ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҲУНАРМАНДЕ АЗ ДИЁРИ КӮҲСОРОН. ЁДЕ АЗ РАҲМОНДӮСТИ ҚУРБОНИЁН

ҲУНАРМАНДЕ АЗ ДИЁРИ КӮҲСОРОН. ЁДЕ АЗ РАҲМОНДӮСТИ ҚУРБОНИЁН

10 январ 2025, Ҷумъа
41
0

 
Ҳунарманди ҳалқии Тоҷикистон шодравон Раҳмондӯсти Қурбониён миёни ҳаводорони ҳунари волояш бо ҳазлу шухиҳои намакин ҷойгоҳи хоса дошт. Чун ӯ ёд намоем, бешубҳа, пеши назари ҳар нафар шӯхиҳои ӯ дар нақши Бекмурод аз филми “Ситораҳои сари танӯр”-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ меояд. Мавсуф ин образро табиӣ ва бомаҳорат офридааст ва ҳамин буд, ки  он шуҳраташро миёни мухлисон бамаротиб афзуд.

ПАЙВАНД БО ОЛАМИ ҲУНАР
Дар дилаш меҳри санъат аз ҳамон соле боло гирифт, ки ба мактаби онҳо  муаллим Тоҷиддин Шарипов омад. Вай ғиҷакро хуб менавохт. Мардум ӯро ғиҷакнавоз ном мебурданд. Аз ҳамон овон Раҳмондӯст ба дастаи ҳаваскорони мактаб аъзо шуд.  Соли 1960 барои сайқал додани маҳорати худ ба Сталинобод (шаҳри Душанбе) омад. Ҳуҷҷатҳояшро ба студияи актёрии назди Театри академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ супурд.  Ӯ аз имтиҳони доварони сахтгиру серталаб, аз ҷумла коргардони шинохтаи вақти театр Ефим Мителмен, гузашта донишҷӯ шуд. Ҳангоми таҳсил аз мактаби бузурги ҳунармандони мумтоз Ҳоҷиқул Раҳматуллоев, Асли Бурҳонов, София Тӯйбоева, Алиназар Хоҷаев ва доктори илмҳои санъатшиносӣ Низом Нурҷонов баҳра бардошт. 

ФАЪОЛИЯТИ ҲУНАРӢ
Раҳмондӯсти Қурбониён  тайи солҳои фаъолияти босамараш ба ҳайси роҳбари бадеии хонаи маданияти шаҳраки Фархор, ҳунарпешаи Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб, роҳбари бадеии Театри халқии ноҳияи Ҳамадонӣ, ҳунарпеша ва коргардони Театри намунавии минётурии «Оина», коргардони дастаҳои ҳунарии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон кор кардааст. 
Баъдан, аз соли 1974 то хатм дар Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода маҳорати актёрияшро сайқал дода, дар баробари он,  нозукиҳои касби коргардониро аз худ менамояд. 
МАЪРУФ ГАРДИДАНИ ҲУНАРМАНД ДАР СИНАМО
Ӯ бо маҳорати волои  ҳунармандӣ дар рушди кинои тоҷик низ нақши бориз гузоштааст. Нахустин нақши худро дар синамо соли 1962 дар филми овозадори «Коваи оҳангар»-и коргардони маъруфи тоҷик Борис Кимёгаров иҷро намуд. Баъдан бошад, дар филмҳои “Бародар” ва   “Қош ба қош”-и Бахтиёр Худойназаров, «Сароби  биҳишт»-и Юнус Юсуфов, «Муҳаббат»-и Умед Мирзоширинов, «Пуштаи ҳандақпеч» ва «Баҳори як кӯча»-и Саидҷон Қодирӣ, «Барачаи хаёлӣ»-и Абдулҳай Зокиров, «Сафари ҳавоӣ»-и Далер Раҳматов ва чандин филмҳо нақш бозида, ҳамчун актёри кино низ дар дили мухлисон ҷо гирифт.

ХИСЛАТИ НАКУ ҶОВИДОНИСТ
Раҳмондӯсти Қурбониён дар баробари ҳунарманди мумтоз будан, ҳамчунин, дорои хислатҳои беҳтарини инсонӣ буд. Аз ҷумла, фарҳангшинос ва таърихнигор Ҷонибек Асрориён дар китоби “Чил ҳунари як мард” аз хислатҳои накуи устод чунин ёд мекунад: “Вуҷуди Раҳмондӯст барои сухани нек ва накукорӣ офарида шуда буд. Як хандаи зебо ва пуровозааш кифоя буд, ки занги дилҳоро бишӯяд. Ибораи дӯстдоштааш: “Мемонӣ,  осуда зиндагӣ кунем. Дар куҷоҳо, ита мегардӣ?” ва хандаи самимию бо шеваи тоҷикӣ салом карданаш, як дунёи дигар буд, ки ҳоло намерасад. Дар вохӯрӣ ва суҳбати озоду бетакаллуфаш метавонистӣ худро озод ҳис намоӣ. Шинохти инсон ва қадр кардани он аз хислатҳои шоистаи ин инсони наҷиб буд”. 

Судобаи ФАЙЗАЛӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 10.01.2025 №: 8
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив