СОҲИБ ТАБАРОВ. ТАҶЛИЛИ 100-СОЛАГИИ МУНАҚҚИДИ НОМВАР ДАР ДОНИШГОҲИ КӮЛОБ
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо мақсади иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 12-уми декабри соли 2023, №АП-470, бахшида ба 100-солагии узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Соҳиб Табаров бо иштироки доираи васеи олимону донишмандон ва аҳли қалам ҳамоиши илмӣ-адабӣ таҳти унвони “Соҳиб Табаров – мунаққид ва адабиётшиноси шуҳратёр” доир шуд.
Дар конфронс муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода, раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода, ректори Донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Дилшод Раҳмон, Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад, шоирони халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб ва Озар Салим, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор Аламхон Кучарзода, сармуҳаррири Нашрияи расмии Тоҷикистон – рӯзномаи “Ҷумҳурият” Қурбоналӣ Раҳмонзода, доктори илмҳои филология, дотсенти кафедраи адабиёти тоҷики Донишгоҳ Ҳотам Асозода ва дигар меҳмонон аз марказҳои илмӣ-таҳқиқотӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Кори ҳамоиш бо намоиши асарҳои Пешвои миллат, таълифоти Соҳиб Табаров ва дастовардҳои устодону донишҷӯён оғоз гардида, дар толори фарҳанги Донишгоҳ идома ёфт.
Раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода зимни суханронӣ ҳайати меҳмононро самимона хайрамақдам гуфта, иброз намуд, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди фарҳангу адабиёти тоҷик ва ҳаёту фаъолияти ходимони илму адаб таваҷҷуҳи беандоза доранд. Бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2024 дар гӯшаву канори ҷумҳурӣ таҷлил намудани 100-солагии адабиётшиноси маъруфи тоҷик, мунаққид Соҳиб Табаров аз ҷумлаи тадбирҳои фарҳангии Роҳбари давлат дар роҳи маърифатафзоист.
Муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода зимни суханронии хеш таъкид дошт, ки иқдоми наҷибу адабпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба шинохти шахсиятҳои бузурги илмию фарҳангии кишвар қобили ситоиш ва пайравӣ мебошад.
Ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, профессор Дилшод Раҳмон зимни суханронии худ бо таваҷҷуҳ аз сиёсати хирадбунёду маърифатпарваронаи роҳбарияти олии кишвар иброз намуд, ки аз файзи истиқлоли давлатӣ ва сиёсати маърифатмеҳварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди худшиносии миллӣ, ташаккули эътимоди қавии мардум ба фарҳангу арзишҳои деринбунёди миллӣ, чеҳраҳои саршиноси илму адаби мо, ки дар ғанисозии тамаддуни башарӣ нақши мондагори таърихӣ доранд, ҳамчун ниёи бофазлу шуҳратёр ва оламшумули миллати тоҷик ба таври шоиста муаррифӣ шуда, осори пурҳикмат ва рӯзгори ибратомӯзи эшон сафобахши масири ташаккулу худшиносии наслҳои миллат гардидааст.
– Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб дар партави иҷрои амри Президенти мамлакат роҷеъ ба таҷлили шоистаи 100-солагии адабиётшиноси нотакрору соҳибмактаб, мунаққиди беҳамтову заррабин, омӯзгори асил Соҳиб Табаров, инчунин, бо илҳом аз силсилаи чорабиниҳои илмиву адабӣ, ки давоми сол дар саросари кишвар, дар муассисаҳои таълимиву пажӯҳишӣ пуршӯкуҳу хотирмон доир гардиданд, шарти масъулият ва ҳам шарафу сарафрозӣ донист, ки бо даъвати адибону донишмандон, олимону суханшиносон, намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру вилоят, алоқамандони мактаби серпаҳно ва нигоштаҳои ҷолибу пурҳикмати ин устоди зиндаёд, посдору мубаллиғи адабиёти нобу ҷаҳонгири форсу тоҷик ҳамоиши илмиву адабие доир намояд, – гуфт Д. Раҳмон.
Ҳамчунин, таъкид шуд, ки шавқу ангезаи афзуни китобхониву донишандӯзӣ, иродаи матину мавқеъгирии устувор, фаъолияти мудому пурмаҳсул, ҷалби таваҷҷуҳу баҳрамандӣ аз мактаби ахтарони пурҷилои илму адаби замон, дар синни 23-солагӣ пазируфта шудан ба узвияти Иттифоқи нависандагон, дар 25-солагӣ дифои рисолаи илмии номзадӣ, дар 29-солагӣ узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон, таслимнопазирӣ дар муқобили зиддиятҳои рақибону нотавонбинон, тақвияти пуркориву таълифот, бо вуҷуди пириву захмҳои рӯзгор – ин ва дигар далелҳо аз ҳаёти шарафбори наздик ба як қарни устод Соҳиб Табаров, воқеан, аз як шахсияти барҷаставу нотакрор, олими шоиставу фарзанди ҷонпайванди миллат парда бармедоранд.
Устодон Абдулҳамид Самаду Ҳақназар Ғоиб хотироти худро варақгардон намуда, профессор Аламхон Кучарзода дар мавзуи “Зиндагӣ ва фаъолияти илмӣ-омӯзгории Соҳиб Табаров” ва доктори илмҳои филология Ҳотам Асозода роҷеъ ба “Маҳорати чеҳраофаринии Соҳиб Табаров дар танқиди адабӣ ва адабиётшиносӣ” маърузаҳои пурмуҳтаво ироа намуданд.
Баъд аз қисми асосӣ дар бахши музокира Шоири халқии Тоҷикистон Озар Салим, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Чӯпон Бадал, мудири кафедраи химия ва методикаи таълими Донишгоҳ, дотсент Сафар Холиқов, директори “Ганҷинаи Соҳиб Табаров” Олимҷон Табаров ба сухан баромада, ҷойгоҳи Соҳиб Табаровро дар адабиёти муосири тоҷик шоёни таҳсин хонданд.
Муҳаммадҷони АБДУВОҲИД,
шаҳри Кӯлоб