РАҲНАМОИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА
(Илҳом аз Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олӣ)
Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон таҳти раҳбариву раҳнамоии одилонаву оқилонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сӯйи пояндагиву шукуфоӣ раҳ паймуда, давра ба давра дар миқёси минтақаву ҷаҳон ба сифати давлати пешрафтаву рӯ ба инкишоф мақому мавқеи худро мустаҳкамтар менамояд.
Дар арафаи соли 2025-ум мо – сокинони кишвар ва кулли тоҷикони бурунмарзӣ, бо як эътибору эътимоди қавӣ ба ояндаи пурсаодат шоҳиди Паёми навбатии Ҷаноби Олӣ ба Маҷлиси Олӣ ва мардуми шарифи кишвар гардидем. Паёми имсола шукӯҳи хосса дошт, зеро бори аввал дар толори тозабунёду боҳашамати Парлумони кишвар, ки чанд муддат пештар ба истифода дода шуд, бо иштироки беш аз 1,5 ҳазор намояндагону меҳмонон сурат гирифт.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки бо вуҷуди он ки вазъи олам ноором буда, шиддат гирифтани мухолифатҳои сиёсӣ мушоҳида мешавад, бо амалӣ намудани стратегияву барномаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ Тоҷикистон дар марҳалаи нави тараққиёт қарор дошта, ба дастовардҳои назаррас ноил мегардад. Ба таъбири Сарвари давлат, «мардуми мо мисли халқҳои дигар мамолики мутамаддин ҳуқуқи маънавии зиндагии шоистаро доранд» ва муҳайё намудани ин зиндагӣ аз ҳадафҳои олии сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ба шумор рафта, дар ин замина «нақшаҳои бузурги созандагӣ роҳандозӣ» шуда истодаанд.
Дар Паём ба таъкид омад, ки рушди иқтисоди кишвар дар соли 2025-ум дар сатҳи на кам аз 8 дарсад таъмин карда шавад. Дар сурате ки ин нишондиҳанда дар панҷ соли охир 7,7 дарсадро ташкил медод. 8 дарсад таъмин намудани рушди иқтисоди кишвар дар як сол аз иқтидори иқтисодиву имкониятҳои рушди босуботи иқтисодӣ миллӣ паём мерасонад.
Як самти таҳлили Президенти давлат ба маърифати молиявии шаҳрвандон ва фарҳанги андозсупорӣ ихтисос дошт, зеро ташаккули мафҳумҳои мазкур аз омилҳои асосии татбиқи самараноки сиёсати андозу буҷет, аз ҷумла гузариш ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ, ноил гардидан ба устувории молиявии давлат ва рушди иқтисодӣ мебошад.
Бо мақсади вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ аз ҷониби Сарвари мамлакат пешниҳод гардид, ки солҳои 2025-2030 Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон карда шавад.
Бо мақсади таъмини гузариш ба технологияҳои рақамӣ ва тайёр кардани мутахассисони барномасозу барномарез дар заминаи Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионии шаҳри Кӯлоб таъсис додани Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ низ аз падидаи масарратбахш ба шумор меравад.
Рушди босуботи кишвар ва ғаниву устувор гардидани буҷети давлат ба амалӣ намудани стратегия оид ба саноатикунонии босуръати кишвар муҳим арзёбӣ шуд. Таъкид гардид, ки дар натиҷаи тасъсиси беш аз 2040 корхонаи саноатӣ ва беш аз 74 ҳазор ҷойи кор дар панҷ соли охир маҳсулоти саноатии кишвар аз 27 миллиард ба 53 миллиард расонда шуд, ки наздики ду баробар зиёд мебошад.
Истиқлоли энергетикии кишвар ва бад-ин васила рушди устувори иқтисоди миллӣ дар чанд соли охир дар меҳвари таҳлилу баҳодиҳии Пешвои миллат қарор дорад. Гуфта шуд, ки ба ҷуз суръат бахшидан ба корҳои сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун», ки дар Осиёи Марказӣ назир надорад, таъмиру азнавсозии агрегатҳои неругоҳҳои «Қайроққум», «Норак», сохтмони Неругоҳи «Себзор» бомаром идома дошта, дар соли 2025-ум иқтидори мавҷудаи энергетикии кишвар 180 мегаватт зиёд мегардад. Илова бар ин, дар вилояти Суғд сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 200 мегаватт оғоз мешавад.
Паём дода шуд, ки аз моҳи майи соли 2027-ум аз ҳисоби истеҳсоли неруи барқ Тоҷикистон ба истиқлоли комили энергетикӣ хоҳад расид.
Як самти сиёсати маънавибунёди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баланд бардоштани вазъи иҷтимоии кормандони буҷетӣ, хосатан омӯзгорону олимон ва дигар табақаи ҷомеа, ба шумор меравад. Дар Паёми навбатӣ низ Сарвари давлат бо эҳсосоти баланди инсондӯстӣ иброз доштанд, ки «ҳамаи пешравию пирӯзии ҳар як давлат ва ҷомеаро мактабу маориф ва илму дониш таъмин мекунад». Аз ин хотир, баланд бардоштани музди меҳнат, нафақа ва идрорпулӣ ва, дар маҷмуъ, зиёд намудани даромади пулии аҳолӣ дар маркази таваҷҷуҳи давлат, хосатан Пешвои миллат, қарор дорад.
Такмили маҳорати касбии омӯзгорон, ташкили омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз зинаи таҳсилоти томактабӣ, рушди босуботи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва ғайра муҳим арзёбӣ гардид. Аз тарафи Пешвои миллат таъкид шуд, ки «сабаби асосии бадбахтии ҳар як миллат ва давлат эътибор надодан ба сифати мактабу маориф, саҳлангорӣ кардан ба тарбияи кӯдак аз хурдсолӣ ва фароҳам наовардани муҳити мусоид барои таълиму тарбия мебошад». Ҳамзамон, хулоса шуд, ки «сифати давлат на ба шумораи аҳолӣ, балки ба сифати аҳолӣ вобаста мебошад».
Дар Паёми имсола таваҷҷуҳи бандаро таъбиру истилоҳоти зер ба худ ҷалб намуданд, ки онҳоро метавон мафҳумҳои калидии Паёми соли 2024-ум номзад намуд: «ҳуқуқи маънавии зиндагии шоиста», «нақшаҳои бузурги созанда», «суръати рушди иқтисоди миллӣ», «сармояи инсонӣ», «маърифати молиявии шаҳрвандон», «фарҳанги андозсупорӣ», «рушди сармояи инсонӣ», «истиқлоли комили энергетикӣ», «кишвари транзитӣ», «рушди сайёҳии дохилӣ», «рушди соҳаи кишоварзӣ», «рушди саноати сабук», «баланд бардоштани музди меҳнат», «рушди соҳаи маориф», «соҳибкасб намудани аҳолии кишвар», «иззату эҳтироми зан», «кишвари пешрафтаву неруманд». Агар таваҷҷуҳ намоем, мафҳуми нерубахшу ҳаётсози «рушд» дар ибораҳои боло мақоми хосса дошта, дар Паёми 2024-ум хусусияти калидӣ касб кардааст.
Мо – сокинони кишвар, бовар ба он дорем, ки бо сарвариву раҳбарии Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯтоҳтарин муддат Тоҷикистон, ба таъбири устод Фарзона, ба «сарзамини атласиву оҳарӣ» табдил ёфта, сокинон ба зиндагии шоиставу сазовор мерасанд. Ба ин маънӣ Паёми соли 2024-уми Сарвари давлатро метавон барномаи мукаммали зиндагии шоистаи ҳамватанон номзад намуд.
Мусо ОЛИМҶОНОВ,
доктори илмҳои филология