ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ОМӮЗГОРИИ ТОҶИКИСТОН. БЕҲБУДИ САТҲУ СИФАТИ ТАЪЛИМ ТАҚОЗОИ ЗАМОН АСТ

ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ОМӮЗГОРИИ ТОҶИКИСТОН. БЕҲБУДИ САТҲУ СИФАТИ ТАЪЛИМ ТАҚОЗОИ ЗАМОН АСТ

14 январ 2025, Сешанбе
10
0


Рушду нумӯи соҳаи маориф аз самтҳои авлавиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб меравад. Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ бо дастгириҳои ҳамешагии роҳбарияти олӣ, хоса Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар баробари таҷдиду навсозии муассисаҳои таълимии мавҷуда, инчунин, теъдоди зиёди макотиби оливу миёнаи муосир мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. 

Яке аз макотиби олие, ки дар ин давра обрӯву нуфузи бештар касб намуд, Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ” мебошад. Бояд тазаккур дод, ки он аввалин муассисаи олии таълимии кишвар буда, 18-уми июни соли 1931 таъсис ёфтааст. Тавре ректори Донишгоҳ  Аҳлиддин Ибодуллозода иброз дошт, айни замон Донишгоҳ дорои 11 бинои таълимӣ, 14 факултет, 63 кафедра мебошад ва 16 ҳазору 469 донишҷӯ дар он аз рӯи 89 ихтисос илм меомӯзад. Ҳамчунин, дар ДДОТ 2106 толибилм аз 12 кишвари ҷаҳон таҳсил менамояд.
Роҳбари ин боргоҳи маърифат Аҳлиддин Ибодуллозода зикр намуд, ки дар партави сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати кишвар, 29-уми октябри соли гузашта бо иштироки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави таълимии факултети забон ва адабиёти рус ифтитоҳ гардид. Иншооти таълимӣ аз таҳхона ва 5 ошёна иборат буда, барои таҳсили зиёда аз 1100 донишҷӯ дар ду баст пешбинӣ шудааст. Бино дорои 8 ҳуҷраи корӣ, 14 синфхонаи барҳавои таълимӣ, утоқи лингафонӣ бо 32 ҷойи нишаст, осорхона ва ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад. Чуноне Аҳлиддин Ибодуллозода таъкид сохт, боиси ифтихори мо – аҳли кормадони Донишгоҳ  аст, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми баҳрабардории бинои факултет Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистонро маркази бузурги таълимию илмӣ хонда, саҳми онро дар рушду такомули соҳаи маориф, болоравии сатҳи худшиносии милливу  ифтихори ватандории донишҷӯён ва тарбияи кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ шоиста арзёбӣ карданд.

 
Ҳамчунин, ректори Донишгоҳ гуфт, ки баҳри фароҳам овардани шароити мусоид барои анҷом додани корҳои таҷрибаомӯзии донишҷӯён соли сипаригашта дар боғи агробиолатории Донишгоҳ, ки дар дараи Ромит ҷойгир аст, бинои дуошёнаи наву замонавии муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти ҳозиразамон мавриди истифода қарор гирифт.
Бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Сарвари давлат оид ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар Донишгоҳ марказҳои фарҳангии чинӣ ва кореягӣ таъсис ёфта, ҳамзамон, маркази фарҳангии русӣ аз таъмир баромад ва бо технологияҳои навин таъмин гашт.
Донишҷӯёни Донишгоҳ соли гузашта дар олимпиадаву озмунҳои ҷумҳуриявӣ фаъолона ширкат варзида, ба дастовардҳои назаррас ноил шуданд. Аз ҷумла, моҳи май ДДОТ миёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ  дар бахши фанҳои табиатшиносию риёзии олимпиадаи ҷумҳуриявӣ бо касби се ҷойи 1-ум, ду ҷойи 2-юм, як ҷойи 3-юм мақоми аввалро гирифт. Ҳамчунин, дар давраи ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст”, донишҷӯёни Донишгоҳ дар номинатсияи адабиёти ҷаҳон сазовори ҷойи 1-ум ва дар номинатсияи эҷоди наср соҳиби ҷойи сеюм гардиданд.  Дар Озмуни ҷумҳуриявии “Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” бошад, магистри Донишгоҳ Дилшод Ниёзов мақоми аввалро касб намуд. 
Тавре  Аҳлиддин Ибодуллозода таъкид намуд, раёсати Донишгоҳ дар партави сиёсати маорифпарваронаи  Сарвари давлат  пайваста талош менамояд, ки сатҳу сифати таълиму тарбия беш аз пеш беҳтар гардад ва хатмкардагони ин боргоҳи маърифат бо дониши волои хеш дар равнақи ривоҷи Ватани маҳбубамон саҳми арзандаи хешро гузоранд.
Холназар КАСИРОВ,
узви Конфедератсияи байналмилалии журналистон

Санаи нашр: 14.01.2025 №: 10
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив