АҲАМИЯТИ СТРАТЕГИИ РУШДИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ
Фаъолияти соҳибкорӣ дар ҷаҳони муосир воситаи муҳими рушди устувори иқтисодӣ ва таъмини суботи иҷтимоӣ маҳсуб мешавад. Бо роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирии соҳибкорӣ ва таъмини фазои мусоиди сармоягузорӣ самти афзалиятноки сиёсати иқтисодии давлат гардидааст.
Воқеан, саҳми соҳибкорӣ дар таъмини зиндагии шоистаи аҳолӣ тавассути таъмини шуғли пурмаҳсул ва рушди истеҳсолоти ватанӣ назаррас мебошад, зеро ин намуди фаъолият ба навовариҳои илму техника, талабот ва вазъи бозори ҷаҳониву минтақавӣ мутобиқ шуда, барои ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва пешниҳоди хизматрасониҳои баландсифат заминаи муосид фароҳам меорад. Бинобар ин, таҳти сиёсати дурандешонаи Пешвои миллат Ҳукумати мамлакат пайваста ислоҳоти муҳимро дар самтҳои гуногун, ба монанди содагардонии расмиёти бақайдгирии субъектҳои соҳибкорӣ, ҳимоя ва дастгирии соҳибкорону сармоягузорон, такмили низоми андозбандӣ, коҳиши санҷишҳои фаъолияти соҳибкорӣ, ислоҳоти низоми иҷозатдиҳӣ ва иҷозатномадиҳӣ амалӣ менамояд.
Бояд тазаккур дод, ки бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути амалисозии механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ бо истифодаи самараноки сармояи субъектҳои соҳибкорӣ таҷрибаи беназиреро дар рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар ба даст овардааст.
Тавре Президенти кишвар дар Паёми хеш қайд намуданд, саҳми соҳибкорон дар иҷрои нақшаҳои ободониву бунёдкорӣ, аз ҷумла дар сохтмони беш аз 1500 иншооти маориф, 660 иншооти тандурустӣ, 480 иншооти варзишӣ, 175 иншооти фарҳангу фароғат ва иншооти дигари истеҳсоливу иҷтимоӣ хеле назаррас аст.
Яке аз самтҳои муҳими дар Паём ироашуда гузариш ба рақамикунонии ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҷиҳати таъмини шаффофияти муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ ва пешбурди иқтисоди рақамӣ мебошад.
Бо ин мақсад, аз ҷониби Президенти мамлакат ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт пешниҳод гардид, ки солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шавад. Дар доираи ин пешниҳоди саривақтӣ ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ, бахусус ташаккул додани соҳибкории рақамӣ ва рушди савдои электронӣ диққати аввалиндараҷа равона карда мешавад.
Ин ташаббуси Пешвои миллат дорои аҳамияти стратегӣ мебошад ва уфуқҳои навро барои рушди фаъолияти соҳибкории рақамии кишвар мекушояд, зеро соҳибкории рақамӣ ҳамчун шакли муосир ва самараноки фаъолияти иқтисодӣ имкон медиҳад, ки соҳибкорон тавассути платформаҳои рақамӣ молу маҳсулоти худро пешниҳод ва ба бозорҳои ҷаҳонӣ ворид шаванд. Дар ин ҷода, ташаккули инфрасохтори рақамӣ, ба монанди бонкдории рақамӣ, хизматрасониҳои пардохтӣ, шабакаҳои савдои электронӣ ва платформаҳои таълимӣ, заминаи муҳимро барои рушди соҳибкорӣ фароҳам меорад.
Дар идомаи ин сиёсати муваффақ, дар Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми декабри соли 2024 зарурати эълони мораторийи нав таъкид гардид. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10-уми январи соли 2025, № 915 ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ (ба истиснои санҷишҳои мақомоти андоз) то 1-уми январи соли 2027 мораторий эълон шуд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор шудааст, ки дар муҳлати як моҳ санади меъёрии ҳуқуқии дахлдорро таҳия ва пешниҳод намояд, то татбиқи пурраи мораторий таъмин гардад.
Ин ташаббуси Пешвои миллат, ки ба коҳиши санҷишҳои беасосу такрорӣ, рушди соҳибкорӣ, беҳбуди фазои сармоягузорӣ ва таъмини шаффофият равона шуда, омили муҳими таҳкими бахши хусусӣ дар иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ хоҳад буд. Ба андешаи мо, ин ибтикор кафолати татбиқи самараноки стратегияи пешгирифтаи давлатро дар самти иқтисод фароҳам меорад.
