҳру муҳаббати хос дорад. Паси ҳар матлаб ва ҳар сатри ин матолиб меҳри беандозаи муаллиф ба қаҳрамонҳояш эҳсос мегардад. Ин чизи аз ҳама муҳим аст, зеро танҳо аз рӯйи меҳр меҳрро ба даст овардан мумкин аст. 
Маводи тули солҳои дароз офаридаи публитсистро қаҳрамонҳояш низ аз лиҳози синну сол, мавқеи ҷойгиршавии ҷуғрофӣ ва сатҳи ҳунару маъруфият мухталифанд. Агар очеркҳои дар бораи поягузорони синамои миллӣ Борис Кимёгаров, Комил Ёрматов ва Султон Мирзошоевро ҷанбаи таърихиашон қавитар бошад, нигоштаҳо дар бораи ситораҳои сатҳи ҷаҳонӣ – Вячеслав Тихонов, Ҳошим Гадоев ва Бахтиёр Худоназаровро ҷавҳари ҳунариашон муҳимтар арзёбӣ гаштааст. 
Ҳамеша муаллиф назари шахсии хешро дар инъикоси ин ё он масъала дар мадди аввал мегузорад. Назари шахсиаш бошад, аз муҳаббати беандоза ба ҳунару ҳунарвар маншаъ мегирад. Бозигари маъруфи туркман Акмурад Бяшимов солҳо фаромӯш шуда буд. Тавассути як нигоштаи журналисти тоҷик дубора дар маркази таваҷҷуҳ қарор гирифтанаш аз иҷрои рисолати як қаламкаш дарак медиҳад. 
Марворид Қосимова, Тамара Кокова, Тамара Яндиева, Тоҷинисо Саидова ва Сайёра Сафарӣ низ бо синну сол ва мавқеву мартабаашон дар олами ҳунар фарқи куллӣ доранд, вале Умари Шерхон фардияти ҳар кадомеро чунон бомаҳорат ба қалам додааст, ки аз ин нигоштаҳо ҳам муносибати хоси муаллифро ба ҳунарвар дармеёбеду ҳам нигарониҳояшро дар мавриди ояндаи онҳо.
Матолиби дар бораи Маҳмадсаид Шоҳиён, Раҳмондӯсти Қурбониён ва киношинос Тиллои Некқадам ривоятсозанда ба мушоҳидаҳои шахсии муаллиф асос ёфтаанд, ки на танҳо қимати бадеии онҳоро боло бурдааст, балки дар рафти мутолааи онҳо хонанда ба таври ноогоҳ ҳам бошад, аз олами наҷиби маънавии худи нигоранда бохабар мегардад. 
Умед Шатаков ва Далер Мирхонов ҳоло ду такситораи нав дар осмони ҳунар тулуъ намудаанд. Умед меравад, ки бо фотиҳаи ин пири кор ҳунарашон сайқал ёфта, ба комёбиҳои назаррас ноил хоҳанд гашт.
Ҳамчунин, умед меравад, ки маҷмуаи мазкур ҳолати хеле камёб будани мавод дар бораи синамои миллиро беҳбудӣ хоҳад бахшид. Он ба хонанда кумак мекунад, ки чи гуна ба олами кино бояд ворид шуду аз он чи гуна баҳра бурд. Умари Шерхон ба бисёр саҳифаҳои норавшани таърихи синамои миллӣ рӯшанӣ андохта, аз ҳолатҳои аҷиби бо ҳунармандон дар майдони сабт рухдиҳанда моро огоҳ месозад. Ин сафари маънавӣ, ки сабаби камолоти маънавии худи муаллиф гаштааст, ба хонанда низ бетаъсир нахоҳад монд.

Муҳаммадуллоҳ ТАБАРӢ, 
«Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 09.01.2025 №: 7
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив