ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ВА ИМКОНИЯТИ НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН
Президенти мамлакат дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ 7 самти калидии рушди иқтисоди рақамиро муайян карданд, ки ба такмили қонунгузорӣ, тавсеаи инфрасохтори 5G, рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ, омӯзиши кадрҳо дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ, истифодаи васеи зеҳни сунъӣ, таъмини амнияти киберӣ ва ташаккул додани соҳибкории рақамӣ ва рушди савдои электронӣ равона шудаанд. Ин самтҳо барои муайян намудани стратегияи сиёсиву иқтисодии кишвар дар оянда пешбинӣ шудаанд.
Дар авлавият қарор додани 7 самти дар боло зикршуда барои рушди иқтисоди рақамӣ аз чанд ҷиҳат муҳим аст. Масалан, имрӯз рақамикунонӣ як тамоюли ҷаҳонӣ аст ва кишварҳое, ки ин тамоюлро дастгирӣ мекунанд, имконияти зиёд барои рушди иқтисодии устувор пайдо месозанд. Тоҷикистон низ бояд худро бо ин раванд мувофиқ созад, то дар сатҳи байналмилалӣ рақобатпазир бошад.
Бо гузаштан ба иқтисоди рақамӣ Ҳукумати ҷумҳурӣ нишон медиҳад, ки ба рушди инфрасохтори рақамӣ, татбиқи технологияи нав ва ташаккули фазои мусоиди соҳибкорӣ аҳамияти махсус медиҳад. Ин иқдом метавонад таваҷҷуҳи сармоягузоронро ба кишвар бештар кунад. Рақамикунонӣ дар идоракунии давлатӣ ва иқтисод ба шаффофияти фаъолият мусоидат мекунад, ки яке аз мушкилоти калидӣ дар кишварҳои рӯ ба рушд, аз ҷумла Тоҷикистон аст.
Таъмини амнияти киберӣ ва тавсеаи инфрасохтори технологӣ на танҳо барои рушди иқтисодӣ, балки барои ҳифзи манфиатҳои миллии Тоҷикистон аҳамият дорад, махсусан дар шароити рақобати минтақавӣ.
Таҷрибаи кишварҳои дигар нишон медиҳад, ки рушди рақамикунонӣ ба тавсеаи ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва нуфузи бештар дар бозорҳои байналмилалӣ мусоидат мекунад. Тоҷикистон бо ин ташаббусҳо мехоҳад худро ҳамчун як бозори ояндадор ва маркази технологӣ дар Осиёи Марказӣ нишон диҳад. Кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, имрӯз ҳамчун яке аз бозорҳои ояндадори минтақа шинохта мешаванд. Бо татбиқи ин ташаббусҳо, Тоҷикистон метавонад на танҳо ба самтгирии технологияи рақамӣ суръат бахшад, балки бо инфрасохтори нав ва низомҳои молиявии инноватсионӣ ба яке аз марказҳои муҳими сармоягузорӣ ва рушди технологияҳои молиявӣ дар Осиёи Марказӣ табдил ёбад.
Иқтисодиёти Тоҷикистон рушди динамикиро нишон медиҳад. Тибқи маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, рушди иқтисоди ҷумҳурӣ дар соли 2023 8,3% ва соли 2024 8,4% таъмин гардид. Ин натиҷаҳо муҳим мебошанд ва нишон медиҳанд, ки рушди иқтисодӣ бидуни рақамикунонӣ ва татбиқи технологияҳои инноватсионӣ ғайриимкон аст.
Технологияҳои молиявӣ тағйироти зиёдеро дар манзараи молиявии ҷаҳон ба вуҷуд овардаанд ва Тоҷикистон низ аз ин раванд истисно нест. Дар солҳои охир таваҷҷуҳ ба ҳалли рақамикунонии молиявӣ, ки равандҳои одӣ, аз ҷумла пардохтҳо ва қарздиҳӣ, сармоягузорӣ ва идоракунии молияро тағйир медиҳанд, зиёд шудааст. Афзоиши маъруфияти замимаҳои мобилии бонкӣ, пайдоиши хизматрасониҳои BNPL ва пардохтҳо тариқи QR нишон медиҳанд, ки технологияҳои молиявӣ бахши муҳими ҳаёти рӯзмарра, хусусан барои насли ҷавон гардидааст.
Хулоса, дар замони муосир, рақамикунонӣ ва татбиқи технологияҳои инноватсионӣ дар рушди иқтисоди миллӣ ва минтақавӣ нақши калидӣ мебозанд. Таваҷҷуҳ ба самтҳое, ки Президенти кишвар муайян намуданд, метавонад ба Тоҷикистон имконият диҳад, ки дар бозори иқтисоди рақамии Осиёи Марказӣ ҳамчун пешгом мавқеи худро мустаҳкам намояд. Бо рушди инфрасохтор, такмили заминаҳои ҳуқуқӣ ва омодасозии кадрҳои баландихтисос метавон ба ҳадафҳои стратегии худ дар самти рақамикунонӣ расем.
Дилноз ҲУКМАТУЛЛОЕВА,
“Ҷумҳурият”