ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТОҶИКИСТОН – ПЕШОҲАНГИ ҲАЛЛИ МАСОИЛИ ОБ ДАР ҶАҲОН

ТОҶИКИСТОН – ПЕШОҲАНГИ ҲАЛЛИ МАСОИЛИ ОБ ДАР ҶАҲОН

11 апрел 2023, Сешанбе
261
0

 

Масъалаи об ҳамчун асоси рушди устувор, рафъи камбизоатӣ ва шукуфоии сартосарии сайёра бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази рӯзномаи сиёсии ҷаҳон қарор дорад. Зеро тайи ду даҳсола Тоҷикистон масоили марбут ба обро дар рӯзномаи ҷаҳонии рушд пеш мебарад. Дар доираи ин ибтикорот рӯзҳои 22-24 март дар шаҳри Ню-Йорки ИМА бо ташаббуси Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд Конфронси таърихии СММ оид ба об баргузор гардид. 
Барои бозтоби натиҷаҳои он ва нақши калидии кишварамон дар ҳалли масоили об дар ҷаҳон бо вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа, ки дар ин конфронс иштирок дошт, мусоҳибаи ихтисосӣ ороста, манзури хонандагони “Ҷумҳурият” мегардонем.


– Муҳтарам Далер Ҷумъа, лутфан, бигӯед, оё конфронс барои дарки таҳдидҳо ва дарёфти роҳҳои ҳалли масоили об, тавонист давлатҳоро такон бидиҳад?
– Тоҷикистон чун узви фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ вобаста ба ҳалли масоили об бо мақсади рушди устувор ҳамчун кишвари пешоҳанг муаррифӣ шудааст. Пешниҳодҳое, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон манзур гардидаанд, барои тамоми ҷаҳон муҳим арзёбӣ мешаванд. Бевосита дар 20 соли охир Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббусҳои калидиро, ба монанди «Соли байналмилалии оби тоза» – 2003, Даҳсолаи байналмилалии «Об барои ҳаёт» – солҳои 2005 – 2015, «Соли ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи об» – 2013 ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028» дар сатҳи ҷаҳонӣ роҳандозӣ намудааст.
Дар конфронсе, ки рӯзҳои 22-24 март дар шаҳри Ню-Йорки ИМА доир шуда буд, зиёда аз 10 ҳазор ширкаткунанда – сарварони кишварҳо ва ҳукуматҳо, намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа ва шарикони рушд ҷамъ омада, мавзуи обро баррасӣ намуданд. Дар доираи конфронси мазкур аз маросими кушодашавӣ то пӯшидашавӣ шаш ҷаласаи панелӣ, панҷ муколамаи интерактивӣ ва дигар нишастҳои махсус – зиёда аз 500 ҷаласаи канорӣ баргузор шуданд. 
Маврид ба зикр аст, ки дар муколамаҳои интерактивӣ ҳама паҳлуҳои масоили об, аз ҷумла идоракунии самараноки захираҳои об, коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ, мусоидат ба рушди устувор, таъмини баробарии гендерӣ, бунёди инфрасохтори устувор, мусоидат ба саноатикунонӣ ва инноватсия, таъмини бехатарӣ ва шаффофияти экологии шаҳрҳои калон ва минтақаҳои аҳолинишин, устуворӣ ба тағйирёбии иқлим, коҳиш додани фавти одамон дар натиҷаи ҳолатҳои фавқулода, муносибатҳои фаромарзии масъалаи об ва тезондани раванди татбиқи Даҳсолаи байналмилалии об тавассути ҳадафи шашуми Ҳадафҳои Рушди Устувор баррасӣ шуданд. Панҷ мавзуе, ки мо зикр намудем, дар чаҳорчӯбаи маблағгузорӣ, маълумот, рушди иқтидор, инноватсия ва идоракунӣ аст. Ин боз усулҳои баргузории конфронсро, ки дар бар мегирифт фарогирии байнисоҳавӣ ва ба амал нигарондашуда, яъне он чизе, ки ба нақша мегирем, бояд дар амал татбиқ карда шавад. 
Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ҷаласаи канорӣ таҳти унвони «Ҳамбастагии об, энергия ва муҳити зист»-ро дар доираи конфронс баргузор кард. Дар ин ҷаласа зиёда аз 60 намояндаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дигар давлатҳо дар сатҳи роҳбарони вазоратҳо ва бахши хусусӣ, ҳамчунин, ташкилотҳои байналмилалӣ ва шарикони рушд иштирок доштанд. Лозим ба зикри хос аст, ки зиёда аз 10 ҳазор касро сарҷамъ намудан ва дар се рӯз ҳалли масъалаи обро бозтоб додан худ гувоҳ аз натиҷаи дилхоҳи конфронс аст ва арзёбии онро то имрӯз мо аз тамоми гӯшаҳои ҷаҳон мешунавем.