Пешвои миллат зимни ироаи Паём таъкид доштанд, ки ҷиҳати таҳкими фазои сармоягузорӣ ва таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои соҳавӣ вазифадор мегардад, ки дар муҳлати се моҳ бо истифода аз маълумоти мушаххасу дақиқ оид ба захираву имкониятҳои мавҷуда, соҳаҳои афзалиятнок ва самтҳои калидии беҳбуди фазои сармоягузорӣ, Стратегияи ҷалби сармояро барои давраи то соли 2040 таҳия намояд.
Стратегияи мазкур бо назардошти талаботи рушди иқтисоди рақамӣ, густариши инфрасохтори сармоягузорӣ, ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ба соҳаҳои афзалиятнок ва ташаккули низоми ҳуқуқии мукаммал заминаи муҳиме барои татбиқи самараноки лоиҳаҳои стратегӣ фароҳам оварда, дар рушди соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, энергетика ва хизматрасонӣ, ки муҳаррики асосии иқтисоди миллӣ мебошанд, нақши калидӣ мебозад. Ин иқдом тавассути шарикӣ бо бахши соҳибкорӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ, ҳамзамон бо такя ба таҷрибаҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ, ба баланд бардоштани рақобатпазирии кишвар дар арсаи байналмилалӣ мусоидат хоҳад кард.
Яке аз масъалаҳои муҳими дар Паёми Пешвои миллат таъкидшуда, зарурати таҷдиди назар дар истифодаи имтиёзи андоз аз фоида барои соҳибкорону сармоягузорон ҳангоми бунёди корхонаҳои нав мебошад. Президенти кишвар зикр намуданд, ки дар айни замон, ин имтиёз аз лаҳзаи бақайдгирии давлатии корхона ҷорӣ мегардад, ки дар натиҷа қисми зиёди муҳлати имтиёзӣ ба давраи сохтмон ва таҷҳизонидани корхона, яъне то оғози фаъолияти истеҳсолӣ, рост меояд. Ин ҳолат имкон намедиҳад, ки соҳибкорону сармоягузорон аз имтиёзҳои муқарраршуда пурра баҳра бардоранд, зеро дар ин давра фоида ҳанӯз ба даст намеояд.
Бо мақсади ҳалли масъалаҳои вобаста ба истифодаи пурраи имтиёзҳои андозӣ аз ҷониби соҳибкорону сармоягузорон ҳангоми бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ, Пешвои миллат ба мақомоти дахлдор дастур доданд, ки дар муҳлати ду моҳ санадҳои дахлдори такмилдиҳандаро таҳия намуда, барои тасдиқ ба Ҳукумат пешниҳод намоянд.
Ин иқдом ба он равона шудааст, ки механизми татбиқи имтиёзи андоз аз фоида такмил ёфта, сармоягузорон ва соҳибкорон тавонанд аз он пас аз оғози фаъолияти истеҳсолии корхона баҳрабардорӣ кунанд. Ин тағйирот имкон медиҳад, ки муҳлати имтиёз ба давраи даромаднокии воқеии корхона мутобиқ шавад, то ки соҳибкорон сармояи бештарро барои рушди истеҳсолот, такмили инфрасохтор ва васеъ кардани иқтидори истеҳсолӣ истифода намоянд.
Ба андешаи мо, амалисозии чунин тадбир на танҳо соҳибкорону сармоягузоронро барои таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ ҳавасманд мекунад, балки ба рушди иқтисоди миллӣ ва афзоиши шумораи ҷойҳои корӣ низ мусоидат менамояд. Таъмини иҷрои чунин тадбирҳо тавассути такмили сиёсати андозӣ ва таъсиси шароити мусоид барои сармоягузорӣ дар соҳаҳои афзалиятнок метавонад ба таҳкими иқтидори саноатии кишвар ва расидан ба ҳадафҳои стратегии рушд саҳми назаррас гузорад.
Ҳамин тавр, таҳлилҳои пешниҳодшуда нишон медиҳанд, ки дастгирии соҳибкорӣ аз ҷониби Пешвои миллат ҳамчун як ҷузъи муҳими сиёсати давлатӣ ба рушди устувори иқтисодӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва таъмини шуғли аҳолӣ равона шудааст. Стратегияҳои амалишуда, ки аз рушди инфрасохтор, дастгирии ҳамаҷонибаи бахши хусусӣ то иқтисоди рақамӣ ва дастгирии занонро дар бар мегиранд, заминаи мусоид барои пешрафти ҷумҳурӣ фароҳам меоранд.
Дар маҷмуъ, сиёсати муваффақи Пешвои миллат ва ҳамкории фаъоли давлат ва бахши хусусӣ имкон медиҳад, ки Тоҷикистон ба иқтисоди рақобатпазир, рушди устувори иҷтимоиву иқтисодӣ ноил гардида, дар минтақа ва ҷаҳон мавқеи худро боз ҳам баланд бардорад.
Убайдулло АСРОРЗОДА,
ректори Донишгоҳи байналмилалии
сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон,
доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор