ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТОҶИКОБОД. ДЕҲАҲО НАМОИ ШАҲРАК МЕГИРАНД

ТОҶИКОБОД. ДЕҲАҲО НАМОИ ШАҲРАК МЕГИРАНД

10 январ 2025, Ҷумъа
34
0


– Тоҷикобод, асосан, ноҳияи аграрист ва имрӯзҳо мардуми заҳматқарини он ҳосили бо арақи ҷабин рӯёндаро ҷамъовариву захира карда, заминҳоро шудгор намуда, ба мавсими кишти баҳорӣ омода кардаанд ва донаҳои гандуми тирамоҳиро бо умед ба замин коридаанд. Кишоварзон соли рафта дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 2011 га картошка кишт карда, бори нахуст наздики  30 ҳазор тонна  ҳосил рӯёнданд. Ҳамчунин, дар  ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 1203 га кишти  ғалла гузаронда шуда,  2704 тонна ҳосили ғалладона ҷамъоварӣ гардид, – иброз  дошт Қадриддин Фақерзода, раиси ноҳияи Тоҷикобод, зимни суҳбат бо мо оид ба дастовардҳои ноҳия дар соли гузашта.
Қадриддин Фақерзода  афзуд, ки кишоварзони ноҳия   дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ  4206 тонна сабзавот, 5970 тонна мева  истеҳсол намуданд.  Соли рафта истеҳсоли гӯшт 1686 тонна, шир 12019 тонна, тухми мурғ 1 миллиону 891 ҳазор донаро ташкил дод, ки истеҳсоли гӯшт нисбат ба  соли 2023-юм 90 тонна, шир 162 тонна, тухми мурғ 46 ҳазор дона зиёд мебошад.     
Иқлими ноҳия барои парвариши себу нок мувофиқ   буда, сол ба сол майдони боғҳои мевадиҳанда васеъ карда мешавад. Соли гузашта дар ноҳия  7 гектар боғи куҳна барқарор    шуда,  дар соли 2025  барқарорсозии 5 гектар ва бунёди 8 гектар боғ дар талу теппаҳо дар нақша аст. Аз ҷумла, 4,5 гектар боғ дар қитъаи навсанҷии ноҳия барои барқарорсозӣ омода гардидааст.
Дар ноҳия 3,2  гектар боғи интенсивӣ бунёд шуд, ки ҳосилнокии он нисбат ба аксари боғҳо зиёдтар мебошад. Дар оянда низ афзоиши майдони боғҳои интенсивӣ дар назар аст. 
Соли рафта дар ноҳия ҷашнҳои давлатию миллӣ, чорабиниҳои зиёде баргузор гардиданд, вале  рӯйдоди аз ҳама хотирмону  фараҳбахш барои сокинон ташрифи  Асосгузори сулҳу  ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба водии Рашт, аз ҷумла ноҳияи Тоҷикобод буд, ки 12-уми сентябр сурат гирифт. Воқеан, ҳар куҷое, ки қудуми Пешвои миллат мерасад, он ҷо пешравие дида мешавад ва ё ба қавле гул мекунад. Зимни  сафари кории Роҳбари давлат  якчанд иншооти ҳаётан муҳим, аз ҷумла бинои маъмурии Ҷамоати деҳоти Зарафшон, бинои хуштарҳу замонавии раёсати молия, қасри бошукӯҳи  фарҳанг, маҳаллаи навбунёд бо 60 манзили истиқоматӣ ва инфрасохтори зарурӣ ва дигар иншооти таъиноти гуногун ба истифода дода шуданд. 
Зимни мулоқоти самимона бо сокинон дар толори зебову барҳавои қасри фарҳанг Пешвои муаззами миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз иҷрои корҳои ободонӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, баҳри пешрафти ноҳия дастуру маслиҳатҳои  муфид доданд ва, ҳамзамон, барномаи ҳунармандони ноҳияро бо мароқ  тамошо карданд. Пешвои маҳбуби миллат ба даҳ нафар духтароне, ки дар барномаи консертӣ ҳунарнамоӣ карданд, бо Квотаи президентӣ сарфароз ва ба оилаи ҷавоне  манзили истиқоматӣ бо асбобу анҷоми рӯзгор муҷаҳҳаз туҳфа намуданд. Чунин дастгириҳо бори аввал нест, чандин нафар духтарони тоҷикободӣ тавассути Квотаи президентӣ дар муассисаҳои олии кишвар таҳсил кардаанд. 
Сокинони ноҳия баробари дигар сокинони ҷумҳурӣ  аз дастгириҳои Пешвои хеш ҳамеша сипосгузоранд ва ҳамин самимияти хоссаи мардум нишони сидқан ҷонибдорӣ намудан аз сиёсати хирадмандонаи Сарвари маҳбуби халқ  мебошад. 
Дар ноҳия ба соҳаҳои маориф ва тандурустӣ диққати махсус дода мешавад. Ин аст, ки дар мавзеи навбунёди даромадгоҳи ноҳия сохтмони мактаби нав оғоз ёфта, бо ташаббуси сокинони деҳаҳои Фатҳобод ва Қалъа дар назди мактабҳои деҳа  биноҳои нави таълимии дорои 6 синфхона бунёд мешаванд. Бинои дуошёнаи Муассисаи таълимии №13-уми деҳаи Сафедмун бо ҷалби шахсони саховатпеша ва шарикони рушд таъмир гардид.   Дар назди муассисаҳои таълимии  рақамҳои 6 ва 10 ошхона, гармхона  бунёд гардида, як бинои таълимӣ пурра  аз таъмири умумӣ  бароварда шуд. Қисми дуюми бинои МТМУ №6-уми деҳоти Нӯшор иборат аз ду бинои дуошёнаи таълимӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар маркази ноҳия бинои хуштарҳу замонавии маркази саломатӣ бунёд гардида, дар шафати он боз як бинои дуошёнаи соҳаи тандурустӣ қомат меафрозад. Дар деҳаи Нӯшори Боло  навсозии  бунгоҳи нав оғоз ёфт.  Аз ҳисоби барномаҳо бо ҷалби шарикони рушд дар деҳаҳои Дараи Нӯшор, Зафаробод, Зарнисор, Сари Най, Сафедмун,  Fанишоб, Себистон бунгоҳҳои нави тиббӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.
Хушбахтона, соли рафта дар самти таъмини аҳолӣ бо оби ошомиданӣ низ корҳои муайян ба анҷом расиданд. Аз ҷумла, сокинони маркази ноҳия, ки солиёни дароз аз таъмини оби нӯшокӣ танқисӣ мекашиданд, бо дастгирии ташкилоти Каритаси Швейтсария аз мавзеъҳои кӯҳдоман ба маркази ноҳия хатти оби ошомиданӣ оварда шуд, ки ин баҳор  тамоми шаҳракро бо оби тоза таъмин хоҳад кард. Инчунин, бо ҳиммати сокинон ва ҷалби шарикони рушд дар деҳаҳои Сафедмун, Сарипул, Нӯшори Поён, Нӯшори Боло, Шарқиён, Ширинчашма, Шинг  аз чашмаҳои кӯҳсор оби нӯшокӣ оварда шуд. Акнун мушкилоти таъмини сокинон бо оби тозаи ошомиданӣ дар тамоми деҳаҳои ноҳия ба пуррагӣ ҳал мегардад. 
Мавриди зикр аст, ки бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия бунёди 101 иншооти таъиноти гуногун дар назар аст. Алҳол 54 иншоот ба истифода дода шуда, дар 47 иншоот   корҳои сохтмонӣ ҷараён доранд. 
Мардуми заҳматпешаи ноҳияи зебоманзари Тоҷикобод соли 2024-ро бо чунин дастовардҳои назаррас ҷамъбаст намуда, бо дили гарму руҳияи баланд, ифтихор аз дастовардҳои азими мамлакат, бо ҳидоятҳои фарзанди фарзонаи миллат, Пешвои муаззам муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соли нав бо умеду бовар қадам мениҳанд. 

Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, 
“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 10.01.2025 №: 8
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив