РАҲМ БАР ҶОНИ ХУД НАМОЕД!
Дар ҷомеа, агарчи каманд, аммо афроде вуҷуд доранд, ки ҳамеша норозианд ва беихтиёру боихтиёр садо баланд мекунанду мехоҳанд дигарон ҳам аз онҳо пайравӣ бинамоянд. Ин гурӯҳ аз худ ҳам норозианд ва мекӯшанд, ки аз таги нохун чирк биҷӯянд. Вақте садоқат ба воқеият надоранд, онро дидан намехоҳанд, ҳатман саъй ба харҷ медиҳанд, то ба кизбу дурӯғу туҳмат низ рӯ биёранд. Бархе чун ҳақиқатро намешиносанд ва намедонанд, ки ин тоифа беморанду бар асари беморӣ ранҷ ҳам мекашанд, мепиндоранд, ки дар роҳи ростанд. Бехабар аз он ки сироят ёфтаанд.
Орифони гузаштаи мо бар ин асос таъкид доштаанд, ки дидани айби хештан ҳунар аст. Мутаассифона, афроди зикршуда ин ҳунарро надоранд ва норизоӣ, айбҷӯии худро ҳунари воло мепиндоранд. Изҳор ҳам медоранд, ки “мо намунаем ва барои пешрафти ҷомеа саҳми арзанда мегузорем”. Дар ин ҳол аст, ки ҳамаи чорчӯбҳои ахлоқи миллӣ ва умуман инсониро шикастан мехоҳанд ва бо талоши “навоварӣ” обрӯи дурӯғинро хостор мешаванд.
Фикр мекунанд, ки ҳеҷ кас ҷуз онҳо дар бораи пешрафти кишвар, зиндагии шоистаи мардум фикр намекунад. Ҷойи тааҷҷубу таассуф он аст, ки аксари ин афрод маълумоти олии касбӣ, унвонҳои илмӣ доранд. Ҷойи гила ҳам аз ин рӯст.
Ҳанӯз аз хотирам нарафтааст, ки баъди поён ёфтани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ як шахс, ки унвони баланди илмӣ дошт, ба рӯзнома мақолае овард. Дар навиштааш масъалаи мактабҳои замонавии мисли Аврупову Амрикоро матраҳ карда буд. Иҷозаи нашрашро надодем. Чун даъвову норизоӣ кард, ба ӯ фаҳмондем, ки оё медонед, ки чӣ миқдор маблағ барои сохтмони ин гуна мактабҳо лозим аст. Фаҳмондем, ҳарчанд мефаҳмид, ки кишвар нав аз ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ баромадаасту масъалаҳои муҳимтар аз ин, яъне баргардондани гурезаҳои иҷборӣ, барқарор кардани манзили зисти онҳо, таъмини маводи ғизоӣ ва ғайра мебошад. Ҳеҷ қонеъ шудан ва, ҳатто дар ин маврид шунидан намехост. Матлабашро дар як рӯзномаи дигар ба нашр расонд. Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ба он посух гардонд ва муаллифро чун “утопист” хонду вазъи мавҷударо бо таҳлилҳо шарҳ дод. Инчунин, зикр кард, ки дар айни замон барои иҷрои хоҳиши ин “утопист” чандин миллиард доллари амрикоӣ лозим аст.
Ҳолиё ҳам бархе аз ин гурӯҳ як мактаберо агар бубинанд, ки замонавӣ нест, ҷор мезананд ва мехоҳанд ҳама онҳоро бишнаванду зуд ҳамовоз бишаванд. Намеандешанд, ки сохтмони як мактаби замонавӣ маблағи зиёдро хостор асту онро ба нақша бояд гирифт.
Фикр мекунанд, ки танҳо дили онҳо месӯзаду дар ин бора фикр мекунанд. Ҳол он ки давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ нақшаи бунёди мактабҳои замонавиро доранд ва дар иҷрои он сари вақт мекӯшанд.
Дар Паёми навбатӣ Пешвои миллат таъкид доштанд: “Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвар 3670 муассисаи нави таҳсилоти миёнаи умумӣ, 262 муассисаи томактабӣ, 35 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ сохта, ба истифода дода шуд”.
Дар мавриди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ироа доштанд: “Соли 1991 ҳамагӣ 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ба 69 ҳазор донишҷӯ фаъолият мекард. Ҳоло шумораи ин муассисаҳо ба 48 ва донишҷӯёни онҳо ба зиёда аз 214 ҳазор нафар расидааст”.
Бояд эътироф кард, ки “тафовути раҳ аз куҷост то ба куҷо”.
Факту рақамҳое, ки дар Паём зикр шудаанд, худ гувоҳ бар он мебошанд, ки қариб дар тамоми соҳаҳо дар як муддати барои таърих бисёр кӯтоҳ ба дастовардҳои бузург ноил шудаем. Албатта, камбудиҳо низ вуҷуд доранд, аммо Сарвари давлат онҳоро намепӯшонанд, баръакс, ёдовар мешаванд ва барои рафъашон дастуру супоришҳову маслиҳатҳо медиҳанд.
Дар як деҳаи дурдаст нафаре аз ин афроди норизо шикоятро оғоз бахшидааст, аммо як марди нафақагир бо муроҷиат ба ӯ ва аҳли нишаст изҳор доштааст: “Оё шукри будаҳову ҳастҳоро боре кардаем?”. Воқеан, чаро шукр накунем, ки амнияту оромӣ дорем, хосса дар ин давроне, ки дар аксар кишварҳо оташи ҷангро хомӯш карда наметавонанд. Инчунин, баъзе аз абарқудратҳо мехоҳанд он аланга бигирад. Сарвари давлат дар Паём дар ин хусус иброз доштанд: “Вазъи ноором ва равандҳои пуртазоду мураккаб дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон, ки пайомадҳои буҳронии сиёсиву иқтисодӣ доранд, ҳамоно боиси нигаронӣ мебошанд”.
Дидани дастовардҳои бузургу муҳим, мавҷудияти неъматҳои фаровони зарурӣ ва шукргузорӣ кардан аз онҳо давоҳое ҳастанд барои рафъи бемории норизоӣ, айбҷӯӣ.
Афроди норозиву айбҷӯ, тавре зикр гардид, на танҳо ба худ бад мекунанд, балки атрофиёнро низ дар ранҷу азоб мегузоранд. Даврони беморӣ чун биафзояд, ҳалокатовар мешавад ва пеш аз ин гирифторонашро овора аз хону мону ғариб мекунад.
Раҳм агар бар ҷони дигарон надоранд, бар ҷони худ бояд намоянд.
Абдулқодири РАҲИМ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 14.01.2025 №: 10