– Конфронси СММ бо пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон Рӯзномаи амали обро, ки дар Конфронси дуюми Душанбе оид ба татбиқи Даҳсолаи об муаррифӣ шуда буд, қабул намуд ва ин натиҷаи муҳими ҳамоиш арзёбӣ гардид. Рӯзномаи мазкур кадом тадбирҳоро пешбинӣ кардааст ва уҳдадории иҷрои амалҳои он барои кишварҳо ихтиёрист ё ҳатмӣ?
– Бояд тазаккур дод, ки ин конфронси таърихӣ қариб баъд аз панҷоҳ сол дар СММ баргузор шуд ва кишварҳоро сарҷамъ карда тавонист. Намояндагони давлатҳо фикру ақидаҳои худро вобаста ба масоили об изҳор дошта, уҳдадориҳояшонро дар ин ҷода эълон карда, ҷаҳонро мутмаин сохтанд, ки сарфи назар аз мушкилоти ҷойдошта, онҳоро амалӣ хоҳанд кард. Тоҷикистон низ ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ уҳдадории худро аз ин минбари баланд эълон намуд, ки дар ин самт мо фаъолиятамонро пеш бурда истодаем. Ҳар як давлат иҷрои уҳдадориҳояшро дар асоси манфиатҳои миллии худ иҷро мекунад. Ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯз як фаҳмиши баланди хуб дорад, ки иҷрои уҳдадориҳо дар ин самт шарт ва зарур аст. Маҳз ҳамин дарки баланд то дараҷае хусусияти иҷрои ин уҳдадориҳоро аз лиҳози маънавӣ ҳатмӣ кардааст. Албатта, дар ин ҷода мушкилиҳо вуҷуд доранд: тағйирёбии иқлим, ки дар натиҷаи он солҳои охир бисёр офатҳои табиӣ ба вуқуъ меоянд, мушкилоти ҷаҳонии молиявӣ, геополитикӣ иҷрои уҳдадориҳои давлатҳоро душвортар намудаанд. 
Аммо новобаста ба вазъи мавҷуда, мо чунин боварӣ ҳосил намудем, ки ҳар як давлат барои иҷрои уҳдадориҳои марбут ба об кӯшиш ба харҷ медиҳад, вагарна иҷро нашудани онҳо барои тамоми ҷаҳон пайомадҳои вазнинро ба бор хоҳад овард. Барои ин бояд механизмҳое бошанд, ки иҷрои уҳдадориҳоро мониторинг кунанд. Бинобар ин, Рӯзномаи амали об, ки аз ҷониби Пешвои муаззами миллат дар конфронс пешниҳод гардид, оянда дар се чорабинии калидии СММ – ҳамоиш оид ба Ҳадафҳои Рушди Устувор, ки соли ҷорӣ доир мегардад, саммити ояндаи соли 2024, ҳамоиши ҷаҳонӣ оид ба масоили иҷтимоӣ дар соли 2025, ҳамчунин дар форуму конфронсҳои сатҳи баланд оид ба рушди устувор боз мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор мегирад. Дар баробари ин чорабиниҳо, Раванди оби Душанбе калидӣ аст, ки мо онро аз ҷониби худ мушаххас пайгирӣ хоҳем кард.

– Ҷиҳати натиҷагирии ҳалли масоили об, пайгирии уҳдадориҳои минбаъда ва татбиқи Рӯзномаи амали об, Президенти кишвар дар конфронс пешниҳод намуданд, ки Раванди оби Душанбе ҳамчун платформаи васеъ истифода шавад. Ин пешниҳод чӣ гуна ҳамовозӣ пайдо кард?
– Дар суҳбатҳо ва арзёбиҳое, ки мо шунида истодаем, Раванди оби Душанбе ҷиҳати ҳалли масоили об дар ҷомеаи ҷаҳонӣ нуфузи калидӣ пайдо намудааст. Омилҳое, ки аҳамияти Раванди оби Душанберо дучанд кардааст, дастгирии бевоситаи он аз ҷониби Сарвари давлат ва ҳамкории мутақобилан судманди ҳамаи тарафҳо – мақомотҳои давлатӣ, шарикони рушд, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бахши хусусӣ мебошад. Раванди оби Душанбе ҷойи баҳсҳо ва айбдоркунӣ нест, балки маконест, ки тарафҳо метавонанд ҷамъ шуда, аз мушкилоту пешравиҳои худ гӯянд ва бо таҷрибаи якдигар ошно шуда, дар такя ба имконоти мавҷуда уҳдадориҳоеро, ки ҳар як давлат бар дӯш дорад, дар ҳамбастагӣ амалӣ намоянд. Бинобар ин, Раванди оби Душанбе ҳамчун намунаи беҳтарини ҳамкориҳои марбут ба об аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шудааст.

– Роҳбари давлат зимни суханрониашон дар конфронс ба захираҳои оби Тоҷикистон ишора карда, махсусан дар бораи кӯли Сарез, ки метавонад кишварҳои минтақаро бо оби мусаффои ошомиданӣ таъмин намояд, ёдовар шуданд. Оё масъалаи истифодаи оби кӯли Сарез мавриди таваҷҷуҳ ва баррасӣ аз ҷониби СММ ё мамлакатҳои алоҳида қарор гирифт?
– Об захираи асосии Тоҷикистон аст ва манбаи асосии захираҳои оби минтақаи Осиёи Марказиро ташаккул медиҳад. Масъалаи истифодаи оби кӯли Сарез, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардид, мавриди таваҷҷуҳи кишварҳо қарор гирифт, махсусан он аз ҷониби давлатҳои Ховари Миёна ҳамовозӣ пайдо намуд. 
Пешниҳоди Сарвари давлат оид ба истифодаи кӯли Сарез пештар низ манзур шуда буд. Шояд мутахассисон бар он назар буданд, ки татбиқи он вақт ва маблағи зиёдро талаб мекунад. Аммо муҳимияти об сол ба сол меафзояд, илму технология пеш рафтааст ва ин бароямон имкон медиҳад, ки дар оянда пешниҳоди мазкурро амалӣ бисозем.

– Кӯли Сарез, бо вуҷуди он ки барои кишвари мо ва давлатҳои ҳамсоя аз лиҳози захираи оби мусаффои ошомиданӣ манфиатовар аст, аз сабаби истифода нашудани обаш хатар низ, дорад. Ин паҳлуи масъала чӣ гуна арзёбӣ мегардад?
– Эҳтимоли хатар вуҷуд дорад. Кӯли Сарез обанбори табиӣ буда, аз сабаби истифода нашудани обаш эҳтимоли чунин пайомадро дорад, ки ин хоси ҳамаи обанборҳо мебошад. Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи мазкур таҳти назорат қарор дорад. Мо мунтазам вазъи сейсмологӣ ва сатҳи обашро мониторинг мекунем. 
Бинобар ин, муҳимияти истифодаи кӯли Сарез аз лиҳози таъмини давлатҳои ҳамсоя бо оби ошомиданӣ ва ҳатто, истифодаи оби он барои тавлиди қувваи барқ масоили иқтисодиву иҷтимоии минтақаро ҳал менамояд, ҳамзамон сатҳи хатари эҳтимолии ҷойдоштаро коҳиш медиҳад.

– Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҳамчун дигар мамлакатҳои ҷаҳон, дар пасманзари омилҳои таъсиррасон, ба мисли тағйирёбии иқлим ва афзоиши аҳолӣ, коҳиши ҳаҷми об ба сари аҳолӣ мушоҳида мешаванд. Бинобар ин, масъалаи об дар баробари ҷанбаҳои муҳими иқтисодиву иҷтимоӣ, ҳамчунин омили таъмини суботро дар минтақа касб намудааст. Оё барои ҳамкориҳои фаромарзии марбут ба об дар Осиёи Марказӣ ягон чаҳорчӯбаи муосири идоракунии маҷмуии захираҳои об таҳия шудааст ё он аз рӯи низоми замони шуравӣ роҳандозӣ мегардад? 
– Дар ҷаҳон 153 кишваре ҳаст, ки дарёҳо ва кӯлҳои фаромарзиро дар бар мегирад. Яъне, мавзуе, ки дар Осиёи Марказӣ ҳаст, хоси аксарияти мамлакатҳо низ, мебошад. Таҷрибаи ҳамкориҳои захираҳои оби Осиёи Марказӣ дар ҷараёни конфронс алоҳида баррасӣ шуда, он ҳамчун намунаи хуби ҳамкориҳои фаромарзии об арзёбӣ гардид. Тоҷикистон ва дигар давлатҳои Осиёи Марказӣ дар конфронс ба ҳайси минтақае муаррифӣ шуданд, ки аллакай даҳсолаҳо таҷрибаи ҳамкориҳоро ҷиҳати идораи дурусти захираҳои фаромарзии об доранд.
Мо дар доираи ҳамкориҳои фаромарзӣ Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии об дорем. Комиссияи мазкур соли 1992 таъсис ёфта, 31 сол боз фаъолият дорад. Ҷаласаҳои Комиссия тибқи оиннома ҳамасола бо навбат дар ҳар давлат доир мегарданд. Ҷаласаи навбатӣ 2 майи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон баргузор мешавад. Дар он натиҷаи ҳамкориҳои истифодаи об дар солҳои 2022-2023 баррасӣ ва нақшаҳои навбатӣ муайян мегарданд. Тоҷикистон дар ин ҷода мавқеи калидӣ дорад. Мо муҳимияти инро ҳамчун кишвари ҳам болооб ва ҳам поёноб дарк кардаем. Тоҷикистон барои фаъолияти дурусти кори Комиссия мусоидат менамояд.
Бо назардошти омилҳои таъсиррасоне, ки Шумо зикр намудед, Комиссияи мазкур кӯшиш дорад, фаъолияти худро такмил диҳад.

– Президенти кишвар зимни суханрониашон дар Конфронс иброз доштанд, ки то соли 2025 ислоҳоти соҳаи об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра анҷом дода ва мудирияти ҳамгироёнаи захираҳои об ба таври комил ба роҳ монда мешавад. Ислоҳоти соҳаи об, ки аз соли 2016 оғоз ёфтааст, аз рӯи кадом принсипҳо татбиқ мегардад ва раванди амалишавии онро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
– Барномаи ислоҳоти соҳаи об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2015 тасдиқ шуда буд. Дар доираи барнома нақшаи чорабиниҳо таҳия ва қабул гардид, ки 35 чорабиниро дар бар мегирад. Ҷорӣ кардани механизмҳои пешқадам доир ба идоракунии захираҳои об мебошад. Таъсиси инфрасохтори муосири идоракунии захираҳои об, ки дар доираи ислоҳот татбиқ мегардад, на танҳо сатҳи миллиро, балки сатҳи минтақавиро низ, дар бар мегирад. Мо дар ҳамкорӣ бо давлатҳои Осиёи Марказӣ ва шарикони рушд, дар чаҳорчӯбаи Бунёди байналмилалии наҷоти Арал таъсиси инфрасохтори муосирро баррасӣ мекунем, ки дар он чанд давлатҳои минтақа иштирок карда тавонанд ва захираҳои обро якҷоя идора намоем. 

– Оё масъалаи таъминоти оби ошомиданӣ ва санитария дар Тоҷикистон то соли 2025 дар доираи ислоҳот пурра ҳалли худро меёбад?
– Барои пурра таъмин намудани аҳолии кишварамон бо оби нӯшокии бехатар дар баробари Барномаи ислоҳоти соҳаи об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025, ки татбиқ мегардад, ҳамчунин, таҳияи Барномаи давлатӣ оид ба таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов барои давраи то соли 2030 дар нақша аст, ки то охири моҳи июни соли ҷорӣ омода гардида, барои баррасӣ ва тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегардад.
Дар маҷмуъ баробари ин, мо ҷиҳати таъминоти аҳолӣ бо оби ошомиданӣ корҳои зиёдеро анҷом додаем ва медиҳем. Ин аст, ки таъминоти оби ошомиданӣ дар шаҳрҳои мо дар қиёс бо давлатҳои минтақа ва дигар кишварҳои ҷаҳон беҳтар аст. Алъон мо на танҳо масъалаи дастрасӣ ба обро баррасӣ мекунем, инчунин барои мо муҳим аст, ки дастрасӣ ба сифати беҳтари обро ба роҳ монем. Дар ин самт бо шарикони рушд таҳқиқот гузарондем. Он нишон дод, ки мо бояд сифати дастрасӣ ба обро дар деҳот беҳтар намоем. Бинобар ин, ҳоло барномаҳои таъминоти об бештар деҳотро дар бар мегиранд. Аз тарафи дигар, татбиқи ҳадафи шашуми Ҳадафҳои рушди устувор ҳамаи кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистонро низ, уҳдадор кардааст, ки масъалаи таъминот бо оби ошомиданиро ҳал намояд. 

– Оё метавон гуфт, ки Конфронси мазкур раванди татбиқи вазифаҳои ҳадафи шашуми Ҳадафҳои Рушди Устуворро суръат бахшид? Умуман, раванди татбиқшавии ҳадафи шашумро Шумо чӣ гуна арзёбӣ мекунед ва оё то соли 2030 масъалаи дастрасии пурра ба оби ошомиданӣ ва санитария, ҳамчунин идоракунии устувори захираҳои об дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва глобалӣ ҳалли худро меёбанд? 
– Вобаста ба ин мушкилиҳо ҷой доранд. Шумо дуруст зикр намудед, ки умедвориҳо аз ин Конфронс ҷиҳати суръатбахшии татбиқи ҳадафи шашуми Ҳадафҳои Рушди Устувор буданд ва воқеан ҳам Конфронс ин масъаларо қариб дар ҳамаи ҷаласаҳову муколамаҳо баррасӣ намуд. Кишварҳо эътироф карданд, ки набояд мушкилиҳои ҷойдоштаро баҳона карду татбиқи ҳадафи шашумро қафо монд. Дар ҳамаи он чорабиниҳое, ки иштирок доштам, мушоҳида намудам: то ҳол ягон давлат нагуфтааст, ки ҳадафи шашумро татбиқ карда наметавонад, баръакс нақшаҳои худро барои татбиқи он то муҳлати муқарраршуда муайян намуданд.
Мо бояд корҳои дар ин самт анҷомдодаро, таҷрибае, ки дар гузашта доштем, яъне чӣ корро анҷом дода тавонистем ва чиро на, омӯхта ва сабабҳое, ки садди роҳи иҷрои нақшаҳо шуданд, муайян намоем. Ҳамсола дар чорабиниҳои гуногун масъалаи мазкур мунтазам мониторинг мешавад. Фикр мекунам, сарфи назар аз мушкилиҳои зиёде, ки ҷой доранд, имкониятҳо бештаранд ва муҳлати басанда (7 сол) дорем, ки ҳамаи мамлакатҳо, аз ҷумла Тоҷикистон, то соли 2030 ба татбиқи ҳадафи шашум ноил гарданд. 

Мусоҳиб Моҳира САНГМАМАДОВА,
"Ҷумҳурият"


Санаи нашр: 11.04.2023 №: 74
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив