ДАРЁЕ, КИ ҲАР ҚАТРАИ ОБАШ ТИЛЛОИСТ...
«Аз моҳи майи соли 2027-ум аз ҳисоби истеҳсоли неруи барқ дар «Роғун» ва силсилаи неругоҳҳои дарёи Вахш норасоии неруи барқ дар кишвар пурра бартараф ва Тоҷикистон ба истиқлоли комили энергетикӣ ноил мегардад».
Аз Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон (28-уми декабри соли 2024)
Дар ҳақиқат, дарёи Вахшро барои Тоҷикистон метавон дарёи муқаддас номид. Аз нуқтаи назари гидроэнергетикӣ барои мо он дарёест, ки гӯё ҳар қатра оби он тилло дорад. Аз рӯи ҳисоби мутахассисон, дар ҳар километри дарёи Вахш 12,2 ҳазор киловатт-соат неруи барқ мавҷуд аст. Дар дигар дарёҳо, ки дар онҳо низ неругоҳҳои барқи обии бузург бунёд ёфтаанд, ин таносуб хеле кам мебошад.
Дар дарёҳои Вахш ва Панҷ зиёда аз 75 дарсади захираи неруи барқи ҷумҳурӣ маҳфуз мебошад. Дигар нишонаи барои Тоҷикистон азизу муқаддас будани дарёи Вахш ин аст, ки он аз омезиши дарёҳои Сурхоб ва Хингоб таркиб ёфта, 524 километр дарозӣ дошта, дар ҳудуди Тоҷикистон ташаккул меёбад ва комилан дарёи мо буда, манфиаташ пурра ба мардуми кишварамон мерасад.
Байни сатҳи поёнӣ ва болоии дарё (шохобҳои он) 1834 метр фарқият аст, ки ин шиддати ҷараёни онро афзун ва манфиати гидроэнергетикиашро зиёд менамояд.
Дар неругоҳҳои “Норак”, “Бойғозӣ”, “Сангтӯда-1”, “Сангтӯда-2” , “Сарбанд” , “Шаршара”, “Марказӣ”, ки дар соҳили дарёи Вахш бунёд шудаанд, дар маҷмуъ, соле то 4775,05 МВт неруи барқ истеҳсол мегардад. Як шаҳомати дигари дарёи Вахш он аст, ки дар соҳили он НБО “Роғун” бунёд мешавад. Баъди пурра ба истифода додани НБО “Роғун” ва амалӣ гаштани лоиҳаҳои Неругоҳи барқи обии “Шӯроб”, истеҳсоли неруи барқ дар дарёи Вахш ҳар сол 9175,05 МВт-ро ташкил хоҳад дод. Агар иқтидорҳои аз таҷдиди неругоҳҳои мавҷуда замшавандаро ба назар гирем, ин нишондод боз ҳам афзоиш меёбад. Дар сурати истифодаи пурраи захираҳои энергетикии он, дар як сол аз дарёи Вахш метавон 34 миллиард кВт-соат неруи барқ истеҳсол кард.
Азхудкунии гидроэнергетикии дарёи Вахш солҳои 50-уми асри гузашта оғоз ёфта буд. Дар солҳои 1959-1964 силсилаи неругоҳҳои барқи обии “Сарбанд”, “Шаршара” ва “Марказӣ” ба истифода дода шуданд. Воқеан, дар он солҳо ин силсилаи неругоҳҳои барқи обӣ дар Осиёи Миёна калонтарин буд. Бунёди ин силсиланеругоҳ иқтидори энергетикии моро хеле тақвият бахшид. Дар давоми бист соли баъди Ҷанги Бузурги Ватанӣ, аз соли 1948 то 1968, агар истеҳсоли барқ дар миқёси олам 6 баробар ва дар Иттиҳоди Шуравӣ 12 баробар афзоиш ёфта бошад, дар кишвари мо дар ин муддат 22 баробар зиёд барқ истеҳсол мешуд. Ин ба шарофати силсилаи неругоҳҳои барқи обии Вахш буд. Агар соли 1959 дар РСС Тоҷикистон 1 млрд кВт-соат неруи барқ истеҳсол шуда бошад, дар соли 1968 ин рақам ба 2,5 млрд кВт-соат баробар гардид. НБО “Сарбанд” он солҳо калонтарин дар Осиёи Миёна буд ва дар Тоҷикистон аз ҳама зиёд неруи барқи обӣ истеҳсол мегардид.
Маҳз ба шарофати дарёи Вахш электрикикунонии тамоми хоҷагии халқи мамлакат оғоз ёфт. Акнун неругоҳҳои дизелӣ, ки иқтидори хеле кам дошта, асосан, барои рӯшноӣ додан шабона ба кор дароварда мешуданд, дар сар то сари ҷумҳурӣ барҳам хӯрданд, ба тамоми нуқтаҳои аҳолинишин хатти баландшиддати барқ мекашиданд. Садҳо корхонаву муассисаҳои нав ба кор оғоз намуданд ва иқтисодиёт пеш рафт.
Ин ибтидои кор буд. 5-уми майи соли 1967 дар соҳили дарёи Вахш сохтмони Неругоҳи барқи обии “Норак” – яке аз бузургтарин Неругоҳ дар Иттиҳоди Шуравӣ оғоз ёфт. Бояд гуфт, ки ин Неругоҳ аз ҷиҳати бозёфти муҳандисӣ ва омӯзиши тадқиқоту ба амал татбиқсозии нақша яке аз иншооти нодиртарин ба шумор меравад. Сатҳи максималии обанбори он 107 километр ва фарохиаш 5 километрро ташкил медиҳад ва зиёда аз 40 сол боз он захираи асосии гидроэнергетикии кишвар ба шумор меравад. Ба шарофати НБО “Норак” деҳаи Норак мақоми шаҳрро гирифт, зиёда аз ин, бо назардошти неруи барқи ин Неругоҳ, дар ноҳияи Регар (ҳозира шаҳри Турсунзода) Заводи алюминийи тоҷик бунёд ёфт. Бунёди туннели ирригатсионии Данғара ва шодоб шудани ин дашти асрҳо ташналаб низ аз оби дарёи Вахш аст.
Ба ғайр аз ин, дарёи Вахш яке аз муҳимтарин дарёи обёрикунандаи Осиёи Марказӣ мебошад. Шаҳрҳои Норак, Бохтар, Левакант ва мавзеъҳои зиёди аҳолинишин дар канораи дарёи Вахш ҷойгир шудаанд ва аз захираҳои оби дарё барои нӯшокӣ ва обёрии заминҳо истифода мебаранд. Дар резишгоҳи дарёи Вахш мамнуъгоҳи давлатии «Бешаи палангон» ҷойгир аст, ки барои набототу ҳайвоноти он оби дарё манбаи ҳаёт аст.
... Ин ҳама ҳақиқати фараҳовар моро водор месозад, ки дарёи Вахшро дӯст дорем. Гуфтаҳои боло, ба гумонам, андешаи маро дар бораи он, ки дарёи Вахш, ба масал, дар ҳар қатра обаш тилло дорад ва он барои миллати мо муқаддас аст, пурра собит менамояд. Дарёи Вахш аз фарози кӯҳҳо ибтидо гирифта, аз мавзеъҳои кишвар гузашта, муҳити моро сарсабзу нозанин месозад, муҳимтар аз ҳама, дар шакли нури барқ – неруи хеле муҳим, ки зиндагии моро гуворо мекунад, ба мардум файзу баракат меорад. Ҳар сокини Тоҷикистон, ки чашмонаш аз нигоҳи мавзеи сабзу шукуфон ҳаловат мегирад ва хонааш аз нури барқ чароғон аст, бояд донад, ки ин аз файзу баракати дарёи Вахш мебошад.
Аз ҳама муҳим, ба ғайр аз НБО “Варзоб” дар дарёи Варзоб, ки 9,4 мегаватт иқтидор дорад, НБО “Қайроққум” дар дарёи Сир бо иқтидори 126 мегаватт ва марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе, ки мавсимӣ кор фармуда мешаванд, дигар тамоми неруи барқи мо аз дарёи Вахш истеҳсол мегардад. Ва маҳз ин захираи бебаҳо асоси тараққиёти энергетикӣ, яъне асоси тараққиёти иқтисоди миллии мост.
Нозир ЁДГОРӢ,
нависанда