ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ШОМИ ШАНБЕ

ШОМИ ШАНБЕ

10 январ 2025, Ҷумъа
20
0

ХУШБАХТИРО АЗ ХАНДАИ ЯТИМОН ДАРЁФТ
Ратан Тата, яке аз сарватмандтарин шахсиятҳои Ҳиндустон, ки дороияш 790 миллиард рупияро ташкил медод, дар зиндагиаш чор давраи хушбахтиро паси сар намудааст. Давраи нахуст андӯхтани сарвату бойигарӣ буд, аммо он хушбахтиеро, ки орзу мекард, дарёфт накард. Давраи дувум соҳиби сарват гаштанаш буд ва дарк намуд, ки он ҳам муваққатист. Давраи сеюм замони афзун гаштани сарваташ буд, ки 95 фисади захираҳои нафти Ҳиндустон ва Африқо ба ӯ тааллуқ дошт. Дар ин давраи зиндагӣ ҳам хушбахтиро эҳсос накард.
Рафиқаш ба ӯ тавсия дод, ки ба 200 кӯдаки маъюб аробача харад ва онҳоро бо дастони худаш ба онҳо диҳад. “Аробачаҳоро худам ба кӯдакон туҳфа кардам. Дар чеҳраи кӯдакон хушбахтиро эҳсос кардам. Ба аробача нишаста, бозӣ кардан ва ҳаракати онҳоро назора намудам. Ҳангоми хайрухуш кӯдаке бо ду даст дар поям часпид. Пурсидам ба чизе ниёз дорӣ? Кӯдак гуфт: «Мехоҳам туро ба хотирам гирам ва замоне ки туро дар он дунё мебинам, бишносам ва он замон ба ту боз сипос бигӯям!».
Ҳаракоти ин тифли маъсум нигоҳамро ба зиндагӣ куллан тағйир дод.

Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА


ДАҲШАТНОКТАРИН ОФАТҲОИ ТАБИӢ ДАР ТАЪРИХИ ИНСОНИЯТ
4. Сиклони маргбор дар Бангладеш

Соли 1970 сиклони “Бхола” ба ҳудуди Бангладеши ҳозира (Покистони Шарқии онвақта) зарба зад. Тибқи маълумот, суръати шамол то 205 километр/соат мерасид. Бар асари туфон мавҷи баҳрӣ ба амал омада, ҷазираҳои дар пастӣ ҷойдошта зери об монданд. Дар натиҷа, тахминан аз 300000 то 500000 нафар ба ҳалокат расид.
Соли 1971 Маркази миллии туфон ва Департаменти обуҳавошиносии Покистон дар гузориши худ зикр намуд, ки “ҳисоб кардани шумораи аниқи фавтидагон, бо сабаби вуруди коргарони зиёди мавсимӣ ба ин минтақа барои ҷамъоварии шолӣ, бениҳоят душвор аст”.
Таҳияи Иброҳими САЙФУЛЛО




1,3 МЛН ДОЛЛАР АРЗИШИ ЯК МОҲӢ
Як тунаи кабуди (як намуди моҳӣ) вазнаш 276 кило бо 207 миллион йен (1,3 миллион доллари ИМА) дар музоядаи нахустини Токио дар соли 2025 фурӯхта шуд, ки барои тарабхонаҳо як рӯйдоди фараҳбахш дониста мешавад.
Ин дуюм натиҷаи баландтарин дар таърихи чунин музоядаҳо буд. Рекорди мутлақ соли 1999 гузошта шуда буд, вақте як туна дар музояда яку ним маротиба зиёдтар фурӯхта шуда буд.

Таҳияи У. САФАРАЛӢ




ГУНДИ ШОПУР – НАХУСТИН ФАРҲАНГИСТОНИ
НИЁКОНИ МО
Фарҳангистони Гунди Шопурро дар таъриху тамаддуни мо ҳамчун нахустин академияи илмҳо мешиносанд. Он аз тарафи Шопури I дар шаҳри Гунд бунёд шуда, аввалин донишгоҳи пизишкӣ, беморхона ва китобхона ба шумор мерафт.
Дар Гунди Шопур устодон аз Эрону Суриён, Ҳинду Чин ва Рум кору фаъолият доштанд. Китобхонаи ин ганҷинаи илм аз 250 ҳуҷра ва 400 ҳазор китоб иборат буд. Дар он омӯзиши тиб, ҳандаса, нуҷум, сарфу наҳв, санъати сухан ва мусиқӣ бо забонҳои паҳлавӣ, юнонӣ, ҳиндӣ ва чинӣ ҷараён дошт.
Дар пештоқи он ин навиштаро овехта буданд: "Донишу хирад бурандатар аз шамшер аст!".
Ин фарҳангистони бемонанд 300 сол арзи ҳастӣ кард ва бо омадани арабҳо ба коми оташ рафт. Як миқдори ночизи осори бозмондаро баъдтар аз паҳлавӣ ба забонҳои арабиву порсӣ баргардонданд.

Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР



ГУФТОРИ БУЗУРГОН

* Чизҳое ҳастанд, ки аз ҷанг ҳам бадтаранд: тарсуӣ, хиёнат, худбинӣ.
* Дӯсте беҳтар аз китоб нест.
* Кор метавонад қариб тамоми бемориҳоро шифо бахшад.
* Кам ҳолате мешавад, ки ашхоси бохирад хушбахт бошанд.
* Одамон ҳамеша барои хушбахтӣ роҳи осонро меҷӯянд: беҳуда аст, он вуҷуд надорад.

Эрнест ҲЕМИНГУЭЙ, нависанда,
барандаи Ҷоизаи Нобел.

Тарҷимаи Ш. ШОКИР



ТАСКИНИ ҒАЙРИОДИИ ДАРД
Чжан Айсини чинӣ, пас аз он ки дар садамаи нақлиётӣ зан, чор фарзанд ва хоҳарашро аз даст дод, барои ёфтани тасаллӣ ба кори ғайриодӣ машғул шуд. Ӯ 36 сол боз ҳамчун волонтёр ҳаракати нақлиётро дар роҳҳо танзим мекунад.
Ин марди 74-сола ҳар рӯз, соати 6-и субҳ, бо автобус ба беморхонаи шаҳрӣ меравад, то ҳаракати серташвиши субҳонаи нақлиётро ба тартиб орад. Ҳангоми “кор”, ӯ садақа мепурсад, шишаҳои холиро ҷамъ меорад ва барои ёрӣ ба донишҷӯёни камбизоат пул ҷудо мекунад. Инчунин, бо мубориза бар зидди харидуфурӯши одамон маъруф аст. Дар тули ҳаёташ беш аз 300 дузду ҷинояткорро дастгир кардааст.

Таҳияи У. САФАРАЛӢ



ПИЗИШК
Аз духтуре, ки ба навад даромада буд, пурсиданд:
- Чӣ чора дидед, ки ба ин синну сол расидед?
- Ман аз ҳисоби доруҳо зиндагӣ кардам, вале худи доруҳоро ягон маротиба нахӯрдаам, - гуфт дар ҷавоб пизишк.

Таҳияи Дарвеш ҚУРБОНОВ




МУВАФФАҚИЯТ
АМНТАРИН ШАҲРИ САЙЁҲӢ
Шаҳре, ки тамошобобтарин дар ҷаҳон маҳсуб меёбад, Ню- Йорк ё Париж не, балки Бангкок, пойтахти Тайланд, мебошад ва ҳар сол беш аз 20 миллион меҳмонро қабул мекунад.
Бангкок амнтарин шаҳр барои сайёҳон ба ҳисоб рафта, дар он арзиши хизматрасонӣ хеле паст аст. Ҳар нафар дар Бангкок тавассути нақлиёт ҳамагӣ 2 доллари ИМА харҷ мекунад. Ин ҷо меҳмонхонаро ҳамагӣ бо арзиши 50 доллар дар як шабонарӯз пайдо кардан мумкин аст. Ё дилхоҳ нафар метавонад дар меҳмонхонаи панҷситорадор ҳамагӣ бо 64 доллар бимонад, ки беҳтарин хӯрокҳои ҷаҳониро пешкаш менамоянд. Ин шаҳр бо брендҳои худ низ таваҷҷуҳи сайёҳонро ҷалб кардааст. Бангкок, инчунин, кинотеатр бо кати хоб дорад. Ғайр аз ин, ҳар кас метавонад дар киштии “Princess Chao Phraya” шомгоҳон ба сайри баҳр равад.
Таҳияи О. ВАФОБЕК



ЧАНД МАЪЛУМОТ ОИД БА ГИПНОЗ
- Дар натиҷаи таъсири равонӣ иваз шудани ҳолати руҳию ҷисмонии инсонро гипноз мегӯянд. Баъзеҳо фикр мекунанд, ки шахсони гипноздон қувваи сеҳргарӣ ва ё фавқулодае доранд, вале ин тавр нест. Ҳар як инсон метавонад, онро омӯзад.

- Дар дунё гипнозро, асосан барои оромиш ёфтан истифода мебаранд.

- Гипнозро дар асри 19 аввалин маротиба як ҷарроҳи англис, ба хотири паст намудани шиддати дард ҳангоми ҷарроҳӣ, истифода намудааст.
- Бовар кунондани инсон ба ҳар чизе зери таъсири гипноз бамаротиб осон аст. Ҳунарпешаи амрикоӣ Дрю Берримор бо истифода аз қувваи гипноз нашъамандиро тарк намуд.

- Дар Австрия машғулиятҳои омӯзиши гипноз барои кормандони бонк ва фурӯшгоҳҳои тилловорӣ ба роҳ монда шудааст, то онҳо тавонанд, бо истифода аз гипноз ба ғоратгарон таъсир расонанд.

- Ба ҳеҷ кас гипноз таъсир намекунад, агар худи шахс онро нахоҳад. Баъзе гипноздонҳо маҷбуран шахсеро зери таъсир қарор дода метавонанд, зеро пеш аз ин амал он нафарро ё метарсонанд, ё ба ягон чизе бовар мекунонанд ва ё вобаста мегардонанд, ки дар натиҷа худи шахс хоҳиши зери таъсири гипноз монданро пайдо мекунад.

Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР



ҒИЗОИ СОЛИМ
СЕБ
Себ беҳтарин ғизои табиӣ барои инсоният маҳсуб меёбад. Аз бадани инсон халистирин, шлакҳо ва токсидҳоро берун мекунад. Себ на танҳо лазиз аст, балки ба организми инсон фоидаи калон дорад. Дар таркиби себ 12-13% қанд, 3,5-4,3% туршиҳо, 0,4-1,2% пектин, хусусусан намакҳои минералӣ, мисли оҳан, мебошад. Чунин таркиби бойи табиӣ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки себро барои бемориҳои гуногун, алалхусус дил ва асаб истифода мебаранд.
Себро ҳангоми шиками гурусна, соатҳои 11:30 истеъмол кардан зарур аст.

Таҳияи Кароматулло ШОКИРЗОДА,
омӯзгори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутахассиси тарзи ҳаёти солим



ФАЗЛ МЕҶӮЕМУ ЗИ РАҲ БЕХАБАРЕМ

Дар замони ҳукмронии Султон Маҳмуди Ғазнавӣ ду фақири тангдаст дар сари кӯчае, ки аз он амир мегузашт, менишастанду ба талбандагӣ машғул мегардиданд. Яке аз ин ду фақир дар дуоҳояш ҳамеша фазли Худоро металабиду дигаре фазли дидори амирро.
Рӯзе амир аз он кӯча мегузашт, ки дуои ҳар ду фақир ба гӯшаш расид. Фавран бо дасти ходимаш ба оне, ки фазли Худоро металабид, ду танга ва ба оне ки фазли амирро ҷӯё буд, як мурғи пухташудаи болаззат фиристод.
Вақте мурғ ба дасти дувумӣ расид, ба ҳамроҳаш пешниҳод кард, ки мурғро бо ду танга бихарад, чунки барояш маблағ лозим аст. Ҳамин тавр, аз миён 10 рӯз гузашт. Рӯзи даҳум амир омада дид, ки марди ҷӯяндаи фазли Худо дар он ҷо набуда, танҳо он марде нишастааст, ки барояш мурғ мефиристод. Аз ӯ мепурсад: “Ҳамроҳат куҷост?”
Мард гуфт: “Имрӯз наомадааст. Дирӯз охирон мурғеро, ки фиристода будед, чун ҳаррӯза дар бадали ду танга аз ман хариду рафт”.
Амир хандиду гуфт: “Оне, ки фазли Худоро металабид, фазл ёфт. Ту, ки фазли маро хостӣ, ба чизе нарасидӣ. Ҳар рӯз дар шиками мурғ бароят 10 дирҳам мефиристодам, дар бадали 2 танга 10 дирҳамро ҳамроҳи мурғ аз даст медодаӣ”.

Тарҷумаи Муҳаммадҷон МУСОЗОДА



ПУЛҲОИ ҒАЙРИОДӢ
СКАЙБРИДЖИ РУСИЯ
Ин пул дар мавзеи зебоманзари табии Ахштирское, дар Боғи миллии Сочи ҷойгир аст. Меъмории он кӯпруки овезон ду нишебии дараро дар баландии 200 метр аз замин ба ҳам мепайвандад. Сайругашт дар ин боғ ва гузаштан аз пул ба кас таассуроти нодир мебахшад. Ҳангоми сайр кардан дар болои ин пул дар чашми шумо кӯҳҳои Қафқоз, ҷангалҳои Колхида ва манзараҳои баҳр кушода мешаванд. Ин пул дар 8 ресмони мустаҳкам овехта шуда, ҳар кадом метавонад то 360 тонна вазнро бардорад.
Таҳияи Судоба ФАЙЗАЛӢ



АҲОЛИИ ҶАҲОН АЗ 8 МИЛЛИАРД ГУЗАШТ

Аҳолии ҷаҳон соли 2024 нисбат ба соли 2023 қариб 82 миллион нафар афзоиш ёфтааст. Ин маълумотро Бунёди Олмон оид ба аҳолии ҷаҳон пешниҳод кардааст.
Тибқи маълумоти ин созмон, то 1-уми январи соли 2025 дар ҷаҳон 8 миллиарду 156 миллион нафар ба қайд гирифта шудааст.
Афзоиши зиёди аҳолӣ дар Африқо мушоҳида мешавад. Дар ду даҳсолаи оянда шумораи сокинони ин қора беш аз ду баробар афзоиш хоҳад ёфт.
Тибқи ҳисобҳои Созмони Милали Муттаҳид, соли 2037 шумораи аҳолии сайёра мумкин аст аз 9 миллиард зиёд шавад.

Таҳияи С. УМАРАЛӢ



ФАРМУДАҲОИ АНУШЕРВОНИ ОДИЛ

1. Ҳаргиз саросема набояд шуд. Пеш аз ба коре шуруъ кардан, оқибати онро бояд андешид. Ба коре, ки аз уҳдааш намебароед, даст назанед. Ба ҳарфи кордидагон гӯш диҳед.
2. Беозору раҳмдил бошед. Худро фурӯтан гиред. Тансиҳатиро қадр кунед. Дар назди онҳое, ки аз ғаму ғусса гиря доранд, нахандед.
3. Аз некон ибрат гиред. Аз душманон эҳтиёт бошед. Пеш аз харҷ ҳамёнро аз назар гузаронед.
4. Аз ҳад нагузаред. То метавонед, дастгири дармондагон бошед. Дар ҳама ҷо дасту забонро эҳтиёт намоед. Аз кори баду ёри бад ҳазар намоед. Бе дӯст сафар накунед.

Таҳияи Зикруллоҳ РАҶАБ


ШАҲРҲОИ ҚАДИМТАРИН
СИДОНИ ЛУБНОН

Сидон, ҳоло Сайдо (тарҷумаи таҳтулафзиаш саноати моҳидорӣ) шаҳри бандарии Финикия буд. Он макони баҳамоии ду тамаддуни бузурги қадимӣ – Байнаннаҳрайн ва Элам, ҳамчунин, маскани зимистонаи шоҳони Форс буд. Ин шаҳр дар даврае тараққӣ кард, ки империяи Форсро барои мубориза бо мисриён ва юнониён бо киштиҳо ва маллоҳон таъмин мекард. Ҳоло аз он танҳо харобаҳо боқӣ монда, дар миёни он қалъаи баҳрӣ аст, ки дар асри XIII аз ҷониби салибдорон сохта шудааст. Хӯроки бозор яке аз аҷибтарин хӯроки Сайдо ба ҳисоб рафта, зебоияш дар он аст, ки манзараҳои баҳри Миёназаминро дорад. Сокинони маҳаллӣ ва сайёҳон ба ин ҷо меоянд, то оромона сайругашт намуда, аз ғуруби Офтоб лаззат баранд.
Таҳияи Судоба ФАЙЗАЛӢ




ДАЛЕЛҲОИ ҶОЛИБ ДАР БОРАИ ФУТБОЛ
Навоф ал-Обид аз бошгоҳи футболи «Ал- Ҳилол» соли 2017 дар бозии Лигаи касбии Арабистони Саудӣ баъди ба майдон баромадан аз ҳайати эҳтиётӣ, зудтарин гол дар таърихи футболро ба самар расонд. Барои ӯ ҳамагӣ 1,7 сония лозим омад, то гол занад.

* * *
Аввалин чорабинии варзишие, ки тавассути телевизион мустақиман пахш шуд, бозии футбол байни бошгоҳи лондонии “Арсенал” ва дастаи эҳтиётии он дар соли 1937 буд.

* * *
Зудтарин корти сурх дар таърихи футболи ҷаҳонӣ соли 2000-ум ба Ли Тодд аз дастаи “Кросс Фарм Парк Селтик” дар бозии Премйер-лигаи Шотландия баъди ду сония аз оғози бозӣ дода шудааст.
Аз русӣ тарҷимаи Иброҳими САЙФУЛЛО




ОЁ МЕДОНЕД?
1. Офтоб бузургтарин ситораи системаи офтобӣ ба ҳисоб меравад. Қутри он тақрибан 1,39 миллион километр, 109 маротиба аз қутри замин калон мебошад.
2. 70%-и массаи Офтобро ҳидроген, 27%-ро гелий ва тақрибан 2,5%-ро ҳама гуна элементҳои боқимонда ташкил медиҳанд.
3. Нури Офтоб ба замин баъд аз 8 дақиқаю 20 сония мерасад. Ин маънои онро дорад, офтобро ҳамон гунае мебинем, ки ҳашт дақиқа пеш буд.
4. Аз соли 1836 “гирифтан”-и Офтобро мунтазам мушоҳида мекунанд.
Таҳияи Басона САТТОРЗОДА

Санаи нашр: 10.01.2025 №: 8
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив